Трамп ва ҳамсараш ба COVID-19 гирифтор шудаанд

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико бо ҳамсараш.

Раиси ҷумҳури Амрико Доналд Трамп эълон кард, ки натиҷаи озмоиши КОВИД-19-и вай ва ҳамсараш мусбат аст. Дар ҳоле, ки то интихоботи президентии Амрико тақрибан як моҳи дигар мондааст, оқои Трамп ба карантин хоҳад рафт. Интихоботи президентии Амрико рӯзи 6-уми ноябр баргузор мешавад.

Доналд Трамп пештар дар паёми твиттерӣ навишта буд, ки дар пайи мусбат эълон шудани натиҷаи озмоиши ёвараш Ҳоп Ҳикс, ӯ ва ҳамсараш Мелания Трамп мунтазири натиҷаи озмоиши худ ҳастанд. Раиси ҷумҳури Амрико дар ин паёми худ таъкид карда буд, ки ӯ ва ҳамсараш раванди карантинро оғоз мекунанд.

Ҳоло оқои Трамп дар паёми дигар дар "Твиттер" хабар додааст, ки озмоиши КОВИД-19-и худи ӯ ва ҳамсараш Мелания низ мусбат шудааст. Ӯ дар "Твиттер" навиштааст, ки бо ҳамроҳи ҳамсараш карантинро фавран оғоз мекунад ва "мо бо ҳам бар ин беморӣ ғолиб хоҳем шуд".

Дар ҳамин ҳол, бархе аз манбаъҳои хабарӣ дар Амрико ин эҳтимолро матраҳ кардаанд, ки Майк Пенс, муовини Доналд Трамп низ бояд ба карантин биравад, зеро ӯ дар ду рӯзи гузашта ҳамроҳи Трамп будааст ва эҳтимоли мусбат шудани озмоиши ӯ низ вуҷуд дорад.

Як манбаи огоҳ дар Кохи Сафед қаблан эълон карда буд, ки натиҷаи озмоиши КОВИД-19-и Ҳоп Ҳикс, яке аз мушовирони баландпояи раиси ҷумҳури Амрико мусбат эълон шудааст.

Ба гузориши хабаргузории "Ройтерз", Ҳоп Ҳикс рӯзи сешанбе ҳамроҳи Доналд Трамп ва дигар мақомоти баландпояи Кохи Сафед бо ҳавопаймои раёсати ҷумҳурӣ, ба маҳалли мунозираи интихоботӣ дар Огайо рафта буд.

Наворҳои телевизионӣ ҳам нишон медиҳад, ки Ҳоп Ҳикс дар чархболе, ки Доналд Трампро аз Кохи Сафед бурдааст, ҳамроҳи раиси ҷумҳури Амрико будааст.

Дар ҳамин ҳол, тибқи бархе гузоришҳо Ҳоп Ҳикс пас аз Огайо ба ҳамроҳи раиси ҷумҳур барои ширкат дар як гирдиҳамоии интихоботӣ ба як иёлати дигар рафта буд. Тибқи ин гузориш, Ҳоп Ҳикс чаҳоршанбе ҳангоми бозгашт ба Вашингтон аломатҳои бемории КОВИД-19-ро дошт. Ҳоп Ҳикс ҳамакнун дар манзилаш дар карантин аст.

Пеш аз ин низ шуморе аз ёварони баландпояи Доналд Трамп низ ба коронавирус гирифтор шуда буданд. Аммо раиси ҷумҳури Амрико худро карантин накарда буд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!