Бархе омӯзгорони тоҷик дар рӯзи иди касбияшон, ки 4-уми октябр таҷлил мешавад, аз шароити номусоиди корашон изҳори нигаронӣ карданд. Омӯзгорон мегӯянд, азбаски музди корашон кам аст, ба дигар корҳо низ рӯ овардаанд ва наметавонанд, нерӯи худро пурра сарфи таълими бачаҳо кунанд.
Масъулони соҳаи маориф мегӯянд, шароити кору зиндагии омӯзгорон дар муқоиса ба солҳои пеш беҳтар шудааст ва ҳимояти иҷтимоиву иқтисодии ин қишри муҳими ҷомеа аз авлавиятҳои кори ҳукумат аст.
Муҳаммадюсуф Имомзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон рӯзи 2-юми октябр дар паёми табрикӣ ба муносибати Рӯзи омӯзгор, афзоиши 15 дарсадии маоши омӯзгоронро аз зумраи иқдомҳое номид, ки барои дастгирии муаллимон андешидаанд. Музди кори онҳоро ҳукумат аз моҳи сентябр зиёд кард. Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 1-уми сентябр зимни суханронӣ дар ҳузури муаллимон гуфт: “Соли 2020 барои соҳаи маориф 5 миллиарду 689 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки он 19,2 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ ва 5,7 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил медиҳад.”
Дар Тоҷикистон дар 3893 мактаби таҳсилоти умумӣ 124 593 омӯзгор кор мекунад, ки аз ин 74046 нафарашро занон ташкил медиҳад. Садҳо омӯзгори дигар дар донишгоҳу коллеҷ ва муассисаҳои таълимии дигар дарс мегӯянд ва музди кори онҳо низ зиёд нест.
"Бояд деҳқонӣ ҳам кунам"
Бегиҷон Иззомов, як омӯзгори тоҷик мегӯяд, мехоҳад, тамоми нерӯяшро барои таълими бачаҳо ва кори омӯзгорӣ сарф кунад, аммо барои таъмини рӯзгор маҷбур аст, кори дигаре ҳам кунад. Мегӯяд, дар баробари кори мактаб, деҳқониву чорводорӣ низ мекунад, зеро 1300 сомонӣ маош ба зиндагӣ намерасад.
Омӯзгори 62-сола дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, дар Рӯзи иди касбияшон ягона орзуяш ин аст, ки шароити кору зиндагии муаллимон беҳтар шавад: “Маоши омӯзгор тавре муқаррар шавад, ки ба зиндагияш расад ва дигар аз қафои кишту кор, нигоҳубини чорво, муҳоҷирату дигару дигар наравад, як маоше гирад, ки бо асаби ором фақат кори омӯзгорияшро кунад.”
Иззомов, ки таҷрибаи 40-солаи омӯзгорӣ дорад, аз шароити корашон дар замони Шӯравӣ ба ёд оварда, гуфт, “он замон 150-200 cӯми он давраро мегирифтем, арзонӣ буд ва пасандоз ҳам мекардем, вале ҳоло бо маоше, ки мегирем, зиндагӣ мушкил аст. Дар хонавода 9 нафарем, бубинед нархҳо чӣ гуна боло рафтанд, як халта орд дар Панҷ то 250-280 сомонӣ аст.”
Омӯзгори собиқадор имтиёзҳои зиёди дигари он замон барои муаллимонро баршумурд, ки ба гуфтаи ӯ, барои ҳаёти осудаи муаллимон дода буданд: “Дар Шӯравӣ ҳар гуна имтиёзҳо доштем, масалан роҳхат мегирифтем, ки ягон истироҳатгоҳ рафта дам гирем, аз андози замин озод будем, барои пардохти хизматрасониҳои коммуналӣ кӯмак мекарданд. Имрӯз аз ин гуна имтиёзҳо маҳрумем.”
