ССКА ҷоизадори биринҷӣ шуд, "Локомотив-Помир" Лигаи олиро тарк кард

Мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ ба анҷом расид. Баъди натиҷагирии бозиҳои даври охирин - ҳаждаҳуми мусобиқа, ки рӯзи якшанбеи 4-уми октябр доир гардид, барандаи медалҳои биринҷӣ ва дастаи дувуми Лигаи олиро таркнамуда маълум шуданд.

Барои ҷойи севум дастаҳои ССКА-и Душанбе, «Кӯктош»-и Рӯдакӣ ва «Хатлон»-и Бохтар довталаб буданд. ССКА дар бозии охиринаш дар меҳмонӣ дастаи “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷандро бо ҳисоби 2:1 шикаст дод. Се имтиёзи дар ин бозӣ бадастоварда ба бошгоҳи футболи Вазорати мудофиаи Тоҷикистон имкон дод, ки дар ҷадвали мусобиқа ҷойи севумро азони худ карда, барандаи медалҳои биринҷӣ шавад. ССКА дар 18 бозӣ 29 имтиёз гирифт, ки ин нисбат ба“Кӯктош” як имтиёз ва нисбат ба “Хатлон” се имтиёз зиёд аст.

“Кӯктош”, ки дар меҳмонӣ бар “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода бо ҳисоби 4:2 ғолиб омад, бо касби 28 имтиёз дар ҷойи чаҳорум қарор гирифт. «Регар-ТадАЗ», ки бо касби 12 имтиёз дар ҷадвали мусобиқа дар зинаи охирин – даҳум – ҷойгир шуд, соли оянда дар Лигаи аввал бозӣ хоҳад кард. Зимнан, “Регар-ТадАЗ”, қаҳрамони ҳафткаратаи Тоҷикистон, бори аввал дар таърихи худ Лигаи олиро тарк намуд.

Боз як дастае, ки аз рӯи натиҷагирии мавсими соли 2020 бо Лигаи олӣ хайру хуш кард, дар бозии даври охирин миёни дастаҳои «Файзканд»-и Восеъ ва «Локомотив-Помир»-и Душанбе маълум шуд. “Файзканд”, ки дар ин дидор дар майдони худ бо ҳисоби 1:0 ғолиб омад, дар ҷадвали мусобиқа бо касби 19 имтиёз ҷойи ҳафтумро соҳиб шуд ва мавқеашро дар Лигаи олӣ нигаҳ дошт. Вале “Локомотив-Помир”, ки бо касби 14 имтиёз дар зинаи пешазохирин – нӯҳум қарор гирифт, ба Лигаи аввал мегузарад.

”Хатлон”, ки бозии охиринашро дар сафар бо “Истаравшан”-и шаҳри Истаравшан бо ҳисоби мусовии 1:1 анҷом дод, бо 26 имтиёз дар ҷадвали мусобиқа ҷойи панҷумро ишғол кард. Зимнан, ҳамлагари “Истаравшан” Илҳом Баротов, ки дар бозии охирин боз як гол зад (ӯ ҳисобро аз ҷаримаи 11-метрӣ ё пеналтӣ дар дақиқаи 60-ум кушод), дар рӯйхати беҳтарин нишонзанҳои мусобиқаи имсола бо 18 тӯб ҷойи аввалро соҳиб шуд.

Боз як бозии даври ҳаждаҳум миёни ду дастаи пойтахти кишвар -“Душанбе-83” ва “Истиқлол” - бо пирӯзии қаҳрамони Тоҷикистон бо ҳисоби 2:1 хотима ёфт. Вале натиҷаи ин бозӣ мавқеи дастаҳоро дар ҷадвали мусобиқа тағйир надод.

“Истиқлол”, ки дар 18 бозӣ 45 имтиёз ба даст овард, дар ҷадвали мусобиқа мақоми аввалро азони худ кард. “Истиқлол”, ки бори нӯҳум қаҳрамони Тоҷикистон гардид, бо медалҳои тилло мукофотонида хоҳад шуд.

«Хуҷанд», ки бо касби 35 имтиёз дар ҷадвали мусобиқа ҷойи дувумро ишғол намуд, бо медалҳои нуқра сарфароз мегардад.

