Кумисюни интихоботӣ гуфт, Эмомалӣ Раҳмон 90.92 % раъйро ба даст овард ва пирӯз шуд. ВИДЕО

Эмомалӣ Раҳмон 26 сол боз раиси ҷумҳури Тоҷикистон аст.

Комиссияи марказии интихоботи Тоҷикистон эълон кард, ки раиси ҷумҳури феълӣ Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи рӯзи 11-уми октябр 90.92 дар сади раъйи мардумро ба даст оварда, пирӯз шудааст.

Бахтиёр Худоёрзода, раиси Комиссия рӯзи 12-уми октябр дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе бо эълони натиҷаҳои пешакии интихобот гуфт, ба тарафдории Эмомалӣ Раҳмон бештар аз 3 миллиону 837 ҳазор нафар раъй додаанд.

Ӯ афзуд, аз миёни чаҳор номзади дигар, ки дар интихобот ширкат доштанд, Рустам Латифзода, аз Ҳизби аграрӣ пас аз Эмомалӣ Раҳмон раъйи бештар гирифтааст.

Ба гуфтаи ӯ, ба тарафдории Рустам Латифзода аз Ҳизби аграрӣ 3,03 дарсади мардум ва ё бештар аз 127 ҳазор нафар раъй додаанд. Мироҷ Абдуллоев аз Ҳизби коммунист 1.17 дар сад ва ё раъйи бештар аз 49 ҳазор нафарро ба даст овардааст.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Комиссияи интихоботӣ гуфт, Эмомалӣ Раҳмон боз президент шуд

Ба тарафдории Абдуҳалим Ғаффорзода аз Ҳизби сотсиалист 1.49 дар сад Рустам Раҳматзода аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ 2.15 дар сад овоз додаанд. Бахтиёр Худоёрзода гуфт, ки дар интихобот бештар аз 85 дар сади мардум ширкат кардаанд.

Бахтиёр Худоёрзода гуфт, доир ба қонуншиканиҳои ҷиддӣ дар интихобот гузорише нагирифтаанд, ҳарчанд Радиои Озодӣ дар бораи раъйдиҳӣ аз номи дигарон хабар ва далелҳои возеҳ ба даст овард.

Яке аз корбарон бо номи Фирдавс аз ҷумла дар вебсайти Радиои Озодӣ навиштааст, дар ҷое, ки раъй дод, бесарусомонӣ ба назар мерасид. Ӯ навиштааст: "Ягон феҳрасти сокинон нест, яъне ҳар кас метавонад, биёяд ва раъй диҳад. Агар ман ба 10 қитъаи овоздиҳӣ рафта, 10 бор раъй диҳам, касе парво надорад. Марзро боз кунед, ман ба Русия меравам ва дигар барнамегардам."

Теъдоде аз корбарон қабл аз рӯзи интихобот дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам навиштанд, ки ҳеч даъватномае барои ширкат дар интихобот нагирифтанд. Раиси Комиссияи марказии интихобот гуфт, дар ин корзори сиёсӣ 4 миллиону 221 ҳазор нафар ширкат карданд, аммо Раҳматулло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, ки интихоботро таҳрим кардааст, мақомотро ба дурӯғгуӣ муттаҳам кард.

Ӯ дар саҳифааш дар Фейсбук бо муроҷиат ба раиси ҷумҳур, Маҷлиси олӣ ва Комиссияи марказии интихобот гуфт, "эълони комиссия, ки гуфт, то соати 15 тақрибан 71 дар сади мардум раъй додаанд, дурӯғ аст."

"Шумо бояд объективӣ ва хоксортар бошед. Шумо наметавонед, ба ин дараҷа ба дурӯғгӯӣ ва тақаллуб машғул шавед. Ин ба кӣ лозим аст?", -- навиштааст Зоиров.

Мухолифони ҳукумати Тоҷикистон, аз ҷумла Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ интихоботро ғайриқонунӣ номидаанд. Паймони Миллии Тоҷикистон як эътилофи гуруҳҳои мухолиф низ моҳи сентябр бо нашри як баёнияи расмӣ гуфт, ки "интихобот ғайриқонунӣ аст, чун ба меъёрҳои байналмилалӣ мувофиқат намекунад."

Суҳроб Зафар, раҳбари созмони Гуруҳи 24 гуфт, ки онҳо натиҷаҳои интихоботи раёсати ҷумҳуриро қабул надоранд, зеро онро ғайриқонунӣ мешуморанд. Ӯ дар як паёми видеоӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, мавқеи онҳо баъди соли 2016 аз замони эълони Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси пешвои миллат тағйир наёфтааст.

