29 соли Истиқлоли Тоҷикистон аз ду зовия. ВИДЕО

"Қасри Миллат" дар Душанбе.

Рӯзи 9-уми сентябр аз соҳибистиқлолиии Тоҷикистон 29 сол пур шуд.

Бо гузашти наздик ба се даҳа ҳанӯз миёни коршиносону таҳлилгарон баҳсҳо атрофи то куҷо воқеӣ ва комил будани истиқололи кишвар идома дорад.

Сайфулло Сафаров, собиқ муовини аввали раиси Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон мегӯяд, "мо истиқлоли комилу воқеӣ дорем ва истиқлолият тамоми имкониятҳои рушди миллиро фарҳам овардааст".

Ба назари Аҳмадшоҳи Комил, коршиноси тоҷик, ҳарчанд СММ Тоҷикистонро ҳамчун кишвари соҳибистиқол шинохтааст, вале дар ҳама масъалаҳо наметавонад чун як кишвари мустақил тасмим гирад. "Дар хеле аз масъалаҳои мо кишвари Русия, ки абарқудрати минтақа аст, таъсир мерасонад, зери фишор қарор медиҳад ва мебинем, ки хеле корҳо ба манфиати Русия ҳал мешавад",-мегӯяд ӯ.

Сафаров дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, Тоҷикистон ба ҳайси як кишвари соҳибистиқолол нақшаҳои стратегияшро худ таҳияву амалӣ менамояд ва аз сӯи созмонҳои байналмилалие чун Созмони Миллалӣ Муттаҳид ҳамчун як кишвари мустақил шинохта шудааст.

Ӯ айни замон таъкид кард, ки Русия яке аз омилҳои бузурги нигоҳдории истиқлоли Тоҷикистон аст: "Русия тавонист, ки бо ёриҳои билоивази худ, аз лиҳози яроқ, машваратчиёни ҳарбӣ ба Тоҷикистон кумаки зиёд расонад ва дар нигоҳдории истиқлолият саҳм гузорад".

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Истиқлоли Тоҷикистон аз ду зовия

Ба қавли Аҳмадшоҳи Комил, барои он ки мустақилияти кишвар зери фишор қарор нагирад, бояд ба як кишвари тавлидкунандаву истеҳсолкунанда табдил ёбад: "Дар бозори ҷаҳон ҷойгоҳе дошта бошем, ки бо чунин ҷойгоҳамон кишварҳои ҷаҳон моро бишиносанд, яъне моро бишиносанд, ки як кишваре аст, ки иқтисоду сиёсаташ дар сатҳи болост, вале мо то ҳоло ба ин ҳад нарасидаем".

Сайфулло Сафаров дар бахши масоили иқтисодию иҷтимоӣ бисёре аз масъалаҳоро, аз қабили дастрасӣ ба нерӯи барқ ва роҳу мухобиротро қариб ҳалшуда медонад. Ӯ гуфт, "лекин сари чанд масъалаи дигар, бахусус масъалаи таъмини озуқа бояд андеша кунем ва он нақшаҳое, ки дар ин самт то солҳои 2030 таҳрезӣ шудаанд, иҷро намоем".

Ҳар сол дар Тоҷикистон рӯзи 9-уми сентябр Ҷашни Истиқлолро бо ташкили чорабиниҳои фарҳангиву сиёсӣ ва сайругашт дар боғҳо таҷлил мекарданд.

Ин навбат Ситоди муқобила бо бемории COVID-19 дар Тоҷикистон эълон кард, ки баргузории ҳамагуна маъракаи бахшида ба рӯзи Истиқлол дар кишвар манъ аст. Дар изҳороти Ситод гуфта шудааст, ки ин кор бо ҳадафи пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии пандемия ва "ҷилавгирӣ аз хуруҷи мавҷи дуюми бемории сироятӣ".

29 сол қабл, рӯзи 9-уми сентябри 1991, дар нишасти ғайринавбатии Шӯрои Олии Ҷумҳурии сотсиалистии Тоҷикистон Эъломияи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон қабул шуд. Зери ин санад раиси вақти Шӯрои Олӣ ва иҷрокунандаи вазифаи раисиҷумҳур Қадриддин Аслонов имзо гузошт ва дар таърихи миллати тоҷик саҳифаи наве ифтитоҳ шуд.

Тоҷикистон пас аз 8 моҳи эълони истиқлолият ба гирдоби ҷанги дохилӣ фурӯ рафт, ки панҷ сол идома кард. Дар ин ҷанг, ки то соли 1997, замони имзои Созишномаи сулҳ, давом кард, 150 ҳазор сокини Тоҷикистон кушта ва наздики як миллион нафар бехонаву дар шуд.