Муҳоҷири тоҷик гуфт, ки чаро ба интихобот нарафт

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Як муҳоҷири тоҷик аз Санкт-Петербург мегӯяд, эҳтимол ба ҷойи ӯ дар интихоботи президентии 11-уми октябр модараш овоз дода бошад. Абдуваҳҳоб Идиев гуфт, имрӯз барояш рӯзи корӣ буд ва натавонист дар интихобот иштирок кунад. Ӯ мегӯяд, ба интихобот низ чандон таваҷҷӯҳ надошт. Аммо мақомоти тоҷик дар Русия мегӯянд, ҳазорон нафар муҳоҷири тоҷик дар ин кишвар дар интихобот овоз доданд. Мисли Абдуваҳҳоб садҳо муҳоҷир дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштанд. ки ба интихобот нарафтаанд.