Идомаи баҳси забони адабӣ ва лаҳҷа

Ҳафиз Қаландаров

Бахши аввалро дар инҷо хонед

Навиштаи Ҳафиз Қаландаров

Бахши 2. Забон ва лаҳҷа

Фарқи бунёдии забони адабӣ аз лаҳҷа дар он аст, ки аввалӣ шакли хаттӣ дорад, бояд аз ҷониби давлату мақомот дастгирӣ ёбад, дар мактабу мадраса омӯзонда шавад ва меъёри ниҳодинаи забон ба шумор меравад. Лаҳҷа гӯишест, ки бар пояи ҳамон забон, аммо дар доираи танг ташаккул меёбад, ҳарчанд ба сарватмандии забон кумак мекунад, ҳаргиз ҷойи онро гирифта наметавонад.

Ҳолати 3

Тақрибан 4-5 сол пеш як ҳамсояам, модарашро аз зодгоҳаш дар шимоли кишвар ба пойтахт овард ва бо чанде аз зоирон аз ҷануби кишвар ба ҳаҷ фиристод. Соли гузашта фаҳмидем, ки фарзандони дигари Ҳоҷӣ-бибӣ ӯро дубора ба зиёрат фиристодаанд ва ин дафъа аз вилояти худашон. Зан шикоят кардааст, ки дафъаи аввал на забони ҳамроҳонашро мефаҳмид ва на роҳбаладро ва аз ҳаҷҷи худ низ чизеро нафаҳмида баргаштааст.

Дар айни замон, ҳатто агар мо лаҳҷаҳои якдигарро фаҳмему бо онҳо озодона ҳарф занем, ҳамоно ин беҳтарин вазъият нахоҳад буд; мо бояд забони адабиро болотар гузорем, онро ташвиқу тарғиб намоем, бо он муошират намоем.

Чуноне ки имрӯз англисҳо бо тағйир ёфтани забонашон зиёда аз 50 дарсади осори Шекспирро намефаҳмидаанд ва баъзеашон асарҳои ӯро ҳатто дар забонҳои дигар, масалан, олмонӣ мехондаанд. Яъне, нашавад, ки забони адабии мо ҳам тадриҷан аз истифода барояд ва ҷойи онро лаҳҷа гирад. Алҳол ифтихор дорем, ки "Шоҳнома" ва "Маснавӣ"-ро беҳтар аз эрониҳо мефаҳмем, нашояд ин бартариро аз даст дод.

Шоҳона ё дарборӣ?

Дар таърихи тоҷикон давоми қарнҳои зиёд қариб ҳамеша забони расмӣ, забони дарбор, тоҷикӣ будаасту шоҳонашон – туркҳо. Ҳоло "шоҳ" адабӣ ҳарф мезанад, "дарбор" – лаҳҷавӣ!

Гуфтаанд, дар ҳоли "гум кардани" забон барқарор кардани он нисбат ба барқарор кардани дигар хусусиятҳои аслӣ ё ҳувиятҳо хеле мушкилтар будааст. Дар айни замон, аз байн рафтани забон марҳилаи ниҳоии коставу фарсудашавии фарҳангӣ будааст!

Дар охирҳои даврони Шӯравӣ гӯё ин ҳолат воқеияте шуда буд, ки ба яке аз омилҳои пошхӯрии ин сохт табдил ёфт. Солҳои охири Шӯравӣ фарёду фиғон ва эътирозу интиқод аз ҷониби миллатҳо баланд шуд. "Манқурт"-и Чингиз Айтматов, "Доғистони ман"-и Расул Ғамзатов, асарҳои Распутин ва мисли онҳоро ба ёд меорем. Дар худи мо ҳам, албатта, ин вуҷуд дошт. Ёд дорам, як ҳикояи хурди ба забони русӣ навиштаи Ҳафиз Сайфуллоев, писари адабиётшинос Атахон Сайфуллоевро. Дар он лаҳзае ҳаст, ки писаре аз падараш мепурсад "Папа, а мы таджики?” Падараш: “Да, а что?” “Тогда почему мы дома говорим по-русски?” Нависанда бо забони падари писар “Сынок, ты ещё маленький, вот подрастёшь, тогда сам поймёшь,” – гӯён аз ҷавоб мегурезад.

Бозор Собири марҳум шоирона сарҳади забони тоҷикиро паҳн кардаву то ба деворҳои Бухорову пастиҳои Қипчоқ, соҳилҳои Ҳинду халиҷи Форс мебурд он рӯзҳо.

Умуман вазъияти дохилии онрӯзаи Шӯравӣ ва вазъияти имрӯзаи ҷаҳонӣ хеле монанд ба назар мерасанд. Авҷ гирифтани қувваҳои марказгурез дар кишварҳои аврупоӣ (Испониё, Шотланд, Маҷористон ва ғ.), кӯрпаро ҳар чӣ бештар ба сӯи худ кашидани Амрико ва ғайра як дараҷа гувоҳи ин мебошад.

