Дар рӯзҳои ахир мавҷи бузурге аз қиссаҳои такондиҳанда ва гоҳ боварнокарданӣ аз озори ҷинсӣ ва таҷовуз ба занон дар Эрон, дар шабакаҳои иҷтимоӣ сару садоҳоеро ба миён овард, ки ёдовари ҷунбиши ҷаҳонии "Ман ҳам" (MeToo) мебошад, ки сабаби ифшогариҳои ҷинсии бешумор дар саросари ҷаҳон шуд.
Ҷунбиши “Ман ҳам” дар соли 2017 дар расонаҳои иҷтимоӣ ба роҳ афтод. Шумораи зиёде аз занон дар саросари ҷаҳон аз ин унвон барои нишон додани паҳншавии густурдаи таҷовуз ва озори ҷинсӣ ба вижа дар муҳити кор ва маҳкум кардани он, истифода карданд.
Ҳоло Эрон ҳам дар "Твиттер" чунин ҷунбишеро дорад, ки занони зиёде пас аз солҳо хомӯшӣ, ба дигарон достонҳои азияти ҷинсӣ ва таҷовуз шудани худро қисса намуда, афроди ба иддаои онҳо "таҷовузкор"-ро ошкор карданд, ки дар миёни онҳо шахсиятҳои саршинос низ ҳастанд. Иттиҳоме, ки аз сӯи шуморе аз ин шахсиятҳо радд шудааст.
Пас аз 14 сол собиқ рӯзноманигори эронӣ Соро Уматалӣ хомушӣ дар бораи мавриди озори ҷинсӣ қарор гирифтанаш аз сӯи яке аз наққошони саршиносро шикаст. Ҳафтаи гузашта ин рӯзноманигори таҳсилдида дар Амрико ба таври муфассал дар бораи озори ҷинсие, ки иддао дорад дар тобистони соли 2006 ба ӯ сурат гирифт, қисса кардааст.
Уматалӣ гуфт, ки ӯ тасмим гирифт бо як наққоши саршинос дар бораи намоишгоҳе дар Осорхонаи миллии Теҳрон мусоҳиба анҷом диҳад. Наққош исрор кард, ки ӯ (Уматалӣ) аввал ба дафтари кории ӯ биояд ва баъдан якҷо ба намоишгоҳ мераванд. Баъд аз шаку тардид, ба дафтари ӯ рафт ва ӯро дар либоси қаҳваии пешаш боз дарёфт.
“Баъдан ӯ (наққош) ба ман (Уматалӣ) ҳамла кард”, гуфт ин зан.
“Вай маро маҳкам нигоҳ дошт, баданамро фишор медод ва мехост аз лабҳоям ком бигирад, ман то онҷо, ки метавонистам муқовимат кардам ва тавонистам аз шарри ӯ халос шавам”,-навишт ӯ дар "Твиттер".
Уматалӣ муваффақ шуд ба кӯча фирор кунад. Наққош дертар ба хиёбон баромад ва чунин вонамуд кард, ки гӯё ҳеҷ чизе рух надодааст.
Уматалӣ афзуд, вақте он рӯзро ба хотир меоварад, ӯро эҳсоси нафрат, тарс ва бекасӣ фаро мегирад.
Сарозер шудани навиштаҳо дар бораи иддаои озори ҷинсӣ, таҷовуз ва истифодаи ҷинсӣ дар Эрон бесобиқа ба назар мерасад. Ин амр боис шудааст, ки ҷунбиши “Ман ҳам”, ки дар солҳои гузашта дар саросари ҷаҳон роҳандозӣ шуд, дар Эрон мавриди таваҷҷуҳ қарор бигирад.
Як зан гуфт, ки вақте ба хонаи як дусташ рафт, аз сӯи ӯ (мард) таҷовуз шуд.
Дигарон ҳам бо иддаои ин, ки аз сӯи ҳамон мард мавриди таҷовуз қарор гирифтаанд, ӯро муттаҳам карданд, ки баъд аз хӯронидани шароби дорои маводи беҳушкунанда ба онҳо таҷовуз кардааст.
