Камолуддин Абдуллоев. 100 сол бе Бухоро

Бухоро

То чанд рӯзи дигар аз замони, ба истилоҳ, инқилоб дар Бухоро сад сол мегузарад. Инқилобе, ки ба аморат хотима гузошт ва боиси ба сари қудрат омадани ҷавонбухориён - ҷадидон шуд, ки ҳукуматашон дер напоид ва комилан ба тобеияти Маскав гузашт. Соли 1924 Бухоро ҳамчун давлат аз харитаи сиёсӣ комилан аз байн рафт ва ба кишварҳои миллии Шӯравӣ тақсим шуд ва ба ҳайати СССР ворид гардид.

Дар мавзӯи инқилоб дар Бухоро, бахусус дар давоми 30 соли ахир китобу мақолаҳои зиёде навишта шудааст. Онҳо бештар дар бораи ҳодисаҳои солҳои 1920 қисса мекунанд, вале суолҳои "Бухоро чӣ буд? Дар он давра чӣ рух дод? Ва ҳаводиси сад соли пеш чӣ аҳамияти таърихӣ дорад?" ҳамоно бе посух мондаанд. Таърихнигори тоҷик Камолуддин Абдуллоев кӯшиш кардааст, ба ин суолҳо ҷавоб диҳад.

Камолуддин Абдуллоев

Камолуддин Абдуллоев, таърихнигор

Бухорои имрӯза маркази маъмурии вилоят ва як макони сайёҳӣ дар Узбекистон аст, аммо то моҳи сентябри соли 1920 машҳуртарин шаҳр дар саросари дунё ва пойтахти бузургтарин давлати минтақа бо номи Бухоро буд. Тақрибан 3 миллион тоҷику узбек, яҳудӣ, туркман ва қирғиз дар ин аморат зиндагӣ мекарданд. Бухоро дар харита марди каҷпаҳлухобидаеро дар канори дарёи Ому мемонд, ки сараш ба сӯйи саҳрои Хоразм ва пойҳояш ба тарафи кӯҳҳои Помир дароз карда шуда буданд.

Ҳарчанд бештари шоҳкориҳои меъмории Бухоро то асри 18 бунёд шуда, аморат асри 20-ро бо як салтанати фарсудаи истибдодӣ пешвоз гирифт, он барои мусулмонони тамоми Шарқи Миёна ва Осиёи Ҷанубӣ рамзи бузургии дин буд. Бино ба эътирофи сиёсатмадорони рус, Бухоро баъд аз Туркияи Усмонӣ бонуфузтарин минтақа дар олами Ислом буд.

Дар Ҳиндустону Покистон садҳо нафар то ба имрӯз бо ифтихор насаби худро "Бухорӣ" меноманд. Ба назари таърихшиноси муосири покистонӣ, Ориф Ҳасанхон Охундзода, бештари бухориҳои Покистон худро саидзода (ворисони паёмбар Муҳаммад) меҳисобанд, ки дар асрҳои миёна аз Бухоро ба Ҳиндустон рафтаанд.

Ричард Фрай, донишманди амрикоӣ, ба ҷонибдорӣ аз даъвои аҳамият доштани Бухоро дар таърихи Ислом менависад, Бухорои Сомониён (819-999), ки пойтахти Эрон ва Осиёи Марказӣ буд, "дар ҷаҳонӣ гардонидани Ислом ҳамчун дин ва тамаддун нақши муҳим бозидааст". Донишманди фаронсавӣ Оливе Руа менависад, то омадани русҳо ба Самарқанду Бухоро дар асри 19, афғонҳо таҳсил дар Бухороро назар ба Ҳиндустон беҳтар мешумориданд. Илова бар ин, мусулмонони Русия: Қафқоз, Сибир, минтақаи Волга ва Қрим низ барои таҳсил ба Бухоро мерафтанд.

Бухороро аз соли 1756 то соли 1920 сулолаи узбекони манғит идора мекард, ки аҳамияти он аз маҳдудаи Осиёи Миёна берун намешуд ва ба Хуросон низ он таъсире, ки пештар дошта буд, надошт. Бо вуҷуди он, низоми маъмурӣ, сохти давлатдорӣ ва бартариҳои фарҳангии аморат ба анъанаҳои эронии Ҳахоманишиниён, Сосониён ва Сомониён рост меомад. Бухоро дар давоми ҳазор сол, бо шумули давраи “узбекӣ” ё баъдичингизии таърихи худ (аз миёнаҳои асри 18 сар карда) яке аз марказҳои машҳури фарҳанги форсӣ-исломӣ буд.