Ба ин тартиб, мусобиқаи 29-уми қаҳрамонии Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ ба поён расид. Ба иллати пандемияи COVID-19 бозиҳо дар варзишгоҳҳо бе ҳузури тамошогарон баргузор шуд.

Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 18-ум

«Файзканд» – «Локомотив-Помир» – 1:0

Гол: Ҳоҷиакбар Узоқов, 90+4.

Аз майдон хориҷ шуданд: Сиёвуш Асроров («Локомотив-Помир»), 77 – рафтори хашин, Дилшодҷон Баротов («Файзканд»), 81 – корти 2-юми зард.

Беҳтарин бозигари дидор: Ҷасур Қурбонов («Файзканд»).

Сардовар: Хуршед Дадобоев (Хуҷанд).

4 октябр. Кӯлоб. Варзишгоҳи марказӣ.

«Душанбе-83» – «Истиқлол» – 1:2

Голҳо: Агблей Ҷонс, 38 (1:0). Манучеҳр Ҷалилов, 74 (1:1). Манучеҳр Ҷалилов, 84 (1:2).

Беҳтарин бозигари дидор: Азимҷон Қараев («Душанбе-83»).

Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак).

4 октябр. Ваҳдат. Варзишгоҳи марказӣ.

«Хуҷанд» – ССКА – 1:2

Голҳо: Ҷаҳонгир Эргашев, 67 (1:0). Алишер Баротов, 74 – ба дарвозаи худ (1:1). Шервонӣ Мабатшоев, 80 (1:2).

Беҳтарин бозигари дидор: Шервонӣ Мабатшоев (ССКА).

Сардовар: Абдулло Давлатов (Шаҳринав).

4 октябр. Хуҷанд. Варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон».

«Истаравшан» – «Хатлон» – 1:1

Голҳо: Илҳом Баротов, 60 – аз пеналтӣ (1:0). Тони Бикатал, 64 (1:1).

Аз майдон хориҷ шуд: Саиддостон Фозилов («Истаравшан»), 30 – рафтори хашин.

Беҳтарин бозигари дидор: Илҳом Баротов («Истаравшан»).

Сардовар: Беҳрӯз Муртазоев (Душанбе).

4 октябр. Истаравшан. Варзишгоҳи марказӣ.

«Регар-ТадАЗ» – «Кӯктош» – 2:4

Голҳо: Акбари Шелдарӣ Ораш, 17 (1:0). Мбеке Диеудони, 26 (1:1). Азизбек Султонов, 58 (1:2). Ёқубҷон Аҳмадов, 69 – ба дарвозаи худ (1:3). Мбеке Диеудони, 89 (1:4). Фатҳулло Бобоев, 90+3 – аз пеналтӣ (2:4).

Аз майдон хориҷ шуд: Қурбоналӣ Бобоев («Кӯктош»), 90+1 – корти 2-юми зард.

Беҳтарин бозигари дидор: Мбеке Диеудони («Кӯктош»).

Сардовар: Хусрави Сиддиқзод (Душанбе).

4 октябр. Турсунзода. Варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена».

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали ниҳоии мусобиқа

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Истиқлол» (Душанбе)

18

14

3

1

61-11

45

2

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

18

11

2

5

30-23

35

3

ССКА (Душанбе)

18

8

5

5

29-25

29

4

«Кӯктош» (Рӯдакӣ)

18

7

7

4

30-24

28

5

«Хатлон» (Бохтар)

18

6

8

4

27-24

26

6

«Душанбе-83» (Душанбе)

18

5

5

8

20-29

20

7

«Файзканд» (Восеъ)

18

4

7

7

17-31

19

8

«Истаравшан» (Истаравшан)

18

4

5

9

29-38

17

9

«Локомотив-Помир» (Душанбе)

18

3

5

10

14-26

14

10

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

18

3

3

12

21-47

12

Нишонзанҳои беҳтарин: Илҳом Баротов («Истаравшан») – 18 тӯб, Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол») – 16 тӯб, Алишер Ҷалилов («Истиқлол») – 12 тӯб, Шериддин Бобоев («Истиқлол») – 10 тӯб.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!