“Сабаби қабул накардани интихоботи президентӣ ва натиҷаи он аз ҷониби ҳаракати сиёсии Гуруҳи 24 тибқи ойинномаи мо аст. Мо инро на танҳо дирӯзу имрӯз, балки соли 2016 баъди гузаронидани референдуми қалбакӣ, иваз кардани сарқонун ва додани унвони пешвои миллат ба Эмомалӣ Раҳмон маҳкум карда будем. Дар қиёс ҳеч ҳамсоякишвари мо пешвои миллат надоранд, аммо ба маротиб зиёд аз мо пешрафт мекунанд. Бо суръати баланд, чӣ аз лиҳози иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва сиёсӣ бошад. Ва дур не. Дар асри 21 ҳам мо шоҳиди чунин нафароне шудем, ки курсиҳоро ғасб карда буданд ва ба худ дар интихоботҳо ба 80-90 фоиз овоз медоданд, аммо дар фурсати кутоҳ аз ҷониби худи ҳамон мардум боз сарнагун гаштанд.”

Президент дар Тоҷикистон дар ҳафт сол як дафъа интихоб мешавад ва номзади пирӯз ҳақ дорад, ду бор пайиҳам дар интихобот иштирок кунад. Бар асоси тағйироте, ки соли 2016 ба Конститутсия ворид карда шуд, Эмомалӣ Раҳмон унвони "Пешвои миллат"-ро гирифт ва ҳақ дорад, бемаҳдудият дар интихоботҳои президентӣ ширкат кунад.

Ширкати чаҳор нафар номзад ба мақоми раиси ҷумҳур аз аҳзоби дигарро, ки ҳама аз сиёсатҳои раиси ҷумҳур ҳимоят мекунанд ва ҳеч баҳсу мунозираи сиёсӣ ҳам надоштанд, намоишӣ номида ва гуфтаанд, ки онҳоро фақат барои "рақобатӣ ва демократӣ" вонамуд кардани интихобот ба ин корзори сиёсӣ ҷалб кардаанд.

Нозирони интихоботӣ аз кишварҳои дӯст бо Тоҷикистон, аз ҷумла аз кишварҳои муштаркулманофеъ мисли солҳои пешина гуфтаанд, ки интихобот бе қонуншиканиҳои ҷиддӣ сурат гирифт. Нозирони ғарбӣ гуфтаанд, то кунун ҳеҷ яке аз интихоботҳои Тоҷикистон шаффофу холисона ва мувофиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ сурат нагирифтаанд.

Эмомалӣ Раҳмон, ки бори аввал соли 1994 ва дар замони авҷи ҷанги панҷсолаи дохилӣ раиси ҷумҳур интихоб шуд, 26 сол аст, ки дар Тоҷикистон ҳукумат мекунад. Ӯ ду сол раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон буд. Солҳои ахир ӯро барои саркӯб кардани мухолифони боқимонда, маҳдуд кардани озодии баён, фишор ба расонаҳои мустақил танқид мекунанд.

Бо вуҷуди муноқишаҳои пароканда дар чанд соли гузашта, дар Тоҷикистон сулҳ ва суботи пойдор мондааст, вале ба гуфтаи таҳлилгарон мушкилоти иқтисодӣ, таназзул дар соҳаи маорифу паст рафтани сатҳи дониш, муҳоҷирати корӣ аз хатарҳои афзоянда ба ояндаи кишвар далолат мекунанд.

Ба гуфтаи онҳо, аҳолии 9 миллионнафарии Тоҷикистон, ки бештар аз нисфаш ҷавонон ҳастанд ва хотирае аз ҷанги вайронгар надоранд, бекории фарогир Раҳмонро зери фишор мегузорад, то чораҳое барои ислоҳи вазъ ва беҳтар кардани вазъи мардум биандешад. Чанде аз раҳгузарон дар Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки аз президенти оянда чӣ мехоҳанд ва чӣ интизороте доранд:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Мардум хостаҳояшон аз президенти Тоҷикистонро гуфтанд

Интихобот имсол дар замони пандемияи бемории COVID-19 сурат гирифт ва Комиссияи марказии интихобот гуфт, ки тамоми чораҳои заруриро барои роҳ надодан ба густариши вирус андешидааст.

Ҳарчанд дар баъзе аз ҳавзаҳои раъйдиҳӣ қабл аз вуруд ҳарорати бадани мардумро месанҷиданд ва дастони онҳоро бо маҳлул безарар мекарданд, вале фосилаи иҷтимоӣ на дар ҳама қитъаҳо риоят мешуд. Дар Тоҷикистон ба гуфтаи мақомот коронавируси нав ба бештар аз 10 000 нафар сироят карда, боис ба марги 79 нафар шудааст.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Ахбори Озодӣ: Аз эълони натиҷаҳои интихобот то интизориҳои мардумИнтихоботи президентии Тоҷикистонро баргузоршуда эълон кардандЗойиров мегӯяд, интихоботро назорат дорад. Иргашов аз паси кори худ аст. САДО"Баъзе аз муҳоҷиронро бо автобус оварданд". Овоздиҳии тоҷикон дар хориҷа чӣ гуна гузашт?Тоҷикистон то Эмомалӣ Раҳмон чанд президент дошт? ВИДЕОДовталабони мансаби президенти Тоҷикистон дар интихоботҳои гузашта киҳо буданд? ВИДЕО