Аз зумраи барҷастатарин зеҳнҳои аморат, ки дар асрҳои 19 ва аввали 20 зиндагӣ кардаанд, метавон маорифпарвару таърихшиносон Аҳмади Дониш (1827-1897) ва Мирзомуҳаммад Абдулазизи Самиро (1837-1908) ном гирифт. Амирони турку муғул ва узбек ҳарчанд худро ба аҳолии тоҷик пирӯз мешумориданд, фарҳангу забони худро бар он таҳмил намекарданд. Илова бар ин, онҳо ҳаводору сарпараст ва донишманди шеъри классикии форсӣ-тоҷикӣ буданд.

Амир Олимхон

Бештари онҳо, аз ҷумла амирони ахир Абдулаҳадхон (1859-1910) ва Олимхон (1880-1944) худ шеър эҷод мекарданду хотирот мегузоштанд. Эроншиноси канадаӣ Ричард Фолтс беҳуда раҳбарони турки Осиёи Марказиро "ҳомиён ва машҳуркунандагони аслии тамаддуни эронӣ" наномидааст. Дин ва фарҳанги умумӣ ба Бухоро имкон дод, ки беҳамоҳангӣ ҳамзистии бонизоми тоҷику узбек, яҳудӣ ва халқҳои дигарро то як дараҷа таъмин кунад.

Боварнакарданист, аммо қарори манъи иҷбории истифодаи забони форсӣ дар аморат ва роҳандозии коргузорӣ дар Бухороро ба забони туркӣ на узбекҳо, балки форсизабонон, бахусус аъзои ҳукумати Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро (1920-1924) ҷорӣ кард.

Бино ба шоҳидии бошқирдтабор Аҳмад Валиди Тоған (1890-1970), ҳукумат ба ҷуз аз як вазири мудофиа, ки узбектабор буд, боқӣ аз бухориён иборат буд, ки байни худ бо тоҷикӣ суҳбат мекарданд. Манъи истифодаи забони тоҷикӣ бо мулоҳизаҳои усулӣ ҷорӣ шуда буд, зеро муосиргароёни Бухоро намунаи Туркияро, ки бештарашон дар он таҳсил карда буданд, пайравӣ мекарданд ва кӯшиш менамуданд дар ҳама маврид ба он монанд бошанд. Забони тоҷикӣ барои онҳо ба муҳофизакорӣ ва рӯҳоният монандӣ дошт.

Чӣ гуна Бухоро – мағзи сиёсиву фарҳангии тамоми минтақа ва вориси тамаддуни чандинасра аз байн рафт?

Омилҳои берунӣ

Ёдрас мешавем, дар нимаи дувуми асри 19, пас аз муқобалаи сусту на он қадар дароз ба сарбозони рус, Осиёи Миёна суқут кард. Соли 1869 амири Бухоро тобеи императори рус шуд ва империяи Русия дар соҳили тарафи рости Ҷайҳун (дарёи Ому) ҷойгир гардид.

Пас аз Бухоро, Хива низ суқут кард. Хонигарии Қӯқанд соли 1876 ба ҳайати Русия ҳамчун вилояти Фарғонаи минтақаи Туркистони Империяи Русия пайваст. Дар аввал муносибатҳои Бухоро ва маъмурияти Русия тавассути генерал-губернатори генералии Туркистон, ки мансабдор оид ба умури хориҷиеро дар ихтиёр дошт, сурат мегирифт, аммо баъдан дар Бухоро намояндаи сиёсии император таъин шуд ва ҳама масъалаҳо ба ӯ супорида шуданд.

Русия Бухороро ба ҳайати империя напайваст ва сабаби асосӣ ин буд, ки намехост ба манфиатҳои Англия зарар расонад ва Англия ҳам дар навбати худ бо Афғонистон чунин бархӯрд намуд. Ин ду буфер-давлат миёни ду империя расман мустақил монданд, вале яке аз сӯи Русия ва дигаре аз тарафи Англия идора мешуданд.

