Зеварбону Рауфӣ: Чаро дар интихобот номзади сазоворе нест?

Зеварбону Рауфӣ

Зеварбону Рауфӣ, рӯзноманигори ҷавон

Дуруд, ҳаммеҳани азиз!

Хеле вақт аст, ки бо ҳам суҳбат накардаем. Имрӯз мехоҳам, дар бораи интихобот ҳарф бизанем. Шояд ту бо ҳарфҳои ман мувофиқ бошӣ, шояд ҳам баръакс – мухолиф. Шояд баъзеяшонро қабул дошта бошӣ ва баъзеяшонро рад бикунӣ. Ман ҳам интизор надорам ҳамешаву дар ҳама ҳолат афкору назару натиҷагириҳои монанд дошта бошем. Дар ҳар сурат, дилам хост, он чиро, ки аз зеҳнам мегузарад, бо ту дар миён бигзорам.

Агар ҳоло хориҷ аз кишвар намебудам, шояд имсол ман ҳам метавонистам мисли хеле аз ҷавонони дигари меҳанамон, ки ба синни қонунии овоздиҳӣ расидаанд, дар интихобот иштирок кунам ва ба номзаде, ки лоиқаш мешуморам, раъй диҳам. Вале оё номзади сазоворе дар интихоботи имсола иштирок дорад?

Гумон намекунам. Шояд бипурсӣ, барои чӣ? Чун аз байни панҷ номзад дар интихобот аксари аҳолӣ танҳо як нафарро мешиносанд ва он ҳам раисҷумҳури феълии кишвар аст. Чаҳор номзади дигар, бо инки ба ном иштирокчии интихобот ҳастанд, барои шиносондани худ ва барномаи худ дар амал ҳеч талоши муассире накардаанд.

Албатта, ин костии онҳо замоне чашмрастар гашта, ки тайи чанд моҳи ахир тамоми расонаҳои давлатӣ дасти кам рӯзе як бор номи Эмомалӣ Раҳмонро ёдрас мешаванд. Дар фазои маҷозӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳо ва аксҳои таблиғии ӯ дар гардишанд ва сухан кӯтоҳ барои таъсиррасонӣ ба афкори умум тамоми воситаҳои мумкинро истифода мебаранд.

Пас, табиист, ки номзадҳои дигар бо барномаҳои заифи омодакардаашон ва таблиғоти суст ва назарногири то ба ҳол иҷро намудаашон камтарин шонсе дар баробари ҳарифи хеш надоранд. Ҳоло, ки ин интихобот танҳо як номзади ба истилоҳ “омода” дорад, биёед, вақтро талаф накунему мустақим биравем суроғи ӯ.

Эмомалӣ Раҳмон мутаваллиди соли 1952 ва аз соли 1994 раисҷумҳури Тоҷикистон аст. Наздик ба 28 сол аз умри 68-солааш дар раъси идораи давлат қарор дорад. Шояд оқилона мебуд, агар бо хоҳиши худ аз иштирок дар интихоботи имсола даст мекашид, аммо ба назар мерасад ӯ ба роҳатӣ аз курсии раисҷумҳурӣ рафтанӣ нест.

Аҷиб аст, бо ин ки аз 22-юми майи соли 2016 синни номзад ба курсии раисҷумҳурӣ ба 30 сол коҳиш ёфта, дар байни номзадони имсола ҷавонтаринашон 60 сол дорад.

Инчунин намешавад зуҳури Фаромуз Иргашовро, ки мехост ба таври худпешбарӣ ба интихобот роҳ пайдо кунад, нодида гирифт. Зеро ягона иттифоқи ғайримунтазираи мусбати интихоботи имсола ҳамин ҷуръат ва талоши ӯ аст, ки мутаассифона номуваффақ, аммо умедбахш буд. Шояд талоши имсолаи ӯ фоли некест, ки дар интихоботҳои баъдӣ сафи ҷавонон дар ин қабил маъракаҳои муҳими сиёсӣ афзоиш хоҳад ёфт. Албатта, агар зимомдорон барои ҷавонон ҳамвора садд насозанд.

Ман дар кул мухолифи онам, ки инсонҳои зиёд солхӯрда раисҷумҳури Тоҷикистон шаванд. Махсусан, ҳоло, ки барои пешрафт ва такомули кишвар ниёзи мубраме ба нерӯи нав, идеяи нав, роҳкорҳои нав ва роҳбарони нав ҳаст.

Натиҷаи чанд соли охири фаъолияти ҷаноби Раҳмон низ худ таъиде бар ин назар аст. Зарфиятҳои ҳеч инсоне бениҳоят нест. Пас, табиист, ки раисҷумҳури феълӣ низ тӯли ин 26 сол дигар ба сарҳади зарфиятҳояш расида ва чизи бештаре дар ростои рушди кишвар анҷом дода наметавонад. Баръакс, шароити ҳар чи бештар зарар расондан ба Тоҷикистонро имконпазир мекунад. Медонам, ҳоло бо чашмҳои кушоду ҳайроншуда мепурсӣ, чӣ тавр?

