Имрӯз дар бораи фоҷиаи як модари тоҷик суҳбат мекунем, ки марги ӯ мушкилоти зиёдеро дар зиндагии сокинони биноҳои баландошёна дар Душанбе аён кард.
Дар як бинои 16-табақа дар Душанбе рӯзи 14-уми сентябр як зани 49-сола дар дохили лифти вайрона афтода, ҳалок шуд. Гузориш дар бораи фалокат баҳси дарозеро дар саҳифаи Радиои Озодӣ дар Инстаграм ва Фейсбук ба вуҷуд овард ва даҳҳо нафар гуфтаанд, ки лифти биноҳои истиқоматии онҳо низ аҳволи хубе надоранд.
Аз ҷумла корбаре ба номи «Алик-малик» дар зери гузориши Радиои Озодӣ чунин навиштааст: “Биноҳои навсохта ҳам айни мушкилотро доранд. Баданаи лифт нав аст, вале муҳаррику дигар абзори куҳнаро мегузоранд. Сабаби ҳамаи ин, тафтиш накардани биноҳои нав аст. Ришва мегиранду иҷозаи зиндагӣ медиҳанд. Наваду нӯҳ дар сади хонаҳо мушкилот доранд. Сокинон ба куҷо ва ба кӣ шикоят кунанд?”
Барномаро дар сомона бубинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Корбари дигаре ҳам гуфтааст, ки як сабаби сар задани фалокатҳо саҳлангорӣ ва ё дар ғафлат мондани мақомот аст, ки вазифаашон роҳ надодан ба ин гуна ҳодисаҳо мебошад. Ин корбар, ки худро «Муҳаммадшоев78” муаррифӣ кардааст, дар саҳифаи мо дар Инстаграм менависад:
"Ин ҳама аз беаҳамиятии масъулон мебошад. Вақте лифтро таъмир мекунанд, чаро тамоми дарҳои онро маҳкам накардаанд ва ё лента нагузоштаанд, ки касе ба он ворид нашавад. Бояд барои ин корашон ҷавоб гӯянд."
Дар саҳифаи Радиои Озодӣ дар Фейсбук низ баҳс дар бораи марги модари тоҷик дар дохили лифти бинои баландошёна дар Душанбе зиёд аст ва Лутфӣ Ҳакимова, як корбари саҳифаи мо, гуфтааст, андаке эҳтиёт метавонист, аз фоҷиа пешгирӣ кунад. Шарҳи ӯро мехонем: “Ба марги ин зани бегуноҳ коргарони масъуле, ки вазифаашонро хунукназарона иҷро мекарданд, айбдоранд. Агар дар дари лифт аён менавиштанд, ки "Лифт кор намекунад, таъмир мешавад", мумкин ин ҳодиса рӯй намедод.”
Онгуна ки сокинони бино ба хабарнигори Радиои Озодӣ гуфтанд, муроҷиатҳояшон ба мақомоти расмӣ дар шаҳри Душанбе барои таъмири лифти бино, ки чоҳи марг барои модари тоҷик шуд, бепосух мондааст.
Дар воқеъ садҳо нафари дигар низ зимни баҳс дар бораи марги зани тоҷик дар дохили лифт дар Душанбе гуфтаанд, онҳое, ки масъули нигаҳдориву амнияти лифт будаанд, бояд танбеҳ ва ё ҷазо бигиранд. Яке аз ин корбарон бо номи «Ҷегуар99» шарҳи дарозеро дар саҳифаи Инстаграми Радиои Озодӣ гузоштааст:
"Аз рӯи қонун бояд мақомоти шаҳр, мақомоти ноҳия ҷавоб диҳанд, зеро аз беаҳамиятии онҳо як кас ҷон дод. Наход, ҷони одам дар Тоҷикистон ба ин ҳад беқадр шуда бошад. Ҳоло ягон фарзанди одами мансабдор мебуд, ё модараш, гунаҳкорро кофтаву ёфта, зиндонӣ мекарданд. Лекин халқи бечора азоб мекашад, мемурад, касе ба додашон намерасад."
Айни замон корбарони зиёде сокинони биноро сарзаниш кардаанд, ки худашон ғами ҷойи истиқоматашонро намехӯранд. Онҳо бо назардошти ифлосиҳои зиёд дар назду дохили бино гуфтаанд, ки мардум аввал худаш масъули амнияти покизагии бино аст.
Корбаре бо номи «Сабрий 777» дар саҳифаи мо дар Инстаграм навиштааст: “Инҷо фақат айби давлат нест, айби шаҳрвандон низ ҳаст. Покизагиро риоя кардан, кори мо аст. Шумо чӣ гуна ин ифлосиҳоро мепартоед ва дар ин гуна шароит зиндагӣ мекунед? Покизагии ҳар кӯчаву шаҳр вазифаи ҳар шаҳрванд аст."
Барномаро дар Ютуб тамошо кунед:
Шумо чӣ назар доред? Нависед ва ё дар видео бигӯеду ба мо бифристед. Вотсапу Вайбер ва Телеграму ИМО дорем. Аз тариқи вебсайти мо низ ҳамин корро карда метавонед.