Агар амирони Бухоро, ки 63 сол таҳти ҳокимияти шоҳӣ буданд, бе пайвастшавии расмӣ ба ҳайати империя ба хушомадгӯй табдил шуда бошанд, пас, афғонҳо аз худ шахсияте нишон доданд. Онҳо дар давоми солҳои 1838-1919 се бор бо Англия ҷанг карданд ва дар ҳеч кадоме набохтанд. Истиқлоли худро ба даст оварда, ҳам ба Русия ва ҳам ба Англия бетарафиро ваъда доданд. Вақте соли 1919 амир Олимхон ба афғонҳо пешниҳод кард, ки барои бо муқобала бо таҷовузкории эҳтимолии Шӯравӣ бо ҳам иттиҳод кунанд, афғонҳо бо ирсоли нерӯи на он қадар бузурги низомӣ барои муҳофизати шахсии амир ба нармӣ пешниҳодро рад карданд.

Амири Афғонистон Амонуллохон (1892-1960) баъди ҳамлаи Артиши сурх ба Бухоро дар моҳи сентябри соли 1920 эътироз баён кард, вале аллакай дар моҳи декабри он сол ба Владимир Ленин бо изҳори умед ба мададу ҳамкорӣ нома навишт ва боре ҳам сарнагун шудани ҳукумати исломиро дар Бухоро зикр накард.

Бархӯрди Англия ба тақдири Бухоро чӣ гуна буд? Англия дар солҳои 1918-1919 ба амир таваҷҷуҳ нишон дод ва дар ивази эътирозҳои зиддирусӣ дар Бухоро ваъдаҳои пинҳонӣ дод. Ин боис шуд, ки бештари таърихнигорони Шӯравӣ бовар доштанд, босмачиҳо ва амир "агент"-ҳои империализми ҷаҳонӣ мебошанд.

Ин муболиғаи ошкоро аст. Бритониё, албатта, хостори ҳамагуна мушкилот барои Русия буд, вале бештар аз он ҳарос дошт, ки дар сурати суқути ҳукумати Русия дар Осиёи Миёна ҳарҷу марҷ ва исёни "мусулмонони ифротгаро" дар минтақа ба миён меояд, ки ба ҷомеаҳои мусулмоннишини Ҳиндустон ҳам таъсир расонда, ба худи Англия низ таҳдид мекунад.

Амир то охирҳои соли 1920 ба босмачиҳо ваъда медод, ки Ғарб кумак хоҳад кард. Бозиҳои бенатиҷаи Олимхон бо англисҳо танҳо бадбинии болшевикҳо ва бетарафию хашми афғонҳоро ба бор овард. Бо ин ҳол, Амонулло ба Олимхон ва садҳо ҳазор гурезаву муҳоҷири Осиёи Марказӣ паноҳгоҳ дод.

Инқилоб ё ҷанг?

Сабаби асосии “инқилоби сентябр” дар он буд, ки Русия мехост, минтақаи омода барои мустақил шуданро пас аз инқилоби 1917 таҳти назорати худ дароварда, бо ин роҳ амирро, ки қасди ба даст овардани дастгирии Ғарбро дошт, ҷазо диҳад.

Кӯшиши аввал охирҳои моҳи феврали соли 1918 замоне сурат гирифт, ки Шӯрои Комиссарони Халқии Туркистон бе нигоҳ кардан ба Маскав бо дархости ҳизби ҷавонбухороиён – ҷадидҳо бо раҳбарии Файзулло Хоҷаев (1896-1938) хост, аморатро ба ҳам бизанад. Шӯрои Комиссарони Халқии Туркистон рӯзи 28-уми феврали соли 1918 раҳбари худ Федор Колесовро барои гуфтугӯ бо амир ба Бухоро фиристод. Колесов дар шакли шартгузорӣ пешниҳод кард, ки ҷавонбухороиён ба ҳайати ҳукумати Бухоро шомил карда шаванд. Табиист, ки амир рад кард.

Сипас, 2-юми март, артиши сурх ба шаҳри Бухоро ҳамла кард. Амир дар посух гуруҳи бузурги сарбозонро ҷамъ овард. Бино ба гуфтаи шоҳид Муҳаммадалӣ Балҷувонӣ, бухороиҳо ба амир муроҷиат карданд, ки "мо ҳуррият (инқилоб)-ро намехоҳем, дастур бидеҳ ва ҷанг хоҳем кард". Ҳамлаҳои болшевикҳо зуд бо шикасти ҳамлаварон ба поён расиданд. Дар натиҷа, "ҷиҳод" эълом шуд ва бештари русҳо, ки дар аморат ба сар мебурданд (асосан кормандони роҳи оҳан ва марзбонҳо) латукӯб шуданд. Ҷамъияти пурҳаяҷону мутаассибони таҳрикшуда танҳо баъд аз буридани сари даҳҳо рус дар саросари Бухоро ором шуд.

