Даҳҳо сокини шаш бинои мутааллиқ ба ширкати "Комил-2010" дар маҳаллаи "Зарафшон"-и шаҳри Душанбе иддао доранд, ки ҳафт сол инҷониб дар ин хонаҳо зиндагӣ мекунанд, вале то ҳол бино аз сӯи шаҳрдорӣ қабул нашудааст.
Маҳмадсаид Зувайдзода, муовини аввали шаҳрдори Душанбе, гуфт, "биноҳо камбуди зиёд доранд ва ширкати сохтмонӣ муваззаф аст, аввал норасоиҳоро бартараф кунад".
Дар санадҳои расмӣ, ки дар ихтиёри Радиои Озодӣ низ ҳаст, муассиси ширкати "Комил 2010" Зуҳуров Сиёвуш Бегович, писари Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқа зикр шудааст. Талошҳои мо барои гирифтани назари ӯ то ин дам бенатиҷа буд. Бег Сабур дар суҳбатҳои пешинааш вуҷуди камбудҳоро дар ҷараёни сохтмони биноҳо рад кардааст.
ШИКОЯТИ СОКИНОН
Шаш бинои 14-ошёна дар шафати роҳи мошингарди Нусратулло Махсум дар маҳаллаи "Зарафшон"-и шаҳри Душанбе (ҳудуди ноҳияи Сино) ҷойгир аст. Ин биноҳо соли 2013 сохта шудаанд, аммо на рақам доранд ва на дар ҷое сабт шудаанд.
Нигина Шарифова, омӯзгор ва сокини яке аз ин биноҳо, ба Радиои Озодӣ гуфт, зиндагиашон дар ин манзил ба мисли шахсони бе ҷойи зист аст: "Хона камбудҳои зиёд дорад. Масалан, ҷойи бозии кӯдакон нест. Дохили биноҳо обод нашудаанд. Комиссия қабул накардааст. Чанд бор ба ҳукумати шаҳр муроҷиат кардем, мутаассифона, натиҷа надод."
Сокинон мегӯянд, набудани сабти расмии маҳалли зист дар зиндагиашон мушкилоти бисёр эҷод кардааст. Зарифмо Торибекова, сокини дигаре аз ин биноҳо мегӯяд, ба далели надоштани суроғаи расмӣ наметавонанд ҳатто "Ёрии таъҷилӣ" ва ё хадамоти таксиро даъват кунанд.
Ӯ гуфт, "чанде пеш модарам бемор шуд. Мошини "Ёрии таъҷилӣ"-ро даъват кардем. Бо раҳёб ҳам натавонистанд, хонаи моро пайдо кунанд."
Ронандаҳои таксӣ мегӯянд, дар комютерҳои онҳо ин биноҳо зери унвони "хонаҳои Бег Сабур" номнавис шудаанд ва дар сурати фармоиш ва дақиқ кардани маҳалли зист ин суроға аён мешавад.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
МАҚОМОТ: АЗ САНҶИШ НАГУЗАШТААСТ
Бинои баландошёнае, ки ҳамагӣ чанд сол пеш бунёд шудааст, ба харобшавӣ сар кардаанд. Таҳхонаи биноҳо пур аз об аст. Саодат Зиякова, сокини дигаре аз ин биноҳо мегӯяд, бо ин ҳол хадамоти шаҳрӣ гирифтани маблағ барои об ва баровардани партовҳоро фаромӯш намекунанд. "Ҳафт сол шудааст, ки худро дар ҷойи дигар сабтином мекунем. 240-250 сомонӣ медиҳем. Маълумотнома зарур мешавад, сарсон мешавем. Мо на дар заминем, на дар осмон", -- гуфт ӯ.
Мақомоти шаҳрдории Душанбе мегӯянд, аз мушкили сокинони биноҳои баландошёна дар маҳаллаи Зарафшон хабар доранд. Ба гуфтаи Маҳмадсаид Зувайдзода, муовини аввали шаҳрдори Душанбе, мушкили асосӣ дар он аст, ки ширкати сохтмонӣ дар бунёди манзил камбудҳои зиёд дорад ва бо ин сабаб комиссияи давлатӣ биноҳоро қабул накардааст.
Зувайдзода гуфт, "соҳибмулкон худашон медонанд, ки биноҳо на аз санҷиши гурӯҳи корӣ гузаштаанд, на аз комиссияи давлатӣ. Ширкати сохтмонӣ бояд биноро аз комиссияи корӣ дар назди ҳукумати ноҳия гузаронад. Баъд қарори раиси шаҳр омода мешавад ва аз комиссияи давлатӣ мегузарад."
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
СОҲИБОНИ ШИРКАТ ЧӢ МЕГӮЯНД?
Сокинон мегӯянд, ҳар бор ба ширкати "Комил 2010" барои баратарф кардани камбудҳо ва аз қайди давлатӣ гузаронидани бино муроҷиат мекунанд, вале дар иваз танҳо ваъда мегиранду бас.
Дар санадҳои расмӣ муассиси ширкати сохтмонии "Комил 2010" Зуҳуров Сиёвуш Бегович, писари Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ном бурда шудааст. Ширкатро даҳ сол пеш барои "истеҳсоли қум, сангреза, рег, шағал ва иҷрои корҳои сохтмонӣ" таъсис додаанд. Талошҳои мо барои пайдо кардани соҳибони ширкат ва ҳамчунон худи Бег Сабур то ин дам бенатиҷа буд.
Бег Сабур дар суҳбати соли гузаштааш бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ширкате, ки зери назари ӯ ба сохтмони манзил сарукор дорад, ҳеч гоҳ талош намекунад барои анҷоми сохтмон саросема шавад. Зеро ба гуфтаи ӯ, "бехатарӣ ва амнияти биноҳо муҳимтар аст".
Навор аз бойгонии Радиои Озодӣ:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Баръакс, дар нимаи соли ҷорӣ Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон гуфта буд, агар ширкати "Комил-2010" камбудҳо дар сохтмонҳояшро ислоҳ накунад, дар муддати кӯтоҳ литсензия ё муҷаввизи фаъолияти он бозпас гирифта мешавад. Хулосаи ниҳоии Кумита ҳанӯз маълум нест.