Томас Бах: "Мо бояд ба ҳар сенария омода бошем"

Президенти Кумитаи байналмилалии олимпӣ Томас Бах.

Кумитаи иҷроияи Кумитаи байналмилалии олимпӣ (КБО) зимни ҷаласаи онлайнӣ омодагӣ ба Бозиҳои олимпии Токио ва Бозиҳои олимпии зимистонаи Пекин-2022-ро баррасӣ намуд. Ҳамчунин, КБО барномаи нави омӯзиширо ҷиҳати омода кардани кормандони бехатарӣ дар варзиш эълон кард. Дар ин бора сомонаи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ, раҳбари комиссияи ҳамоҳангсози КБО оид ба омодагӣ ба Бозиҳои олимпии Токио Ҷон Коутс доир ба лоиҳаҳое, ки ахиран амалӣ шуданд, гузориш дод, аз ҷумла оид ба коркарди роҳҳои мубориза бо коронавирус ва хароҷоти изофаи марбут ба таҳвили Бозиҳои олимпӣ ба тобистони соли оянда.

Ба гуфтаи Коутс, корҳо оид ба мубориза бо COVID-19 то маросими кушодашавии Бозиҳо ҷараён мегирад, вале натиҷагирии аввалия аллакай охири соли 2020 анҷом дода хоҳад шуд. Масъала бори дигар 24-25-уми сентябр зимни ҷаласаи навбатии комиссияи ҳамоҳангсоз бо иштироки намояндагони кумитаи тадорукоти “Токио-2020”, ҳукумати Ҷопон, шаҳрдорӣ ва Кумитаи олимпии Ҷопон баррасӣ мегардад.

"Мо таваҷҷуҳамонро ба баргузории бозиҳои бехатар ва муваффақ равона кардаем", - иброз намуд президенти КБО Томас Бах. – Дар ҳафтаҳои наздик сенарияҳои гуногуни муқобила бо COVID-19-ро баррасӣ хоҳем кард. Дар муҳокимаи масъала комиссияи ҳамонҳангсози КБО, гурӯҳи кории омодагӣ ба Бозиҳои олимпии Токио ва ҳамкорони ҷопониамон иштирок мекунанд. Тағйир ёфтани вазъияти ҷаҳон ҳар рӯз дар кори банақшагирии чорабиниҳо таъсири манфӣ мерасонад. Мо бояд ба ҳар сенария омода бошем. Мушкил аст гуфтан, ки вазъи ҷаҳон баъд аз як сол чӣ гуна мешавад",-афзуд ӯ.

Зимни гузориш раҳбари комиссияи ҳамонҳангсози КБО оид ба Бозиҳои олимпии зимистонаи Пекин-2022 Ҷуан Антонио Самаранч ба фаъолияти кумитаи тадорукоти бозиҳо, ҳукумати Чин ва КБО баҳои баланд дод. Ба гуфтаи ӯ чунин тарзи кор барои зуд ва босифат сохтани иншоот, рушди касбияти кормандони кумитаи тадорукот ва ҷалби сарпарастон кӯмак мекунад.

Ба ғайр аз ин, ҷониби Чин тамоми чораҳоро амалӣ мекунад, ки пандемияи COVID-19 ба корҳои омодагӣ ва баргузории бозиҳо халал нарасонад. Як қатор чораҳои муқобила бо коронавирус дар мусобиқаҳои озмоишӣ, ки зимистони оянда ба нақша гирифта шудаанд, таҷриба мешаванд.

Дар доираи чораҳо оид ба таъмини бехатарӣ ва зиндагии хуши варзишгарон кумитаи иҷроияи КБО барномаи нави омӯзиширо ҷиҳати омода кардани кормандони бехатарӣ дар варзиш эълон кард. Аввалин давраи омӯзишии панҷмоҳа сентябри соли 2021 шуруъ мешавад ва шунавандагон имтиҳон супорида, соҳиби сертификати “мутахассиси ҳомии варзишгарон” мегарданд.

- Бехатарӣ ва некуаҳволии варзишгарон барои ҳаракати олимпӣ дар мадди аввал меистад, - гуфт Томас Бах. – КБО тамоми имкониятҳоро барои ҳифзи ҳуқуқи онҳо равона кардааст. Имрӯз мо барномаи омӯзиширо эълон намудем, ки мақсад аз он баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ ва мубориза бо ҳар гуна таъқиб ва сӯистифода дар варзиш аст.

Аз моҳи октябри соли 2020 сар карда барои кумитаҳои миллии олимпӣ 11 вебинар ба нақша гирифта шудааст, ки ба ҳалли мушкилоте нигаронида мешавад, ки кумитаҳои миллии олимпӣ дар самти ҳуқуқи варзишгарон рӯ ба рӯ гаштаанд.