Суҳбат аз онҳое, ки мехоҳанд президент шаванд дар Озодӣ Онлайн. ВИДЕО

Дар ин барнома дар бораи интихоботи президентӣ ва раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон сӯҳбат мекунем ва ҳам онҳое, ки мехоҳанд, раҳбари ояндаи кишвар шаванд. Дар ин миён пешбарии номзадии Абдуҳалим Ғаффоров раиси Ҳизби сотсиалистӣ баҳс ва шубҳаи зиёдеро барангехт, ки оё ӯ мехоҳад, ба ҷойи Эмомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳур шавад ва ё фақат барои “демократӣ” нишон додани интихобот дар ин корзор ширкат мекунад.

Бисёре аз онҳое, ки ин суҳбати Абдуҳалим Ғаффоровро дар вебсайти Радиои Озодӣ ва ё Инстаграмм тамошо кардаанд, гуфтаанд, ки ӯ дар асл намехоҳад, раиси ҷумҳури Тоҷикистон шавад ва пешбарии номзадии демократӣ ва рақобатӣ вонамуд кардани интихобот аст.

Амири Шоҳ, як корбари саҳифаи Радиои Озодӣ дар "Фейсбук" чунин навиштааст: "Ин масхарабозиҳо то кай давом мекарда бошад. Агар хоҳед Тоҷикистон монанди Сингапур пешрафта шавад, дар муддати кӯтоҳ коррупсияро аз байн баред ва хешутабор бозиро дар муассисаҳои баланди давлатӣ бас кунед".

Корбаре, ки худро "Ҷебак" муаррифӣ кардааст, гуфтааст, ки ба ҳизби Абдуҳалим Ғаффоров, ки тарафдори ҳукумат аст, дастур додаанд, барои рақобатӣ нишон додани интихобот номзадии ӯро пешбарӣ кунанд.

Ӯ менависад: “Чӣ лозим маблағҳои буҷаро ҳайф карданд. Чӣ даркор мардумро беақл ҳисобидан. Магар намешавад, бо ин маблағ як дорухона созед. Бигузор ҷаноб танҳо номзадиашро гузорад. Ҳамин номзадҳои "кисагӣ"кай мардумро мефаҳмида бошанд.”

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

"Хешутаборбозиро дар муассисаҳои баланди давлатӣ бас кунед"

Нигора дар гушаи дигаре аз интернет ва дар саҳифаи Радиои Озодӣ дар Инстаграмм бо муроҷиат ба Абдуҳалим Ғаффоров гуфтааст, ки беҳтар аст, истироҳат кунад, чун синну солаш иҷоза намедиҳад, Тоҷикистонро раҳбарӣ кунад. Ӯ менависад: “Тағо хафа нашавед, вақти бознишаста шудану роҳат карданатон расидааст. Агар ба мо ваъда бидиҳӣ, ки пеш аз интихобот сарҳадҳо боз мешаванд, мо розӣ. Агар не, пас не.”

Корбари дигаре пешниҳод кардааст, ки барои шаффоф баргузор кардани интихоботу маълум кардани пирӯз шакли дигари раъйдиҳиро ба роҳ монанд. Пешниҳоди ин корбар, ки худро Ғанӣ муаррифӣ кардааст, чунин аст:

“Хуб мешуд барои ҳар як номзад сандуқи шишагини алоҳида мемонданд, бо ному фамилияи номзад дар танаш. Ҳар одаме, ки мехоҳад, ба номзади писандидааш раъй диҳад, варақаро дар сандуқи вай андозад. Овози додааш маълум мешавад, таққалуб аз байн меравад.”

Аммо корбари дигаре дар вебсайти Радиои Озодӣ навиштааст, ки нақшаи интихоботи раёсати ҷумҳуриро аз қабл кашидаанд ва маълум аст, кӣ пирӯз мешавад. Шарҳи ин корбарро мехонем, ки худро Нозири интернет муаррифӣ кардааст:

"Қаблан ҳамеша дар СССР интихобот як маъракае буд, ки иродаи мардумро дар он ба назар намегирифтанд. Пешакӣ ҳама натиҷаҳо дар бюроҳои Ҳизби коммунист ҳал мешуд. Ва тамоми раҳбарони баъд аз даврони шуравӣ то ҳол дар ҳамин тарзу қолаб "спектакли интихоботӣ" мекунанд. Бо интихоботҳои қалбакӣ мардумро барои манфиатҳои худ истифода мебаранд ва ягон демократия ва раъйи мардумиро қабул надоранд".

Агар ёдатон намонда бошад, бори дигар ёдрас мекунем, ки ба ғайр аз Абдуҳалим Ғаффоров, аз Ҳизби сотсиалист, Рустам Латифзода аз Ҳизби аграрӣ, Саидҷаъфар Усмонзода аз Ҳизби демократ ва Рустам Раҳматзода аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ ҳастанд ва албатта номзадии раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонро ҳам пешниҳод кардаанд.

Назару андешаву видеоҳои худро ба Вайберу Вотсаппу Телеграму Имо ба мо фиристед. Вебсайти мо ҳам барои хабару гузоришҳои тоза аст.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!