Баргузории маъракаҳои бахшида ба ҷашни Истиқлол дар Тоҷикистон манъ шуд

Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон ҳамзамон раиси Ситоди муқобила бо коронавируси нав аст

Ситоди муқобила бо бемории COVID-19 дар Тоҷикистон эълон кард, ки баргузории ҳамагуна маъракаи бахшида ба рӯзи Истиқлол дар кишвар манъ аст. Қарор дар ин бора 2-юми сентябр нашр шуд.

Ҳар сол дар Тоҷикистон рӯзи 9-уми сентябр ҷашни Истиқлолро бо ташкили чорабиниҳои фарҳангиву сиёсӣ ва сайругашт дар боғҳо таҷлил мекарданд.

Бар асоси қарори Ситоди муқобила бо бемории коронавируси нав дар Тоҷикистон:

  • баргузории ҳама гуна чорабиниҳои тантанавӣ,
  • чорабиниҳои фарҳангӣ-оммавӣ,
  • конфронсу нишастҳои ҷашнӣ,
  • шабнишиниҳо ва дигар чорабиниҳои оммавӣ бахшида ба ҷашни Истиқлол манъ мебошад.

Дар изҳороти Ситод гуфта шудааст, ин кор бо ҳадафи пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии пандемия ва "ҷилавгирӣ аз хуруҷи мавҷи дуюми бемории сироятӣ" мебошад.

Сайругашти идонаи сокинон дар боғҳои истироҳатӣ, бар асоси қарори ситод, танҳо бо пӯшидани ниқоби тиббӣ ва риояи фосилаи ҷисмонӣ, ки ду метр муқаррар шудааст, иҷозат аст.

Имсол Тоҷикистон 29-умин солгарди истиқлолро таҷлил мекунад.

Соли 1991 пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ Тоҷикистон истиқлоли худро эълон дошт. Тоҷикистон беш аз 70 сол як ҷумҳурии зери итоати Шӯравӣ буд.

Мақомоти Тоҷикистон дар шароите маъракаҳои бахшида ба ҷашни Истиқлолро манъ мекунанд, ки ҳафтаҳои ахир нигарониҳо аз бештар шудани беморони коронавирус афзудааст.

Ҳарчанд омори расмии Вазорати тандурустӣ дар бораи гирифторони беморӣ бетағйир аст ва ин ниҳод мегӯяд, рӯзона камтар аз 40 мавридро сабт мекунад, ҳафтаҳои ахир дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи афзоиши беморон хабарҳо нашр мешавад.