Тоҷикӣ – лаҳҷаи форсӣ ва ё баръакс?

Шояд дар ҷое шунавем, ки гӯё забони тоҷикӣ лаҳҷаи забони форсии эронӣ бошад, вале худи эрониҳо назди турбати Фирдавсии бузург ба гуфтугӯи ҳайати тоҷикон бо ҳайронӣ ва бо ҳавас гӯш медоданду мегуфтанд, ки "бо забони аслии форсӣ инҳо ҳарф мезананд." Чунки форсие, ки имрӯз эрониҳо бо он гап мезананд, аз форсии “Шоҳнома” хеле фарқ мекунад!

Касе мегуфт, ки дар Эрон баъзе гурӯҳҳо дар фикри онанд, ки забони он кишварро на форсӣ, балки эронӣ ном ниҳанд. Шояд ин дурусту асоснок ҳам бошад. Мо метавонем ин пешниҳоди онҳоро тарафдорӣ кунем, онҳо бошанд, масалан, ҳангоми забонашонро ном гирифтан, "форсӣ"-ро даруни қавс бигиранд – барои ҳифзи ҳуқуқи меросиашон ба Рӯдакиву Сино ва Фирдавсиву Хайём. Яъне, онҳо забони худро эронӣ (форсӣ) ва мо забонамонро бе ягон қавс "форсӣ" ва ё "форсии тоҷикӣ" ном гузорем!

Биёед, ба олимон гӯш диҳем

Дар миёнаҳои асри гузашта адабиётшиноси итолиёвӣ Ҷ. Скорчиа мегуфт, ки дар натиҷаи таъсири ҳар гуна "қолабу шакл ва ҷараёнҳои модернистии ғарбӣ" дар Эрон фарҳанге ба вуҷуд омадааст, ки забони он ба забони классикии форсӣ сахт "баҳс намуда", бештар ба забони гуфтугӯии пойтахт, яъне теҳронӣ моил будааст.

Акнун онҳо маҳз ҳамин забонро шакли олӣ ё ашрофонаи форсӣ дониста, забонҳои кишварҳои дигари минтақаро забони рустоӣ ва ё забони афғонҳову тоҷикон меномидаанд – бинобар фарқияташон на аз забони классикии форсӣ, балки маҳз, аз ҳамин забон, яъне аз забони гуфтугӯии теҳронӣ. Иттифоқан як дӯстдори филмҳои эронӣ мегӯяд, баъд аз ошноӣ бо Тоҷикистон забони синамои Эрон ҳарчӣ б ештар тоҷикӣ мешавад, барои намуна вожаҳои "нағз", "форидан" ва ғайра, ки дар гӯиши теҳронӣ нестанд, ба он ворид мешаванд.

"Ҳамаш глай"

Тарси мо ҳам аз тамоюли имрӯзаи истифодаи зиёди лаҳҷа маҳз аз ҳамин сар мезанад. Нашавад, ки мо рӯзе забони адабиро дигар дар ҳошия қарор диҳем. Дар ин ҳол забони адабии мо дигар куҷо рафта метавонад? Кӣ онро ҳифзу нигаҳбонӣ карда метавонад?

Дар бораи забон ё дақиқтараш, забони хаттии форсӣ, муҳаққиқи номбурдаи итолиёвӣ мегӯяд, ки байни олимон ду пешниҳод ва ё ақидае роиҷ будаст. Яке ҷонибдори он ки аз рӯи модели классикӣ, як забони умумии каму беш ба ҳама мувофиқ, шояд бо баъзе фарқиятҳои хурди маҳаллӣ, пешниҳод шавад. Дигарӣ тарафдори он ки ҳар яке аз ин халқҳо бояд забони хаттии интихобкардаи худро дошта бошад.

Олимони Шӯравӣ тарафдори ақидаи дуюм будаанд ва нисбат ба "теҳронии хаттӣ" ва "тоҷикии хаттӣ" ин “на як фарзия, балки воқеият мебошад”, – қайд мекунад муҳаққиқ. Дар ҳоле ки аксари олимони ғарбӣ тарафдори он будаанд, ки як шакли умумие муқаррар карда шавад ва он забони хаттии умумии ҳар се сарзамин шинохта шаваду ба ҳар гуна "вариантхои маҳаллӣ" муқобилият карда тавонад (“мисли арабии классикӣ нисбати лаҳҷаҳои нави он”), – мегӯяд Ҷ. Скорчиа дар “Онтологияи адабиёти Шарқ”, ки нусхааш дар китобхонаи миллии мо мавҷуд аст.