Лаҳзаи муносиб барои гирифтани қассос аз бухороиҳо ва амир танҳо баъд аз 2,5 сол, дар моҳи сентябри соли 1920, фаро расид. То он замон иттифоқҳои таассуфоваре барои Русия рух дод. Аз ҷумла, шикасти Ҷумҳурии мардумии Маҷористон (1918-191), суст шудани ҳаракати инқилобӣ дар Олмон ва талафоти Балтика, ки ҳукумати Шӯравиро водор кард, то ба Шарқ муроҷиат кунад.

Аз нигоҳи стратегӣ ҳадафи асосии Русияи Шӯравӣ на Бухоро бо артиши заифаш, балки Ҳиндустон буд. Ҳамин тариқ, инқилоб дар Бухоро ҳамчун ҷузъи инқилоби ҷаҳоние баррасӣ мешуд, ки ҳадафи он Париж ва Лондон буд.

Онро болшевикҳо-фармондеҳони сурхи наздик ба атрофиёни Ленин ба раҳбарии М.В.Фрунзе, ки моҳи июни соли 1920 "кӯчонидани маҳалли амалиётро то ба берун аз Афғонистон" пешниҳод кард, раҳбарӣ мекарданд. Ёдрас мекунем, дар луғати сиёсии Русия он замон ҳар чизе дар ҷануби дарёи Ому буд, Ҳиндустон ҳисобида мешуд, ки онро Англия соҳибӣ мекард. Барои Русия ва Иттиҳоди Шӯравӣ бадбинии Ғарб якбора аз Панҷ оғоз шуд.

Фрунзе 2-юми сентябри соли 1920, баъд аз ҳамлаи сахту харобиовар ба Бухоро ба Ленин нома навишт, ки "охирин сангари ҷаҳолатпарастӣ ва иртиҷоъпарастии Бухоро суқут кард. Парчами сурхи инқилоби ҷаҳонӣ бо пирӯзӣ бар Регистон парафшон аст". Фрунзе аз тахаюлоти инқилобӣ-ошиқонаи хос ба баъзе аз раҳбарони Коминтерн, ки ҳамоно бовар доштанд, инқилоб ин гардиши бузурги сиёсӣ бо иштироки чандин миллион одам аст, озод буд.

Ба назари ӯ, артиши инқилобӣ барои ҳамла ба Бухоро бояд аз "сарбозони сурхи рус, бахусус аз вилоятҳои марказии Русия, ки огоҳтару руҳияи инқилобии бештар доранд, ташкил карда шавад." Сокинони маҳаллӣ дар ҳамла ба Бухоро иштироки рамзӣ доштанд.

Артиши Сурх дар ҳайати ба истилоҳ, экспедитсияи Ҳисор аввалҳои соли 1921 ба дарунтари Бухорои Шарқӣ – водиҳои Ҳисору Вахш ва сипас Кӯлобу Қаротегин ва Давроз рафта, дар онҷо бо муқовимати сахти ба истилоҳ босмачиҳо – гуруҳҳои низомии муташаккил аз артиши боқимондаи Бухоро ва гурӯҳҳои қабилавӣ рӯбарӯ шуданд. Ба ҳайати экспедитсия таърихшиносони низомие шомил шуданд, ки ҳадафи онҳо муайян кардани шонс ё имкониятҳои комёбии юриш ба Ҳиндустон буд.

Хулосаи онҳо ноумедкунанда буд. Онҳо иқрор карданд, ки "дар Бухорои Шарқӣ, дар умум дар Бухоро зидди ҳукумати амалкунанда, ки аз он Ҳукумати Шӯравӣ ҷонибдорӣ мекунад, қиёми инқилобии мардумӣ вуҷуд дорад."

Табъан, соли 1921 сухан аз ҳеч гуна экспедитсияи ҳинду афғон намерафт. Стратегҳои Шӯравӣ дарк мекарданд, ба Афғонистон наметавонанд ҳамла кунанд, дар шароите ки дар ақибгоҳашон мардуми ғайридӯст ҷойгир бошад. Бинобар ин, тасмим гирифта шуд, ғасби инқилобӣ дар ин минтақаи Бухоро маҳдуд шавад.

