Вокуниши номзадҳое, ки беш аз 1 миллион имзо ҷамъ оварданд, вале 330 ҳазор овоз гирифтанд

Чаҳор номзади интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон, ки Кумисюни марказии интихобот онҳоро "мағлуб" эълон кард, гуфтанд, ба натиҷаҳои овоздиҳӣ эътироз надоранд.

Онҳо дар оғози интихобот ба тарафдории худ, дар маҷмуъ, беш аз як миллион имзо ҷамъ оварда буданд, вале ба иттилои Кумисюни марказии интихобот, ҳамагӣ 330 ҳазор раъйи мардумро соҳиб шудаанд. Онҳо ба суоли онки чаро фарқ миёни имзоҳои ҷамъоварда ва раъйҳои гирифтаашон зиёд аст, посух надоданд.

Раиси ҷумҳури феълии Тоҷикистон, ки 28 сол инҷониб дар сари қудрат аст, рӯзи 12-уми октябр дигарбора аз ҷониби КМИР барандаи интихобот эълон шуд. Мунтақидони Раҳмон мегӯянд, номзадҳои ҳақиқиро ба интихобот роҳ надоданд ва маъракаи сиёсӣ бе рақобати воқеӣ гузашт.

Мироҷ Абдуллоев, раиси Ҳизби коммунист, ба иттилои КМИР, дар интихобот раъйи камтарини мардум ё 1,17 дарсади овозҳоро соҳиб шудааст. Дар ҳоле ки қаблан Кумисюни марказии интихобот гуфта буд, ба тарафдорӣ аз роҳбари коммунистон 5 дарсади мардум имзо мондаанд ва ин ба тақрибан 260 ҳазор кас баробар аст.

Раиси Ҳизби коммунист мегӯяд, аз раъйе, ки ба ӯ додаанд, "қонеъ" аст. "Дар ҳақиқат, шахсиятеро, ки интихоб кардем, шахсияти таърихӣ аст ва ҳама ҳаёти ҷомеа аз он вобаста аст. Мо, коммунистон, умед дорем, ки президент ҳизби коммунистро дастгирӣ мекунад," -- афзуд Мироҷ Абдуллоев.

Се номзади дигари интихоботи президентӣ низ ба монанди роҳбари коммунистҳо гуфтанд, ба камтар аз панҷ дарсади раъй, ки ба онҳо додаанд, қаноат мекунанд. Рустам Латифзода, номзади Ҳизби аграрӣ мегӯяд, "мардум чунин раъйи худро муайян карданд ва мо онро эътироф мекунем."

Рустам Раҳматзода, раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ ҳам айни гапро такрор кард. Ба суоли мо дар бораи онки чӣ гуна панҷ дарсади мардум ба тарафдории онҳо имзо монданд, вале ҳеч яке аз онҳо ҳамон панҷ дарсади раъйро ҳам нагирифт, посухи рӯшан надоранд.

Абдуҳалим Ғаффорзода, раиси Ҳизби сотсиалистӣ, мегӯяд, "инро аз худи мардуми Тоҷикистон пурсидан лозим аст. Ман дар даруни кабинети овоздиҳӣ набудам, ки сабаби онро донам. Сабаби ин дар он аст, ки мардум ҳамин қадар қабул карданд. Модоме ки мардум қабул карданд, ин қобили қабул аст."

Бар асоси қонунгузории Тоҷикистон номзад ба мақоми президентӣ танҳо дар сурате сабти ном мешавад, ки 260 ҳазор ё панҷ дарсади раъйдиҳандагон ба тарафдории ӯ имзо гузошта бошанд.

Номзадҳои интихоботи президентӣ гуфтанд, дар рӯзи интихобот ягон ҳолати тақаллубро мушоҳидаву ошкор кардаанд, вале бархе аз сокинон чанд ҳолати тақаллуб, аз ҷумла овоздиҳии як нафар ба ҷойи чанд узви оиларо шоҳид шудаанд. Чанд корбари Радиои Озодӣ навиштанд, ки феҳрасти сокинон нест ва агар нафаре хоҳад, дар 10 нуқта ҳам метавонад, овоз диҳад.

Бо ин вазъ, Кумисюни марказии интихобот ва номзадҳо вуҷуди тақаллуб дар рӯзи интихоботро тасдиқ намекунанд. Бо эълони натиҷаҳои интихобот, Эмомалӣ Раҳмон вориди панҷумин марҳилаи президентӣ мешавад.

Раҳмон дар интихоботҳои президентии солҳои 1994, 1999, 2006 ва 2013 ҳам ғолиб эълон шудааст. Тарафдорони Эмомалӣ Раҳмон ба ин назаранд, ки набояд хидматҳои ӯро нодида гирифт.

Мухолифони Раҳмон мегӯянд, мақомот ба иштироки номзадҳои мустақил дар интихобот иҷозат намедиҳанд ва ҷараёни овоздиҳӣ ҳам зери назари мақомот ва бо тақаллуб мегузарад. Масъулони Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсӣ ҳамеша чунин назарҳоро рад кардаанд.

Нозирони интихоботӣ аз кишварҳои дӯст бо Тоҷикистон, аз ҷумла аз кишварҳои муштаркулманофеъ мисли солҳои пешина гуфтаанд, ки интихобот бе қонуншиканиҳои ҷиддӣ сурат гирифт. Нозирони ғарбӣ гуфтаанд, то кунун ҳеч яке аз интихоботҳои Тоҷикистон шаффофу холисона ва мувофиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ сурат нагирифтаанд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Эмомалӣ Раҳмон аз интихоботи президентии ахир бояд чӣ паём бигирад?Кумисюни интихоботӣ гуфт, Эмомалӣ Раҳмон 90.92 % раъйро ба даст овард ва пирӯз шуд. ВИДЕОМардум хостаҳояшон аз президенти Тоҷикистонро гуфтандИнтихоботи президентии Тоҷикистонро баргузоршуда эълон карданд