Маъюс нашав!

Устодони сухани мо имрӯзҳо дуруст, яъне адабӣ ҳарф мезананд, масалан Абдулҳамид Самадов, Аскар Ҳаким, Саттор Турсун, Гулрухсору Фарзона ва дигарон, ки соатҳо гӯш кардани онҳо, дар кадом мавзӯе набошад, чун мусиқии форам ба кас як ҳаловати аҷиб мебахшад. Таъсир ва азамати забони модариро низ дар ин лаҳзаҳо хуб дарку эҳсос мекунӣ!

Дар ибтидо махсус гуфтем, ки тағйирот хеле зуд ба вуҷуд омадаанд, дар ҳоле ки Ҳоҷӣ-бибӣ ҳатто дар фаҳмидани лаҳҷаи ҷанубӣ оҷиз буд, наберагонаш аллакай бо он бемалол ҳарф мезананд. Лекин мушкилӣ ҳам маҳз дар ҳамин аст: агар пеши роҳи паҳншавии лаҳҷа гирифта нашавад, хеле зуд он ҳамагир мешавад ва чанде баъд мо дигар гуфта наметавонем, ки бо забони Фирдавсӣ ва "Шоҳнома" ҳарф мезанем, дигар эрониҳо ба мо бо ҳавас наменигаранд! Боз Самарқанду Бухороро ҳам набояд фаромӯш кард, то ки барояшон забони мо кашиши худро гум накунад: аз забони мо ва радиову телевизиони мо тааҷҷуб ва ё ҳазар накунанд, мисли баъзеи мо аз забони имрӯзаи эрониҳо!

Мегӯед, кори мушкил аст? Не, чуноне ки Ҷорҷ Орвел мегӯяд, ирода ва каме заҳмат лозим асту бас. Яъне, чӣ хеле ки лаҳҷа зуд ривоҷ ёфтааст, ҳамон хел ва ҳатто хеле зудтар аз он метавон забони адабиро ривоҷ дод! Барои маъюсону рӯҳафтодагон мисоли зерин шояд умедбахш бошад:

Ҳолати 4

То аввали асри 20 бо забони ибрӣ касе ҳарф намезадааст. Бо ин забон ибодат мекардаанд, онро дар навиштаҳо мехондаанд, вале бо он гап намезадаанд. Яъне забон "мурда" будааст, вале як дилсӯзу ҳимматбаланде бо номи Элизар ба Байтулмуқаддас кӯчида, эҳёи ин забонро ҳадафи ҳаётии худ қарор медиҳад.

Албатта, ба ӯ ва оилааш механдидаанд, ӯро таҳқиру озор медодаанд, вале писараш аввалин шахсе шудааст, ки забони ибрӣ барояш забони модарӣ гардидааст. Имрӯзҳо бошад, бо ин забон як давлати 8 миллионнафарӣ – Исроил гап мезанад!

Ҳеч фурсатеро барои истифодаи лаҳҷа аз даст надиҳед

Дар баробари аҳамияти лингвистӣ ё забонӣ боз дар хеле мавридҳо “маълумоти аз лаҳҷа бадастомада арзишноктар аз маълумоте будааст, ки аз забони адабӣ ба даст меояд”. Барои тасдиқи ин рубоиҳои халқии маҳалҳоро дидан мумкин.

Дар донишгоҳи Болоняи Итолия шунидам, ки тобистонҳо курсҳои омӯзиши забони яғнобӣ мегузаронидаанд!

“Аз забонҳои умдаи помирӣ шуғнонӣ, рӯшонӣ, хуфӣ, бартангӣ, рошорвӣ ва сарикӯлӣ ба гурӯҳи забонҳои шуғнониву рӯшонӣ; забонҳои ишкошимӣ, вахонӣ, мунҷонӣ ба гурӯҳи забонҳои Помири ҷанубӣ; забонҳои язғуломӣ ва ванҷии қадим, ки ахирӣ батадриҷ ҷояшро ба тоҷикӣ медиҳад, ба гурӯҳи забонҳои Помири шимолӣ шомил мешаванд. Ба далели чунин танаввӯи забонӣ Бадахшон ба мисли Доғистони Русия як хазинаи зиндаи забонҳо ном бурда мешавад... Аммо ин забонҳо дуруст, дар муҳити хонавода ва кӯча корбурд мешаванду забони расмии коргузорӣ, забони матбуот дар кулли Бадахшон забони тоҷикист”.

