Номзад ба мақоми вакилии порлумони Қирғизистон аз Ҳизби "Бутун Қирғизистон" Омурбек Суваналиев гуфтааст, дар робита ба ҳаводиси ахири кишвараш фаъолияти ниҳодҳои қудратиро ҳамоҳанг хоҳад кард.
Омурбек Суваналиев дар суҳбат бо бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфт, мақоми муовинии котиби Шӯрои амнияти Қирғизистонро дубора бар зимма гирифта, барои назорати тартибот ва амнияти ҷамъиятӣ аллакай чора меандешад.
"Дар бораи маҳалли будубоши кунунии президент хабар надорам. Аммо ҳоло ба ҳайси муовини котиби Шӯрои амният дар доираи қонун корҳои ин ниҳодро пеш мебарам. Дар ҳоли ҳозир бахши тартибот ва амниятро ҳамоҳанг мекунам. Мелис Турганбоев (номзади дигар ба мақоми вакилӣ аз Ҳизби "Замондош") ба вазифаи худ дар мақоми Хадамоти иҷрои ҷазо баргашт. Вазифаҳои коменданти Бишкекро муваққатан бар зиммаи Курсан Асанов гузоштем", - изҳор дошт Суваналиев.
Асанов ҳамроҳи Суваналиев аз сӯи Ҳизби "Бутун Қирғизистон" ба мақоми вакилии порлумони ин кишвар пешниҳод шуда буданд. Курсан Асанов соли 2019 бо айби "хиёнат ба манфиатҳои милитсия" аз мақоми муовинии вазири умури дохилии Қирғизистон озод ва зиддаш се парванда боз шуда буд, ки ҳоло онҳоро додгоҳ баррасӣ дорад.
Манбаъ мегӯяд, ки номзад ба мақоми вакилии порлумон аз Ҳизби "Бир Бол" Алмамбет Шикмаматов, иҷрокунандаи вазифаи Додситони кулли Қирғизистон таъйин шудааст.
Шикмаматов гуфт, ки натоиҷи интихоботи порлумонӣ бекор карда шуд, вале замони нави интихобот ҳанӯз таъйин нашудааст. Ӯ ҳамчунин ваъда додааст, ҳамаи онҳое, ки дар тақаллуби густурдаи интихоботӣ даст доранд, боздошт хоҳанд шуд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Эътирозгарон дар Қирғизистон бинои порлумон, дафтари президент ва КДАМ-ро "гирифтаанд". ВИДЕО, АКСЯк кушта ва даҳҳо захмӣ дар даргириҳои шаби гузашта
Бар асари даргириҳои шаби гузашта дар Бишкев як нафар ҷон бохта ва даҳҳо нафар ба бемористон интиқол дода шудаанд. Бахши қирғизии Радиои Озодӣ бо такя ба маркази матбуоти Вазорати тандурустии Қирғизистон навишт, қурбонӣ як марди осиёӣ аст, ки ҳувияти ӯ то ба ҳол маълум нашудааст.
Ба гуфтаи мақомот, то соати 8-и субҳи 6-уми октябр ба 590 нафар кӯмакҳои аввалияи тиббӣ расонида шудааст. 150 нафар дар бемористон бистарӣ шудаанд, ки 13 нафарашон дар бахши эҳё қарор доранд.
Сӯхтор дар "Кохи Сафед"
Тибқи охирин гузоришҳо, "Кохи Сафед"-и Бишкек, ки шаби гузашта зери назорати эътирозгарони натиҷаҳои интихоботи порлумонии Қирғизистон даромада буд, оташ гирифтааст. Дар онҷо дафтари президент ва бинои порлумони Қирғизистон ҷойгир аст.
Ба иттилои бахши қирғизии Радиои Озодӣ, оташсӯзӣ аз табақаи савуми бино оғоз шуда ва дуди сиёҳ аз тирезаҳо берун мешавад. Манбаъ мегӯяд, ду мошини оташнишонӣ дар маҳал машғули кор ҳастанд ва талош доранд оташро хомӯш кунанд.
Ҷеенбеков куҷост?
Дар ҳамин ҳол, Толгонай Стаматалиева, сухангӯи дафтари раёсати ҷумҳури Қирғизистон изҳор доштааст, ки президент Сооронбой Ҷеенбеков вазъро зери назар дорад ва ибрози итминон кардааст, ки "ҳама нерӯҳои сиёсӣ манфиатҳои кишварро болотар аз манфиатҳои худ медонанд ва парокандагии ҷомеа иҷозат намедиҳанд". Ба гуфтаи сухангӯи дафтари раёсати ҷумҳури Қирғизистон, президент Сооронбой Ҷеенбеков дар ҳоли ҳозир дар Бишкек қарор дорад.
Доманаи нооромиҳо ба дигар минтақаҳои Қирғизистон доман паҳн кардааст ва тибқи гузоришҳо, ҷонибдорони президент Сооронбой Ҷеенбеков субҳи 6-уми октябр дар майдони марказии шаҳри Ӯш ҷамъ омадаанд.
Ба иттилои хабарнигори Бахши қирғизии Радиои Озодӣ дар Ӯш, дар назди ҷамъомадагон номзади ҳизби "Биримдик" Бекмурза Эргашев суханронӣ кардааст. Ширкатдорон ба зарурати ҳифзи низоми кунунӣ таъкид карда ва гуфтаанд, ки зиндагии мардум дар даврони раҳбарии Ҷеенбеков беҳбуд ёфтааст.
Раҳоии президент ва сарвазири пешин
Бахши қирғизии Радиои Озодӣ субҳи 6-уми октябр иттилоъ дод, ки раиси ҷумҳури пешин Алмосбек Отамбоев, ки дар бинои Кумитаи Давлатии Амнияти Миллӣ нигоҳ дошта мешуд, раҳо шудааст.
Отамбоев 23 июни соли равон дар доираи парвандаи ғайриқонунӣ озод шудани соҳибнуфузи олами ҷиноӣ Азиз Ботукаев 11 солу 2 моҳ зиндонӣ ва аз мукофотҳои давлатии "Данакер", "Манас" дараҷаи II ва медали "Данк" маҳрум карда шуда буд.
Эътирозгарон шаби гузашта бинои Кумитаи Давлатии Амниятии Миллии Қирғизистонро низ "гирифтаанд". Бар асоси гузоришҳо, нирӯҳои вижа, ки ин биноро муҳофизат мекарданд, ҳамраъйии худро бо мардуми норозӣ баён доштаанд.
Эътирозгарон ҳамчунин сарвазири пешини зиндонии Қирғизистон Сафар Исҳоқов ва собиқ вакили порлумони Қирғизистон Содир Жапаровро, ки соли 2018 ба муҳлати 11 сол зиндонӣ шуда буд, озод карданд. Вакили дифои Исҳоқов - Замир Жоошев гуфт, сарвазири пешин бо талаби эътирозгарон озод карда шудааст.
Дар майдони марказии "Ала-Тоо"-и шаҳри Бишкек 5 октябр зидди натиҷаҳои интихоботи порлумонии 4 октябр тазоҳуроти бидуни муҳлат оғоз шуд. Эътирозгарон бекор кардани натиҷаҳо ва баргузории интихоботи навро талаб карданд. Дертар, шаби 5 ба 6 октябр тазоҳургарон бинои порлумон, дафтари президент ва бинои Кумитаи амнияти миллии Қирғизистонро тасарруф карданд.