Гурези омӯзгорони ҷавон аз мактаб
Бегиҷон Иззомов мегӯяд, дар баробари он ки дар мактаби № 40-и Панҷ аз фанни таърих дарс медиҳад, раҳбарии ин муассисаро низ бар дӯш дорад ва ҳаёти омӯзгоронро хуб медонад. Ӯ гуфт, омӯзгороне ҳастанд, ки аз 480 то 580 сомонӣ маош мегиранд ва яке аз сабабҳое, ки ҷавонон зуд корро тарк карда, роҳи муҳоҷирати кориро мегиранд, нарасидани пул аст: “Кори омӯгорӣ заҳмати зиёдро талаб мекунад, ҷавонон меоянд, зиёд сабр накарда, бас карда, ба муҳоҷират мераванд”. Баъзе аз омӯзгорони ҷавон тасдиқ карданд, ки бо маошу шароите, ки доранд, наметавонанд, зиёд кор кунанд ва маҷбуранд, ба дигар корҳо гузаранд.
Айни замон мақомот мегӯянд, ки ба омӯзгорон имтиёзҳо додаанд, то зиндагиашон беҳтар шавад. Шаҳлохон Мирзоева, муовини мудири Шӯъбаи маорифи шаҳри Конибодом мегӯяд, барои омӯзгорони ҷавон имтиёзҳо ба монанди додани қитъаи замини хонасозӣ ва қарзҳои бефоиз пешбинӣ шудааст. Ӯ гуфт, соли равон беш аз 100 омӯзгори ҷавон ба кор омадаанд ва баъзе ҳам аз ин имтиёзҳо баҳра бурдаанд, лекин гуфт, ӯ “ғайри ҷавонон барои дигар омӯзгорон ҳоло имтиёзе нест”.
Рӯзи 2-юми октябр чанде аз омӯзгорон ба Радиои Озодӣ аз мушкилиҳои дигаре ба монанди обунаи иҷборӣ ба баъзе аз нашрияҳои давлатӣ, ҷалби онҳо ба маъракаҳои ҷашнӣ сӯҳбат карданд.
Гоҳе омӯзгорони тоҷикро ба фасодкорӣ ва бемасъулиятӣ дар таълиму тарбияи хонандагон муттаҳам мекунанд. Як омӯзгори ҷавон, ки нахост номаш бурда шавад, гуфт, музди ками омӯзгор боис шудааст, имрӯз бархе ҳамкасбонаш дастнигарӣ шогирдон шаванд : “Бо 1200 сомонӣ маош дар Душанбе чӣ хел зиндагиро пеш бурдан мумкин, агар омӯзгор ҳадди аққал 4-5 ҳазор сомонӣ гирад, фикр намекунам, ки дигар аз касе пул талаб кунад”.
Қаҳрамонии омӯзгорон
Рӯзи 2-уми октябр дар саҳифаи фейсбуки Радиои Озодӣ ба муносибати Рӯзи омӯзгор пурсида шуд, ки ба омӯзгорон чӣ таманно дореду чӣ гуфтан мехоҳед. Бештари корбарон посух доданд, ки коре, ки омӯзгорон бо маоши кам анҷом медиҳанд, қаҳрамонист ва хостори афзоиши маоши муаллимон шудаанд. Коршиносон мегӯянд, ки интиқодҳо аз сатҳи таълиму тарбия беҷо нест, вале барои беҳтар кардани он бояд ғами муаллимро ҳам хӯрд.
Мунира Иноятова, собиқ вазири маорифи Тоҷикистон мегӯяд:“Ҳар як омӯзгор масъулияти худро назди миллат бояд эҳсос кунад, зеро он чӣ ки мо тарбия мекунем, ба пешрафти давлату миллат марбут аст. Албатта вақте масъулияти муаллим мегӯем, масъулияти ҷомеаву далатро низ дар назар дорем, зеро идораи соҳа аз маоши дуруст сар мешавад.”
Иноятова афзуд, омӯзгор дар ҷомеаи Тоҷикистон ҳануз ҳам обрӯву эътибор дорад ва ба онҳо чунин гуфтанист, ки “дар баробари вақти касбӣ, вақти инсонӣ ҳам дошта бошанд ва фарзанди мардумро нағз таълиму тарбия диҳанд”.