Ба ин тартиб, муқобилияти бухороиҳо дар баробари наҷоти ҳукумати англис аз ҳамлаҳои эҳтимолӣ дар тағйири масири раҳбарии Шӯравӣ нақши муҳим дошт, ки дар аввал даъвоҳои байналмилалӣ дошта, бо ба даст овардани қудрат дар соли 1920 боқӣ мондани Русияро, ки таҳти ҳокимияти болшевикҳо қарор дошт, таъмин намуданд.

Маҳз дар ҳамин давра марксизм-ленинизми русӣ ранги миллатгароии давлатӣ гирифт ва билохира "босмачигарӣ" бо ифротгароӣ ва майли худ ба хушунат дар рушди сиёсии ҷомеаи ақибмондаи Бухоро ва тақсим шудани он ба ду гуруҳ – мухолифон ва ҷонибдорони ҳукумати Шӯравӣ мусоидат кард. Дигарон низ талош карданд, ки идеал ва авлавиятҳои худро муайян ва манобеи мавҷударо барои ба даст овардани онҳо сафарбар намоянд.

Як сабаби дигари ғасби Бухороро зикр кардан зарур аст. Дар тасаввури аврупоиҳову русҳо Бухоро як кишвари сарватманди афсонавӣ буд. Дар ҳақиқат, соли 1920 дар онҷо захираи ғалла барзиёд буд. Низомиёни баъд аз ғасби Душанбе, Ҳисор, Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб дар баҳори соли 1921 зуд захира кардани ғалла ва гӯшт барои Артиши Сурх оғоз карданд. Манбаъҳои ғизоӣ ва моддии Бухоро (бо шумули тилои амир) ба Русияи Шӯравӣ кумак карданд, ки солҳои 1921-1922 гуруснагӣ ва буҳрони ғизоиро пушти сар кунад.

Муносибати нухбагони Бухоро: Ҷадидия

Ҷадидиҳои Бухороро одатан ислоҳотгарони ҷунбиши зеҳнии исломӣ меҳисобанд. Ин ҳаракат аз як ҳизби сиёсӣ дида, бештар ҷунбиши фарҳангӣ буд. Ҳайати сиёсии ҷадидиҳо ба раҳбарии Файзулло Хоҷаев сиёсатҳои Русияро "кӯркӯрона" пайгирӣ мекарданд.

Ҷадидиён дар фикри озодӣ ё раҳоӣ аз вобастагии истеъмории Русия набуданд. Дар ҷомеа як тавофуқе буд: ҳам амирҳо ва ҳам буржуазияи пайдошуда ояндаи худро бо Русия пайванд мекард. Тамоюли хуб нигаҳ доштани муносибатҳо бо Русия иртибот бо гузаштагонро аз байн бурд, ки ёдоварии онҳо ҷомеаро барои ба даст овардани истиқлол, чӣ аз роҳи осоишта ва чӣ аз роҳи хушунатомез таҳрик мекард.

Хонигариҳои ақабмондаи Қӯқанд, Хива ва аморати Бухороро бо Туркияи Усмонӣ, Форс ва Чини муосир наметавон муқоиса кард. Дар он ҷойҳо кӯшишҳо барои озодӣ ва дар аввали асри 20 инқилобҳои худҷӯши дохилӣ ба чашм мерасид. Шиори “Озодӣ ва Истиқлол”, ки пас аз Ҷанги Якуми Ҷаҳон зиёд истифода мешуд ва пояҳои империализми ҷаҳониро сахт такон дода буд, барои нухбагони равшанфикри вақти Бухоро, ки танҳо барои навсозӣ, пешрафт ва маориф мубориза мебурданду аз ҳама гуна талаботи сиёсӣ ва даъвоҳои қудрат канорагирӣ мекарданд, арзиш надошт.

Худи амир, ки аз ҳаводиси ҷорӣ дар Эрону Туркия огаҳ буд, медонист, ки тағйирот дар Бухоро низ ногузир аст ва ҳатто барои дастёбӣ ба як навъ созише бо ҷадидиҳо талошҳоеро низ анҷом дод. Ӯ моҳи апрели соли 1917 бо розигии Ҳукумати муваққати Русия ҳатто тасмим гирифт, "маромнома"-еро бо ваъдаи ислоҳот қабул кунад. Вале муллоҳо нагузоштанд, ки ӯ ин корро кунад ва бо розигии хомӯшонаи амир ҷадидиён мавриди ҳамла қарор гирифта, аз ҷумла Садриддин Айнӣ (1878-1954)-ро латукӯб карданд.