Фармондеҳи пулис Теҳрон рӯзи сешанбеи 25-уми август аз боздошти фарде (К. Э) хабар дод, ки муттаҳам ба озори ҷинсии даҳҳо духтар ва таҷовуз ба онҳо будааст.
Чандин нафари дигар як ҳунарманди машҳури муҷаммасоз, ва ҳамчунин як нависандаи маъруфро муттаҳам карданд, дар ҳоле, ки ҳадди ақал як нафар аз рафторҳои ҷинсии як филмсози саршинос сӯҳбат кардааст.
Баъзеҳо номи ин афродро ошкор карданд, бархе ғайримустақим ба он ишора кардаанд. Чандин мард ҳам ба ин корзор ё маърака пайваста, дар бораи таҷрибаи худ нақл кардаанд.
Аксбардор Райҳона Тароватӣ мегӯяд, ки вақте 19-сола буд, аз сӯи яке аз пешгомони аксбардорӣ дар Эрон мавриди озор ва азияти ҷинсӣ қарор гирифта буд. Як ҳунарманди зан навишт, ки чигуна як дугонаи ӯ аз сӯи як эронии ҳомии ҳуқуқ башар муқими Ню-Йорк таҷовуз шудааст.
Ҳадди ақал як зан аз талошҳои қонунии худ зидди фарде, ки ба ӯ дастдарозӣ карда, мунҷар ба муҷозоти муҷрим шуд, сӯҳбат кардааст.
Соро Уматалӣ ба Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ гуфт, ки ӯ пас аз хондани бархе гузоришҳо тасмим гирифт, ки мавриди озори ҷинсӣ қарор гирифтанашоро оммавӣ кунад.
“Ман бо худам фикр кардам”, “шумо дар Амрико ҳастед ва озодии бештаре нисбат ба Эрон доред то ин масъаларо ба таври ошкоро матраҳ кунед, пас чаро хомӯш ҳастед”.
“Бинобар ин, бо вуҷуди фишор ва изтиробе ки медонистам бо он рӯбарӯ хоҳам шуд, тасмим гирифтам дар мавриди таҷрибаи худ бинависам, ба умеди он, ки ин як нуқтаи оғоз барои ошкор кардани чунин ҳодисаҳо бошад”.
Ӯ умедворӣ кард, ки ин корзори роҳандозишуда сабаби огоҳии мардум дар ин росто хоҳад шуд.
Чунин бовар вуҷуд дорад, ки сӯистифодаи ҷинсӣ дар ҷомеаи Эрон роиҷ аст. Дар ин кишвар занон дар умум аз озор ва азияти ҷинсӣ дар хиёбонҳо шикоят мекунанд.
Бисёре аз занон ҳамчунин дар рӯзҳои гузашта дар мавриди озори ҷинсӣ дар маҳали кори худ гуфтаанд.
Саид Маданӣ, ҷомеашиноси муқими Теҳрон дар суҳбат ба Радиои Фардо – бахши эронии Радиои Озодӣ гуфтааст, ки дар Эрон мисли дигар кишварҳо қурбониёни суистифодаи ҷинсӣ майле ба изҳори назар надоранд.
Вай гуфт, “онҳо маъмулан дар пайи иқдомҳои қонунӣ нестанд, бинобар ин шумораи парвандаҳое, ки ба мақомот пешниҳод мешавад, бисёр маҳдуд аст ва ин мавридҳои маҳдуд ҳам оммавӣ намешаванд”,-афзуд ё.
Ба гуфтаи ин ҷомешиноси эронӣ, як сабаби суҳбат накардан дар бораи ин мавзуъ, сарзаниш шудани қурбониён аст. Саид Маданӣ мегӯяд, дар як ҷомеаи мардсолор, дар оғоз ҳамеша чунин фикр мешавад, ки занҳо гунаҳкор ҳастанд.