Ба ҳайати ҳукумати Афғонистон раиси Шӯрои олии сулҳ Абдуллоҳ Абдуллоҳ шомил аст. Раҳбарии ҳайати музокиракунандаи Толибонро Абдулҳаким Исҳоқзай, як рӯҳонии тундрав ба уҳда дорад, ки солҳои дароз дар Кветтаи Покистон, дар қароргоҳи раҳбарони Толибони Афғонистон, зистааст.
НИЗОМИ СИЁСӢ КАДОМ ХОҲАД БУД?
Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар оғози музокирот гуфт, "бо боварии комил иброз медорам, ки таърихи кишвари мо ин рӯзро ҳамчун поёни ҷанг ва ранҷи мардуми мо ба ёд хоҳад овард." Вай афзуд, "ҳайати ман ба намояндагӣ аз як низоми сиёсӣ ҳузур дорад, ки миллионҳо зану мард ва аз қишрҳои гуногуни фарҳангиву иҷтимоӣ ва қавмӣ дар ватан пуштибонӣ мекунанд."
Вазири корҳои хориҷии Амрико Майк Помпео шурӯи гуфтугӯҳои байнулафғониро "фурсати муҳим" донист ва гуфт, интихоби низоми сиёсии ояндаи Афғонистон бо худи афғонҳост, вале аайни замон демократияро "беҳтарин равиши қудрат" хонд.
Мулло Бародар, раҳбари Толибон, гуфт, Афғонистон бояд дорои низоми исломӣ бошад, "то дар он намояндагони ҳама қавмҳо бе ҳеч табъиз зиндагии худро бо муҳаббату бародарӣ сипарӣ кунанд." Ӯ афзуд, музокирот мумкин аст мушкил дошта бошад, "вале бояд бо сабр пеш равад".
Вазири корҳои хориҷии Қатар рӯзи 12-уми сентябр гуфт, ҷонибҳои ҷанги дарозмуддат "бояд мувофиқ ба чолишҳои имрӯза" ва "бар асоси усули на ғолиб ва на мағлуб" тасмими қотеъ бигиранд.
Интизор меравад дар нишасти Доҳа ба мавзуъҳои сахте, аз ҷумла оташбаси доимӣ, риояи ҳуқуқи занону ақаллиятҳо, халъи силоҳи ҳазорҳо ҷангҷӯйи Толибон ва ниманизомиёни вафодор ба фармондеҳони ҷанг пардозанд. Пешбинӣ мешавад, тағйироти Қонуни асосӣ, тақсими қудрат ва ҳатто номи кишвар ва парчам низ дар дастури кор қарор гирад.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
УМЕДВОРИИ НАМОЯНДАИ РУСИЯ
Замир Кобулов, намояндаи хоси Русия барои Афғонистон ибрози умед кард, ки музокироти миёни Кобулу Толибон дар Қатар оғози барқарории сулҳ дар сартосари Афғонистон бошад. Кобулов, ки дар музокироти байни афғонҳо ҳамчун нозир ширкат дорад, рӯзи 12-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт: "Умедвории мо ин аст, ки ин маросим танҳо ба унвони як маросим боқӣ намонад, балки оғози барқарории сулҳу оштӣ дар сартосари Афғонистон бошад."
Пеш аз ин, Русия дар моҳи феврали 2019 мизбони гуфтугӯҳо миёни намояндаҳои Толибон ва чеҳраҳои сиёсии Афғонистон, аз ҷумла Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳури пешин буд, вале дар он маросим намояндаи ҳукумати Афғонистон ҳузур надошт.
Коршиносон мегӯянд, бо вуҷуди хушбиниҳо, музокироти байни афғонҳо метавонад, сахту тӯлонӣ бошад.
Як дипломати аврупоӣ дар Кобул ба хабаргузории "Ройтерс" гуфтааст, оташбаси фарогир бояд дар авлавияти музокирот бошад ва афзудааст: "Раҳбарони Толибонро зарур аст, ки ҷангҷӯёни худро аз ҳамла ба нирӯҳои афғон ва ғайринизомиён боздоранд." Идомаи хушунатҳо, ба қавли ӯ, метавонад ба ҷараёни музокирот халал расонад.