  • Сафи хешовандони раисҷумҳур рӯз ба рӯз рӯ ба афзоиш аст. Ин ки фарзандон, домодон ва дигар хешовандону дӯстони наздики хонаводаи раисҷумҳур дар мансабҳои баланди давлатӣ фаъолият мекунанд, ба ҳеч кас пӯшида нест. Ин вазъ худ ба худ шароити эҷоди қабзаи қудрат ё инҳисори густурдаеро ба вуҷуд овардааст.
  • Ҳамчунин, заминаи фасод дар тамоми сохторҳои мавҷуд дар кишвар фароҳам аст ва он барои худи Эмомалӣ Раҳмон ҳам пӯшида нест. Зеро борҳо дар маҷлисҳои ҳукуматӣ ба раисону рутбадорон таҳдид карда, ки аз амалҳои ҳар яки онҳо бохабар аст. Ишораи ӯ ба хонаву мошину дигар дороиҳои зердастонашро чандин бор шунидаем. Воқеан, агар бо миёнгини маоши давлатӣ ҳисоб кунем, аксари онон на тӯли 5-10 сол, ки то охири умр ҳам соҳиби чунин сарвате намешуданд. Пас, суоле пеш меояд, ки чиро раисҷумҳур бо огоҳӣ аз фасоди густурда дар ҳукумат ба фикри чораҳои қатъӣ ва муборизаи шадиде бар зидди фасодкорӣ намешавад?
  • Шак надорам, касе дар ин миён хоҳад гуфт: "Ҷаноб як худаш чӣ хел ба ҳама кор “успет” кунад? Айб, айби одамони гирду атрофаш аст, агар не, ҷаноб худаш марди Худоай. Атрофиёнаш ҳама корро “ҷазир” мекунанд.” Ҳоло мехоҳам, ин нуктаро бароят хотиррасон кунам, ҳаммеҳани азиз. Агар таваҷҷуҳ карда бошӣ, ҳар гоҳ касе ба мансабе таъин мешавад, ё аз мансабе сабукдӯш мегардад, дар расонаҳо мегӯянд бо қарори президенти кишвар... Пас, суол, чиро раисҷумҳур афродеро, ки лаёқати иҷрои вазифаро надоранд, ба мансабе таъин мекунад? Ҷои дуре намеравем, Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқаи кишвар боризтарин намунаест аз афроде, ки ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон ба мансаб таъин мекунад. Ва аҷибтар аз ҳама ба ҷои он ки ба беҳтарин наҳв аз интернет баҳра бигирад ва дар пайдо кардани кӯчактарин ихтилоли мавҷуд дар фазои сайберии кишвар пешдаст бошад, Бег Сабур эътироф карда, ки аз интернет истифода намебарад. Фоҷеа аст, не?
  • Набуди ҷои кор, маоши муносиб ва фазои озод барои рушди фардӣ дар кишвар боис шуда, ки қувваи корие болиғ ба як миллион шаҳрванд, ки аксарашон ҷавононанд, ба хориҷ аз кишвар муҳоҷират кунанд. Фикр намекунӣ 26 сол, ҳоло, биё шаш соли аввал, ки ба тармими харобиҳои ҷанг сарфшударо ҳисоб накунем, оё 20 сол замони кофие барои ҳукумат набуд? То битавонанд дасти кам барои 50% аз он муҳоҷирон ҷои кории муносиб фароҳам оваранд? Ин вазъ боис шуда Тоҷикистон дар байни кишварҳои ҳамсояаш ва ба хусус Русия як кишвари заиф ва вобаста ба назар расад. Ва чи шармовар ва мусибатбор, ки кишваре 29-30 соле аз ба даст оварадани истиқлолаш сипарӣ шавад, аммо ҳанӯз ба маънои воқеӣ мустақил нашуда бошад?!
  • Як нуктаи нигаронкунандаи дигар, ки хеле муҳим аст, обрӯи Тоҷикистони азизамон дар арсаи байналмилалист. Ба назар мерасад, раисҷумҳури феълии кишвар тӯли ҳукумати 26-солаи хеш тавониста ба андозаи кофӣ мухолифони амиқан норозие эҷод кунад, ки табиист бо шеваҳои гуногун норозигии хешро ба намоиш мегузоранд ва гирдиҳамоиҳои солҳои ахир дар Лаҳистон, Олмон, Фаронса ва дигар кишварҳо ҳукумати Тоҷикистонро ҳамчун ҳукумате хонаводагӣ ва диктатурӣ дар тамоми Аврупо муаррифӣ карда. Ҳамчунин хабарҳое перомуни боздоштҳои ғайриқонунӣ ва одамрабоии мақомоти Тоҷикистон, ки мухолифонашро ба зӯр ба кишвар баргардонда онҳо ва бастагонашонро зери шиканҷа қарор медиҳад, дар расонаҳои кишварҳои Аврупо ва Амрико нашр шудаанд. Амалҳое аз ин қабил, ки бо ҳар гуна гуманизм ва ҳуқуқи инсон дар таноқуз аст, боиси поин рафтани ҳар чи бештари эътибори кишвар дар миқёси ҷаҳонӣ мегардад, ки воқеан мояи нороҳатӣ ва нигаронист.

Ҳаммеҳани азиз! Росташро бихоҳӣ ҳанӯз нуктаҳои зиёдеро метавонам бароят мисол оварам. Аммо бо ҳамин панҷто ҳарфҳоямро тамом мекунам, то беш аз ин вақтатро нагирам. Ҳамон тавре, ки дар боло ҳам гуфтам, шояд ту бо андешаҳои ман комилан мухолиф бошӣ, лек хостам бидонӣ, ба назарам дар интихоботи имсола ва шояд интихоботҳои оянда интихобе сурат намепазирад.

Ҳамчун ҳусни мақтаъ як сухани Лукиан, нависандаи Юнони бостонро меорам, ки ду ҳазор сол пеш гуфтааст: "Вақте рақибе нест, пирӯз омадан осон аст." Дар ҷойи дигар ин мутафаккир мегӯяд: "Бузургтарин ғалаба ин пирӯзӣ бар худ аст."

Аз Идора. Матолибе, ки дар гӯшаи "Блогистон" ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.