Анҷумани ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ, як созмони мустақар дар Аврупо, мегӯяд, ки Австрия ҳангоми ихроҷи паноҳҷӯи 29-солаи тоҷик Ҳизбуллоҳ Шовализода ба Тоҷикистон ба хато роҳ додааст ва ҳоло имкони баргардондани ӯро баррасӣ дорад.
Бо вуҷуди нигарониҳо, Шовализода баҳори имсол аз Вена ба Душанбе ихроҷ шуд ва моҳи июн ба 20 соли зиндон маҳкум гардид.
Надежда Атаева, раиси Анҷумани ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ дар Аврупо, охири моҳи сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт: "Вакилони мудофеъ дар Австрия маълумоти муфассалро дар бораи қазияи Ҳизбуллоҳ пешниҳод карданд. Маълум мешавад, мақомоти додгоҳии Австрия дар таҳқиқи қазияи ӯ беинсофона бархӯрд кардаанд. Инчунин, муносибати сарди мутахассисони идораи муҳоҷирати ин кишварро мушоҳида намудем."
Аз замони эълони ҳукми Ҳизбуллоҳ Шовализода дар Тоҷикистон се моҳ гузаштааст, вале то ҳанӯз тафсилоти он маълум нест.
Моҳи март Додситонии кулли Тоҷикистон ӯро ба узвият дар ҳизби фаъолияташ дар кишвар мамнӯи наҳзати исломӣ ва "хиёнат ба давлат" муттаҳам кард. Чизе, ки намояндагони ҲНИТ дар хориҷа рад намуданд.
Надежда Атаева мегӯяд, "таҳқиқоти ҳамаҷонибаи Анҷумани ҳуқуқи башар дар Аврупо нишон медиҳад, ки Ҳизбуллоҳ Шовализода узви ин ҳизб набудааст ва додгоҳи Австрия таҳти таъсири хабари мақомоти Тоҷикистон ва Интерпол қарор гирифтааст."
Абдуллоҳ Шовализода, падари Ҳизбуллоҳ Шовализода, мегӯяд, аз замони ба Тоҷикистон овардани писараш то ба ҳол ӯро надидаанд ва хабари зиндонӣ шуданашро телефонӣ ба онҳо расонданд. Вай афзуд, "қарори мақомоти Австрия, ки вазифадор шудааст, бозгашти писарамро ба Аврупо таъмин кунад, моро ба озод шудани ӯ умедвор кардааст."
Моҳи июли имсол Додгоҳи федероли Австрия ихроҷи паноҳҷӯи тоҷик Ҳизбуллоҳ Шовализодаро аз Вена ба Душанбе "ғайриқонунӣ" донист ва ба барқарор кардани ҳаққи вуруди ӯ ба ин кишвари аврупоӣ ҳукм баровард.
Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон, дар нишасти хабарии 14-уми июл дар посух ба суоли Радиои Озодӣ дар ин бора гуфт, "Шовализода дар асоси далелҳои ҷамъовардаи парвандаи ҷиноятӣ ва дар асоси кирдорҳои ғайриқонунии худ дар дохили Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида шуд".
Шовализода қаблан ба мақомоти Австрия барои гирифтани ҳаққи паноҳандагӣ муроҷиат карда буд, вале дархосташ рад шуд. Вай пеш аз ихроҷ ба Тоҷикистон ду моҳро дар боздоштгоҳе дар Вена гузаронд.
Додгоҳи федероли Австрия мегӯяд, Ҳизбуллоҳ Шовализода моҳи марти соли 2019 дархости паноҳандагӣ карда ва гуфтааст, дар кишвари худ ҳамчун "душмани халқ" шинохта мешавад ва дар сурати бозгашт ӯро бо гуноҳи пайравӣ аз ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ 20-25 сол ба зиндон меафкананд.
Надежда Атаева, раиси Анҷумани ҳуқуқи башар дар Осиёи Марказӣ, гуфт, ҳоло санадҳои марбут ба қазияи Ҳизбуллоҳро барои баррасӣ ба Комиссари ҳуқуқи башари Иттиҳоди Аврупо ва ба Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод хоҳанд кард.
Моҳи сентябри соли 2019 мақомоти Лаҳистон (Полша) паноҳҷӯи тоҷик Мустафо Ҳаётовро ба кишвар фиристода буданд. Ҳаётов узви фаъоли "Гурӯҳи 24" буд ва пас аз баргаштан дар видеое, ки маълум нест дар чӣ шароит забт шудааст, гуфт, вазъаш хуб мебошад.
Пас аз соли 2015 мақомоти Тоҷикистон номи даҳҳо узви ҳизбу созмонҳои сиёсиро, ки фаъолияташон дар кишвар манъ шудааст, ба рӯйхати афроди таҳти ҷустуҷӯ дароварданд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Юсуф Раҳмон дар бораи истирдоди Шовализода: "Қарори додгоҳи Австрия инҷо амал намекунад"Додгоҳи Австрия ихроҷи Шовализодаро ба Тоҷикистон "ғайриқонунӣ" номидПаноҳҷӯи тоҷикро баъди истирдод аз Австрия ба Душанбе 20 сол зиндонӣ кардаандНигаронии мухолифин аз истирдод шудани Ҳизбуллоҳ ба Душанбе