ЯК НИГОҲ АЗ ТОҶИКИСТОН
Тоҷикистон бо Афғонистон тақрибан 1400 километр марз дорад. Мақомоти Тоҷикистон борҳо эълон кардаанд, ки ҷонибдори ҳарчи зуд барқарор шудани сулҳ дар Афғонистон ҳастанд.
Абдуллоҳи Раҳнамо, таҳлилгари тоҷик, рӯзи 12-уми сентябр оғози музокироти байни афғонҳоро дар Қатар "дастоварди бузург" номид. Ба қавли ӯ, "амнияти кишвари мо ба амнияти Афғонистон вобаста аст. То замоне ки дар Афғонистон ҷангу ҳолати низомӣ аст, кишварҳои Осиёи Марказӣ, бахусус Тоҷикистону Узбекистон ва Туркманистон, маҷбуранд, амниятро ҳамчун масъалаи аввали сиёсатҳои худ баррасӣ кунанд. Чун хатари ҳамешагӣ аз ин ноамнӣ ва ё интиқоли ноамнӣ ба ҳудуди Осиёи Марказӣ вуҷуд дорад. Ҷанги Афғонистон аз назари иқтисодӣ ҳам барои Осиёи Марказӣ гарон меафтад. Ҳар рӯзи идомаи буҳрон барои минтақа миллионҳо доллар зиён аст."
Аммо аз нигоҳи дигар, ба гуфтаи ӯ, "агар ба 10 сол пеш нигоҳ кунем, Толибон танҳо як нерӯи мухолиф ва мусаллаҳ буданд, ҳоло дар Афғонистон нерӯҳои дигар, ба монанди гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ" ё ДОИШ низ ҳастанд. Ҳатто сулҳ бо Толибон маънои сулҳи фарогир дар Афғонистон дониста намешавад, чун ба маълумоти ҳукумати Афғонистон дар ҳоли ҳозир 22 гурӯҳи ҷангӣ дар ин кишвар ҳузур дорад. Ва дувум ин ки Амрикову Қатар ва Покистон ончунон ки даҳ сол пеш ба вазъи Афғонистон мусаллат буданд, ҳоло ба ин андоза таъсиргузор нестанд. Дар ин саҳна нуфузи кишварҳои дигар ба мисли Русия, Чин ва Ҳинд ба мушоҳида мерасад ва дар инҷо тавофуқи минтақавӣ ҳам муҳим ба назар мерасад."
ҲАРОСИ БАЪЗЕ АЗ СОКИНОНИ АФҒОНИСТОН
Бисёре аз сокинони Афғонистон аз бозгашти Толибон ба унвони бахше аз ҳукумат ҳарос доранд. Ин гуруҳи ифротӣ ба поймол кардани ҳуқуқи инсон ва тавҳин ба занон дар солҳои ҳокимияташ муттаҳам аст.
Толибон соли 2001, пас аз ҳамлаи Амрико, аз қудрат ронда шуданд, аммо ба ҷанг бо нирӯҳои хориҷӣ ва нирӯҳои давлати Афғонистон идома доданд. Онҳо акнун бахше аз кишварро зери назорат доранд.
Президенти Амрико Доналд Трамп хуруҷи нирӯҳои амрикоиро аз Афғонистон дар маъракаи пешазинтихоботии соли 2016 ваъда дода буд. Дар остонаи интихоботи нав Вашингтон дар талоши баргузории муколамаи байни афғонҳо аст.
Трамп дар нишасти матбуотии рӯзи 10-уми сентябр гуфт, аз муколама интизориҳои зиёд дорад ва умедвор аст, ки то моҳи ноябр шумори сарбозон то 4 ҳазор нафар кам карда мешавад. Аз соли 2001 то кунун беш аз 2300 сарбози амрикоӣ дар Афғонистон кушта шудаанд.