Ҷадидони Бухоро дар пайи ин шикаст бо мусоидати болшевикҳои маҳаллӣ, ки қасди ҳеч гоҳ тақсим накардани қудратро бо сокинони маҳаллӣ пинҳон намедоштанд, ба Тошканд фирор карданд. Ҷои тааҷҷуб нест, ки онҳо фурсатро аз даст надода, ҷадидонро дар “Юриши Колесов” ва сипас дар ғасби Бухоро ҳамчун "авангардҳои инқилобӣ" истифода карданд.

Дар тӯли 20 сол қариб ҳама ҷадидоне, ки Шӯравиро ҷонибдорӣ мекарданд, саркӯб карда шуданд. Зиёиёни Бухоро, ки ба ҷадидон ҳамдардӣ баён мекарданд, режими Шӯравиро дастгирӣ карданд ва дар бунёди фарҳангии Узбекистон ва Тоҷикистон фаъолона иштирок карданд.

Як қисми хурди ҷадидиҳо бо раҳбарии Усмон Хоҷаев (амакбачаи Файзулло Хоҷаев), ки бо коммунистҳо розӣ набуд, дар нимаи дувуми соли 1921 пеш аз паноҳ бурдан ба Афғонистон ва Туркия бе комёбии хосе кӯшиш кард, то бо босмачиҳо забон биёбад.

Дар умум бухороиҳо натавонистанд иттиҳодияи миллӣ ё ҳаракати исломиеро ҳамчун интихоби колониализм ва болшевизм таъсис диҳанд. Ҷунбиши озодихоҳ аз ҳукумронии хориҷиҳо, ҳамсони миллатгароии ҳиндуӣ, ки ба колониализми бритониёӣ посухи муносибе шуд.

Даъватҳои ҷадидиҳо маҳз ба сиёсат дахл надошт, он ба мактабҳо маҳдуд шуда, бо таҳти фишор қарор додани уламо мехостанд, ҳаққи назорати барномаҳои таълимиро аз онҳо бигиранд. Ҳеч гуна сухане аз итоат накардан ба ҳукуматдорон, исён ва табаддулоти низомӣ намерафт. Деҳоту бозорҳо ба майдони фаъолияти ҷадидиҳо шомил намешуд ва мадрасаву мактабҳои куҳна бо донишомӯзону муллоҳояшон лонаи душманони онҳо маҳсуб мешуданд.

Барои ҷадидон, аҳолии Бухоро хеле бесавод буданд, то бо онҳо дар сатҳи баробар гуфтугӯ кунанд. Шинохти паст будани худ дар муқоиса бо миллатҳои "пешрафтатар" наметавонист ғояи миллӣ бишавад. Он ба таслим монанд буда, роҳро барои тасаллути хориҷӣ мекушод.

Албатта, ҷадидиҳо барои мардум некиро мехостанд, вале натавонистанд, далелҳои муносибро пайдо кунанд, то мардум дастҷамъона аз барномаҳои онҳо пуштибонӣ кунанд. Суханҳои зарурӣ дертар, дар миёнаҳои солҳои 1920-ум дар доираи бунёди Тоҷикистони Шӯравӣ пайдо шуданд ва онҳоро низ Садриддин Айнӣ бо тамаркуз ба даврони Сомониён, таърихи бойи фарҳангии Бухоро, бахусус ба классикони адабиёти форсу тоҷик интихоб кард.

Ҷойи таассуф аст, ки ин ва идеяҳои дигар ба зеҳни зиёиёни Бухоро зудтар нарасид, вале бояд гуфт, дар таърих сиғаи шартӣ вуҷуд надорад.

Хулоса

Аморати Бухоро нимамустамликаи ақибмондаи Русия бо як режими иртиҷоӣ буд, ки сиёсати дохилӣ ва хориҷии мубҳамеро пеш мегирифт. Аз байн бурдани истибдод, аз даст додани қобилияти худсозӣ дар оғози асри 20, шомилшавӣ ба Русияи подшоҳӣ дар ҳайати Русияи Шӯравӣ дар пеши чашми ҷаҳониён ҳарчанд аз ҳад зиёд бераҳм менамуд, вале ногузир буд.

