Раиси Ҳизби демократро ба интихобот роҳ надоданд

Саидҷаъфар Усмонзода мегӯяд, ки ҳизбаш дастнигари ҳукумат нест.

Комиссияи марказии интихобот ғайричашмдошт эълон кард, ки довталаби курсии раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз Ҳизби демократро сабти ном накардааст. Дар баёнияи кӯтоҳи марказ аз рӯзи 14-уми сентябр омадааст, ки санадҳои ҳизб мутобиқ ба қонун набуд, аз ин рӯ Саидҷаъфар Усмоновро ба ҳайси номзад ба мақоми раиси ҷумҳур сабти ном накарданд.

Дар ин баёния омадааст, ки санадҳои Ҳизби демократро рӯзи 13-уми сентябр дарёфт карданд ва “Комиссияи марказӣ ҳуҷҷатҳои воридгардидаи номзадро мавриди омӯзиш қарор дода, бинобар ба талаботи қисми сеюми моддаи 65 Конститутсия ва қисми чоруми моддаи 24-и Қонуни конститутсионии ... (интихоботи президент) ҷавобгӯй набудани ҳуҷҷатҳо бақайдгирии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмонзода Саидҷаъфар Усмонро, ки аз ҷониби Ҳизби Демократи Тоҷикистон пешбарӣ гардидааст, рад намуд.”

Зоҳиран бар тибқи хулосаи Комиссияи марказии интихобот, Ҳизби демократ натавонистааст, теъдоди кофии имзои тарафдоронашро ҷамъ оварад. Дар ду банде, ки комиссия ба онҳо такя карда ва гуфтааст, ки санадҳои ҳизби демократ ба ин талабот ҷавобгу набуд, омадааст, “Шахсе ба номзадии Президент ба қайд гирифта мешавад, ки ҳадди ақал 5 фоизи интихобкунандагон ба пешниҳоди номзадии ӯ имзо гузошта бошанд.”

Саидҷаъфар Усмонзода, раиси Ҳизби демократ, ки хабари рад шудани дархост барои сабти номзадиашро аз Радиои Озодӣ шунид, гуфт, ки ҳануз посухи расмиро ба онҳо надодаанд. Ӯ афзуд, баъд аз тамоми дигар аҳзоби сиёсӣ санадҳояшонро ба Комиссияи марказии интихобот супурдаанд ва 285 ҳазор имзо ҷамъ овардаанд: “Мо мутобиқи талабот ва қонун санадҳоро бурда додем, онҳо ҳам мутобиқи қонун ваколат доранд ва мутобиқи қонун тафтиш мекунанд. Дигар намедонам. Агар қарор бароварда рад карда бошанд, ҳоло моро расман маълумот надодаанд.”

Саидҷаъфар Усмонзода соли 1960 дар оилаи омӯзгор таваллуд шуда, соли 1983 факултаи иқтисодии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро хатм кардааст. Дар ниҳодҳои мухталифи давлатӣ - Хадамоти гумрук, Бонки миллӣ, Кумитаи радио ва телевизион, пулиси андоз ва Донишгоҳи аграрӣ дар вазифаҳои гуногун фаъолият дошт.

Саидҷаъфар Усмонзода соли 2006 ба Ҳизби демократ пайваст ва моҳи декабри соли 2012 раиси он интихоб шуд. Дар интихоботи президентии соли 2013 ба ҳайси номзад аз ин ҳизб ширкат кард. Вакили Маҷлиси намояндагон аст. Азбаски сиёсатҳои ҳукуматро тарафдорӣ мекунад, коршиносону таҳлилгарон мегуфтанд, ки ҳизбаш қабл аз ҳар кор, ризояти ҳукуматро мегирад ва ба саҳна овардани у як навъ рақобатӣ нишон додани интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Тоҷикистон аст.

Аммо ӯ чанде пеш дар як мусоҳиба бо Радиои Озодӣ гуфт: «Ман шахси мустақил ҳастам, арзишҳои зиндагии ҳамаро эътироф мекунам ва дар баробари он арзишҳои зиндагии худро дорам. Омадани маро ба Ҳизби демократ бисёр собиқадорон бовар надоштанд. Вале ман исбот кардам, ки ҳизб порлумонӣ шуд. Мо эълон кардем, ки ҲДТ ҳизби "опозитсиони конструктиви" аст, яъне бо ҳама аҳзоб кор мекунем, алалхусус бо ҳукумат ва ҳизби ҳукмрон. Чун нуфузи бештар дорад ва сохторҳои давлатӣ дар дасти ҳизби ҳукмрон ва ҳукумат аст. Вале новобаста аз ин аз таҷрибаи порлумонии ман медонед, ки тамоми нуқтаҳоеро, ки новобаста аз онки он шахсият кӣ аст, хешутаборӣ кӣ аст, интиқоди сахт мекардам. Аз манфиатҳои мардум пуштибонӣ мекардам. Чӣ мавзӯи корти пластикӣ, чӣ интернет, соҳаи бонк, қарзҳо, хеле мавзуъҳои зиёде буд, ки мо дар муқобили ҷараёни ҳукумат будем ва камбудии сохторҳоро гуфтем. Пас чигуна мо ҳукуматӣ ҳастем?”

Интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 11-уми октябр баргузор мешавад. Комиссияи марказии интихобот панҷ нафарро ба ҳайси номзад ба мақоми раиси ҷумҳур дар интихоботи моҳи октябр сабти ном кардааст. Рустам Латифзода аз Ҳизби аграрӣ, Абдуҳалим Ғаффорзода аз Ҳизби сотсиалистӣ, Рустам Раҳматзода аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ, Мироҷ Абдуллоев аз Ҳизби коммунистӣ, Эмомалӣ Раҳмон, аз Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақил, Иттифоқи ҷавонон ва Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон номзадҳоест, ки сабт шудаанд.

Аз ҳоло бисёриҳо тахмин мезананд, ки натиҷаи интихобот маълум аст ва иштироки чанд нафар ба ҳайси номзад танҳо барои рақобатӣ вонамуд кардани интихобот аст. Назаре, ки тарафдорони ҳукумат ва номзадҳои сабтшуда онро рад мекунанд. Аксарият пешбинӣ мекунанд, ки Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури феълӣ дигарбора 7 соли дигар дар мақомаш мемонад.