Ин аз интернет гирифта шудааст ва ин ҷо, албатта, сухан аз лаҳҷа меравад. Бояд гуфт, ки дар Бадахшон, агар “шоҳроҳӣ” омаданатонро фаҳманд, дар кӯча ҳам бо шумо бо забони адабӣ гап мезананд! Забон – дар ҷои худ, лаҳҷа – дар ҷои худ. Аслан забону лаҳҷа ба як мазмуне ба ҳам баробаранд ва ҳамаи забонҳо замоне худ лаҳҷа будаанд, вале хусусиятҳои лаҳҷа бояд оҳиста-оҳиста таҳти таъсири забони адабӣ (тариқи ВАО, китобҳо, низоми таълимӣ ва ғайра) суфтатар ва ба он наздиктар шавад.

Тезондани ин раванд аз вазифаҳои меҳанпарвариву байналмилалии мо мебошад! Муҳаққиқ Ҷ. Скарчиа мегӯяд, забонҳои мардуми тоҷику афғон ва эронӣ дар ҳоли аз ҳамдигар гусехта дур шудан мебошанд, як навъе мисли «англисии Амрикову Ҳиндустон». Вале ин дар асри гузашта буд, замоне ки форсизабонҳо аз тоҷикон бо “панҷара-пардаи оҳанин” ҷудо буданд.

Ҳоло вазъият ба куллӣ дигар аст ва имконият-“шонс”-и бузурге барои забони тоҷикӣ фароҳам омадааст ва яке аз амалҳои муҳим пешгирии паҳншавии лаҳҷа мебошад.

Албатта, дар адабиёт ва филмҳо гоҳе каме истифода бурдани лаҳҷа ҷоиз аст, вале набояд фаромӯш кард, ки “истифодаи аз меъёр зиёди мурчу намак хӯрокро хароб мекунад!”

Бо назардошти ин ҳама гуфтаҳо ва намунаҳои безаволи Айниву классикҳои адабиёти даврони гузашта забони тоҷикӣ, ки таҳти ҳимояти қонун ва муҳаббати мардумаш қарор гирифтааст, метавонад, забони қолабӣ, меъёрӣ ё стандартӣ шавад, барои куллӣ минтақа, барои тамоми форсизабонони дунё! Ҳатто новобаста ба он ки бо кадом ҳуруф навишта мешавад, кириллӣ ва ё арабӣ!

Эрониҳо чунин фурсатро аллакай аз даст додаанду, афғонҳо бо сабабҳои маълум ин корро карда наметавонанд. Фурсат имрӯз ҳамаҷониба насиби тоҷикон ва насиби забони тоҷикӣ мебошад! Албатта, дар санъату ҳунар, мусиқиву навозандагӣ филмофариву саҳнасозӣ аз эрониҳо, ки дар сатҳи ҷаҳонӣ “доран кор мекунанд”, ҳоло мо то хеле муддат шояд ва ё бояд биомӯзем, вале дар забон онҳо бояд аз мо биомӯзанд, аз устодони сухани мо.

Биёед, тамоюли лаҳҷагуфториро бишканем!

Пас, биёед, мо ҳам лаҳҷаҳои худро барои оғилу каҳдон, навбати подаву полезкорӣ монему ҳамин, ки ба шоҳроҳ қадам задем, ҳамин ки худро назди микрофон ё гурӯҳи гуногунлаҳҷа дидем, биёед, “шоҳроҳӣ”, “шаҳрӣ” ва “шоҳона” ҳарф бизанем! Биёед, лаҳҷаро барои ҳамон кунҷи чойхонаи “Роҳат” ва ё саунаҳои гаронқимат монем, ки бо ҳамдеҳагонамон ба ҳам меоем!

Дар ин ҳол табиӣ мебуд, агар омӯзандагони адабиёту забони форсӣ аз кулли дунё барои омӯзиш ба Тоҷикистон биёянд, ки ин ҷо нафақат радиову телевизион, мактабу донишгоҳ, балки ҳама мардум бо шумо ба забони Фирдавсиву “Шоҳнома”, ба забони “шоҳона” ҳарф мезананд! Чӣ рисолате аст ин пурифтихор ва ҳам омили бузурги муттаҳидсоз!

Аз муаллиф: Бовар дорам, ки шарҳ-комментҳои танқидӣ зиёд мешаванд, қисман шояд барои он ки ман баъзе луғоти дурушт ва тезутундро истифода бурдаам. Вале ин ҳама бароям воситаест дар расидан ба ҳадаф – ба ҷо овардани эҳтиром, муносибати дурандешона ва эътирофи мақому манзалати забони адабӣ, забони модарӣ! Инчунин, хоҳишмандам, таҳқиру маҳалгароӣ нашавад; ба сиёсату мазҳаб низ даст задан дуруст нест – сиёсати давлати мо пурра ба нафъи забони адабӣ аст ва ба мо танҳо риояи қонун мемонад. Мазҳаб? Он ин ҷо ҳеч дахл надорад!

Аз Идора. Матолибе, ки дар ин гӯша ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.