Бино ба гузориши бахши қирғизии Радиои Озодӣ, мардуми норозӣ аз натиҷаҳои интихоботи порлумонии Қирғизистон нимашаби 6-уми октябр "Кохи Сафед"-и Бишкекро "тасарруф кардаанд". Дар онҷо порлумон ва дафтари раёсати ҷумҳурии Қирғизистон воқеъ аст.
Сухангӯи президенти Қирғизистон ба хабаргузории АКИpress гуфтааст, Сооронбой Ҷеенбеков дар Бишкек қарор дорад. Ба қавли ӯ, "Ҷеенбеков то соати дуи шаби 6-уми октябр дар бинои Жогорку Кенеш буд ва бо ҳамаи нирӯҳои сиёсӣ муколамаи алоҳида дошт."
Эътирозгарон бинои Кумитаи Давлатии Амниятии Миллии Қирғизистонро низ "гирифтаанд". Бар асоси гузоришҳо, нирӯҳои вижа ҳамраъйии худро бо мардуми норозӣ баён доштаанд.
Норозиён аввал рӯзи 5-уми октябр дар майдони Ала-Тоо ҷамъ омада, хостори бекор кардани натиҷаҳои интихоботи рӯзи якшанбе шуданд. Дар он интихобот аксаран ҳизбҳои тарафдори президенти Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков, раиси ҷумҳури рӯ ба Русия, ба порлумон роҳ ёфтаанд.
Нирӯҳои амниятии Қирғизистон шоми 5-уми октябр таҷаммӯи эътирозгаронро бо истифода аз гази ашковар ва обпошу норинҷакҳои гиҷкунанда пароканда карданд, вале тазоҳургарон дубора ба майдон баргаштанд. Дар задухӯрд байни норозиён ва нирӯҳои интизомӣ даҳҳо нафар захмӣ шудаанд.
Аксҳо аз дохили "Кохи Сафед":
Пеш аз он ки норозиён бинои порлумон ва ҳукуматро ишғол кунанд, раиси ҷумҳури Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков гуфта буд, субҳи 6-уми октябр бо раҳбарони ҳизбҳои сиёсӣ гуфтугӯ хоҳад кард.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Рӯзи 5 октябр дар Бишкек чӣ гузашт?
Фаъолон ва ҷонибдорони даҳ ҳизби сиёсӣ дар Қирғизистон, аз ҷумла "Ота Макон", "Республика", "Замондош", "Сотсиал-демократ" ва "Реформа" рӯзи 5-уми октябр дар майдони Ала-Тоои Бишкек ҷамъ омаданд. Онҳо иддао карданд, ки интихоботи рӯзи гузашта бо тақаллуб олуда буд ва харидани раъйи мардум мушоҳида шуд.
Баъд аз он ки баъзе аз тазоҳургарон кӯшиш карданд, ба ҳудуди бинои ҳукумат ворид шаванд, пулиси зидди шӯриш бо истифода аз зӯр онҳоро пароканда кард. Бархе аз тазоҳургарон, аз ҷумла Ҷанарбек Акаев, номзад ба мақоми вакили порлумон аз Ҳизби "Ота Макон", маҷруҳ шудаанд. Ҳамҳизбонаш гуфтанд, ӯ баъд аз гирифтани ёрии аввали тиббӣ дубора ба назди эътирозгарон баргаштааст.
Вазорати умури дохилии Қирғизистон дар баёнияе гуфт, тазоҳурогарон кӯшиш карданд, "тартиботи ҷамъиятиро ба ҳам зананд" ва мақомот "бо ҳадафи ҳифзи оромӣ ва амнияти сокинон бо ёрии обпошҳо ва маводи гиҷкуннада онҳоро пароканда карданд".
Бо вуҷуди он ки тазоҳургаронро аз майдонҳои марказии Бишкек дур ронданд, даргирӣ миёни норозиён ва нирӯҳои амниятиву пулис дар кӯчаҳои дигари Бишкек идома кард.
Харидани раъйи мардум баҳс барангехт
Ҷанарбек Акаев аз Ҳизби "Ота Макон" ва Мирлан Ҷенчороев аз Ҳизби "Республика" гуфтанд, ки раҳбарони дувоздаҳ ҳизб аз Кумисюни марказии интихобот хостаанд, натиҷаҳои интихоботро бекор кунад. Эътирозҳо ба зидди натиҷаҳои интихобот дар шаҳрҳои дигари Қирғизистон, аз ҷумла Талас ва Норин баргузор шуд.
Ба назар мерасад, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо иддаои мухолифонро пуштибонӣ мекунад. Созмон 5-уми октябр гуфт, "дар умум интихобот хуб баргузор мешуд ва номзадҳо метавонистанд озодона таблиғоти худро анҷом диҳанд, аммо иддаои харидани раъйи мардум як нигаронии ҷиддӣ аст."
Кӣ пирӯз шуд?
Рӯзи 4-уми октябр дар Қирғизистон интихоботи порлумонӣ баргузор шуд. Ба 120 курсии порлумон наздик ба 2 ҳазор номзад аз 16 ҳизби сиёсӣ даъво доштанд. Кумисюни марказии интихоботии он кишвар хабар дод, ки танҳо чаҳор ҳизби сиёсӣ садди 7-дарсадиро гузаштаанд.
Ба иттилои расмӣ,
- "Биримдик" 24,5%,
- "Мекеним Қирғизистон" 23,88%,
- "Қирғизистон" 8,76%
- ва "Бутун Қирғизистон" 7,13% раъйи мардумро соҳиб шудаанд.
Дастикам се ҳизби пирӯз дар интихобот тарафдори ҳукумат гуфта мешаванд. Ҳизби "Мекеним Қирғизистон" бо хонаводаи сарватманди бонуфуз Раим Матраимов робитаи наздик дорад. Як таҳқиқоти рӯзноманигорӣ ошкор карда буд, ки Матраимов миллионҳо долларро аз Қирғизистон ба берун бурда, силсилаи тиҷоратҳоро дар Туркия ва кишварҳои дигар ба роҳ мондааст.
Аз миёни ҳизбҳои мухолиф "Бутун Қирғизистон" садди ҳафтдарсадиро гузаштааст. 12 ҳизби дигари вориди сабқат натавонистаанд, раъйи кофӣ ба даст биоранд.
Ба "ҷазираи демократия" чӣ шуд?
Ҳизби мухолифи "Ота Макон" интихоботи рӯзи якшанберо “интихоботи ифлостарин” дар таърихи Қирғизистон номид. Масъулони ҳизб гуфтанд, дар қитъаҳои раъйдиҳӣ дар саросари кишвар қонуншиканиҳои зиёдро сабт карданд.
Аз соли 1990 Қирғизистонро "ҷазираи демократия" дар Осиёи Марказӣ меномиданд, аммо солҳои ахир раҳбарияти Қирғизистон дар чаҳорчӯби Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ва эътилофи низомии Паймони Амнияти Дастҷамъӣ робитаашро бо Русия тақвият бахшидааст. Сороонбой Ҷеенбеков чанд рӯз пеш аз интихобот низ дар Сочи бо раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин вохӯрд.
Интихоботи порлумонӣ дар Қирғизистон замоне баргузор шуд, ки шумори гирифторони бемории COVID-19 дар ин кишвар афзудааст ва дар баъзе аз минтақаҳо дубора маҳдудиятҳоро ҷорӣ мекунанд.