Мақомоти тоҷик иддао доранд, ки истиқлолият шароити рушд ва истифодаи комил аз забони давлатӣ-тоҷикиро фароҳам кардааст. Аммо соҳибназарон мегӯянд, ки дар фановариҳои навин тоҷикон ҳамчунон ба гунаи замони шӯравии пешин водор мешаванд аз истилоҳоти забонҳои ғайр истифода кунанд.
Бо гузашти 31 сол аз қабули қонуни забони давлатӣ ва такмили он дар соли 2009, корбарони забони давлатӣ дар Тоҷикистон водор мешаванд аз истилоҳоти мухталиф ва умдатан истилоҳҳои хориҷӣ дар фановариҳои навин истифода кунанд. Соҳибназарон мегӯянд, ки то ҳол забоншиносон феҳрасти ягонаи ин истилоҳотро таҳия накардаанд ва ҳар кас тибқи завқу дониши худ аз он истифода мекунад.
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон имрӯз дар пайёми шодбошии худ дар робита ба Рӯзи забони тоҷикӣ зикр кардааст, ки ҳатто қабули қонуни забони тоҷикӣ дар таҳрири нав дар соли 1989 "дар инкишофи забони давлатӣ гардиши куллиро таъмин карда натавонист".
Вай афзудааст, ки "махсусан, вазъи истилоҳоти илмҳои табиӣ, дақиқ ва техникӣ моро водор месозад, ки ба масъалаи таҳияи дастуру китобҳои илмӣ дар самти зикршуда эътибори ҷиддӣ диҳем".
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Рустам Гулов, блогери тоҷик бар ин назар аст, ки дар шароити рушди ҳамарӯзаи фановариҳо, ҷойгузин кардани чаҳорчӯбаи дақиқе барои истилоҳоти фановариҳои навин зарур нест. "Бо роҳи маҷбурӣ ин кор ба роҳ монда намешавад.,-мегӯяд ин блогери тоҷик.
Рустам Гулов афзуд, ки коршиносон аз чанд сол қабл вожаномаҳои истилоҳоти фановариҳои навинро таҳия кардаанд, вале бо ин вуҷуд ҳам корбарон аз истилоҳоти забони тоҷикӣ кам истифода мекунанд. Ба эътиқоди ин блогери тоҷик, сабаби ин амр ба камбуди мӯҳтаво ба забони тоҷикӣ рабт доштааст.
Соҳибназарон мегӯянд, ки раванди таҳияи вожаномаҳои истилоҳоти фановариҳои навин бояд якҷо бо забоншиносон ва коршиносони арсаҳои мухталифи фановариҳои нав сурат бигирад. Ба гуфтаи Асомиддин Атоев, коршиноси арсаи фановариҳои компютерӣ ва иттилоотӣ, омӯзиши истилоҳоти ин бахш ба забони тоҷикӣ бояд аз замони таҳсил дар мактабҳо шурӯъ шавад.
Ӯ мегӯяд, агар талаба дар мактабхониаш ба забони модарӣ истилоҳоти фановариҳоро биомӯзад, дарки фановариҳо барояш бамаротиб осон мешавад ва аз ин роҳ вай ҳадафу вижагиҳои фановариҳои навинро беҳтар азхуд мекунад.
Асомиддин Атоев афзуд, ки ҳоло омӯзиши фановариҳои навин яке аз ҳадафҳои мақомоти Тоҷикистон аст, аммо қонунгузории кишвар истифода аз дастгоҳҳои иттилоотӣ, аз ҷумла, телефонҳои ҳамроҳ ё ҳушманд дар муассисаҳои омӯзиширо маҳдуд кардааст.
Дар чунин вазъ, ба гуфтаи Атоев, наврасон водор мешаванд, ки донишҳои худ дар арсаи фановариҳои навинро аз ҳамсолонашон дар кӯча биомӯзанд. Дар ин сурат, ба эътиқоди ҷаноби Атоев, дониши наврасон дар бораи фановариҳо комил намешавад ва метавонад ҷавононро ба самти нодуруст равона созад.
Аз сӯи дигар, коршиносон таъкид мекунанд, ки истилоҳоти фановариҳо бояд аз забонҳои асл тарҷума ва дар вожаномае ба корбарон пешниҳод шавад. Зеро, тарҷумаи ин истилоҳот аз забони дувум метавонад муҳтавои маҳдуд дошта ва ба таври комил мазмунро ифода накунад.
Ёдовар мешавем, ки забони тоҷикӣ ҳанӯз соли 1989 дар замони вуҷуди Иттиҳоди Шӯравӣ дар пайи тақозои рӯшанфикрони тоҷик мақоми давлатӣ гирифт ва нахуст аз ин забон "тоҷикӣ-форсӣ" ном бурда мешуд. Аммо соли 2009 дар таҳрири нави ин қонун вожаи "форсӣ" ҳафз карда шуд.
Корбарони азиз!
Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!