“Нони оҳанин”-- филми Радиои Озодӣ

Маҳбуба Ғаниева ҳамроҳ бо фарзандонаш

Беморӣ ва мушкилиҳои рӯзгор қомати Маҳбуба Ғаниева, сокини шаҳри Кӯлобро хам ва чеҳраашро пурожанг кард, вале талошҳои ӯро барои зиндагӣ кам насохт.

Рӯзгори ӯро дар ин филм бубинед.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

“Нони оҳанин”--филми Радиои Озодӣ аз рӯзгори як зан

Ӯ 45 сол дорад, вале ба зоҳир пиртар аз синнаш намудор мешавад. Соли 2000-ум Маҳбуба бо ҷавоне аз ноҳияи Вахш издивоҷ кард. Шавҳараш соли 2012 аз бемории саратони сар фавтид. Маҳбуба бо ду духтар ва як писари хурдсолаш манзили шавҳарашро дар баҳс бо бародари ӯ аз даст дод. Ӯ ба зодгоҳаш баргашт ва дар каноре аз шаҳри Кӯлоб манзилеро ба иҷора гирифт.

Маҳбуба мегӯяд, ба хотири фарзандонаш зиндагӣ дорад ва онҳоро бо меҳнати ҳалол бузург мекунад. Писари 18-солааш барои кор ба Русия рафтааст. Дар шароити пандемия на ҳамеша ӯ имкони пул фиристодан дорад. Маҳбуба Ғаниева бо ду духтари хурдсолаш оҳанпора ҷамъ мекунанд ва ба ин васила нон пайдо мекунанд.

Бо дархости афроди саховатпеша, ки барои кумак ба Маҳбуба Ғаниева изҳори омодагӣ кардаанд, шумораи телефони ӯро инҷо мегузорем: +992 93 125 26 80