Вокуниши ҳамаи абарқудратҳое, ки амир Олимхон ба онҳо муроҷиат карда буд, ба суқути аморат беҳуда як навъ набуд. Дар зеҳни ҳамаи онҳо ҷой шуда буд, ки Бухоро моликияти Русия аст.

Шояд, Бухороро лозим буд бо ҳам ҳимоят ва ҳифз кунанд. Чун хилъат ҳарчанд куҳна бошад ҳам, онро метавон тозаву дарзмол кард ва дубора пӯшид ё дар девор овехт. Зеро он хилъати падарӣ асту аз падарбузург ба мерос мондааст. Бухоро хонаи муштараки тоҷикон, узбекҳо, яҳудиён, туркманҳо, эрониҳо, ҷӯгиҳо, афғонҳо, ҳиндуҳо ва дигарон, шаҳри бузурги космополитии дорои фарҳанги яксон ва бидуни шак як давлатгунаи қонунӣ буд.

Бухоро, ба монанди Хива ва ҳатто топонияи баъдӣ "Туркистон" низ метавонист, таърихи худро бо комёбӣ идома диҳад. Ба монанди Гурҷистону Арманистон, ки мисли Бухоро давлатҳои қадимиянд.

Инқилоб бо роҳи зӯрӣ Бухороро аз фарҳанги муносибатҳои байналмилалӣ берун карда, анъанаи давлатдории чандинасраи онро ба ҳам зад. Бухоро баъд аз суқут ва ҷудошавии тоҷикону миллатҳои дигар маҷбур шуд, дар доираи миллатгароӣ таърихи давлатдории худро аз сар оғоз кунад.

Дар замони Шӯравӣ таърихнигории тоҷикону узбекҳо аксари вақт ба якдигар таҳмил мешуданд, ки норозигиҳо ва ихтилофҳои сахти тафсириро ба миён меовард. Талафоти фарҳангии Бухоро рӯшан аст.

Тоҷикистон дар ҳудуди маъмурие, ки солҳои 1924-1929 муайян шуда буд, худро дар канори фазои фарҳангӣ, сиёсӣ ва иқтисодие пайдо кард, ки асоси он Бухоро буд. Дар ин ҷумҳурӣ соли 1924 шаҳреро пайдо карда натавонистанд, ки пойтахт эълом кунанд. Бо вуҷуди он ки аз қадим аксарияти аҳолии шаҳрҳои Осиёи Марказиро тоҷикон ташкил медоданд. Дар даҳсолаи аввали ҳукумати Шӯравӣ ҳазорҳо бухороӣ, самарқандӣ ва зодагони донишманду таҳсилдидаи минтақаҳои дигари тоҷикнишини Узбекистон тавассути ағбаи кӯҳӣ худро ба Душанбе расонданд, то дар як макони холӣ Тоҷикистони имрӯзи худро бисозанд.

Дар миёни онҳо ходимони давлатӣ, нависандагон, донишмандон ва ҳунармандон аз қабили А.Муҳиддинов (1892-1934), С.Айнӣ (1878-1954), С.Улуғзода (1911-1997), С.Умаров (1908-1964), Аслӣ Бурҳонов (1915-1997) ва дигарон буданд.

Ҳамин тариқ, Бухоро дар даврони Шӯравӣ дигар маркази ҷалби тоҷикон набуд ва забони он ки аз ҳимояти давлатӣ маҳрум ва аз Тоҷикистон ҷудо шуда буд, ба як забони маҳаллӣ табдил ёфт.

Бухороиҳо сад сол пеш натавонистанд кӯшишҳои худро якҷо карда, дар баробари ватанашон истодагарӣ намоянд. Норасоии масъулиятшиносӣ, ифтихори миллӣ ва нерӯ халал расонд. Ин ҳомии фарҳанги сиёсӣ дар наслҳои баъдӣ низ идома ёфт. Озодӣ ба тоҷикон тавассути телевизион расид, ҳамон тавре ки моҳи ноябри соли 1917 ҳукумати Шӯравӣ ба Тошканд тавассути телеграф рафта буд.

Ин озодӣ на дар натиҷаи талошу муборизаҳо, балки барои он ба даст омад, ки Русия дигар барои нигаҳдории майдоне, ки сад сол пеш дар наздикии Ҳиндустони мавриди назар ғасб карда буд, на сармоя дошт ва на ҳавасмандӣ.

Аз Идора. Матолибе, ки дар ин гӯша ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!