"Red Wings Airlines" аз Русия ба Тоҷикистон парвозҳои чартерӣ анҷом медиҳад

Ширкати ҳавоии русии "Red Wings Airlines" барои анҷоми паврозҳои чартерӣ аз Русия ба Тоҷикистон иҷозат гирифтааст. Дар ин бора хабаргузории "Азия плюс" бо такя ба манбаи худ дар сафорати Тоҷиикистон дар Русия хабар додааст.

Ҳавопаймоҳои ин ширкат аз 30-юми август ба парвозҳои ғайринақшавӣ мепардозад. Ба қавли манбаъ, аз 1-уми сентябр шумораи парвозҳои чартерӣ аз манотиқи мухталифи Русия ба Тоҷикистон бештар хоҳад шуд. Яъне дар баробари ду ширкати тоҷикӣ "Сомон Эйр" ва "Тоҷик Эйр, ду ширкати русӣ -- "Уралские авиалинии" бо "Red Wings Airlines" парвозҳоро анҷом хоҳанд дод.

Манбаъи "Азия плюс афзудааст, аз аввали сентябр ҳамарӯза ба камияш ду парвоз аз Маскав ва як рӯз пас аз Санкт-Петербург ба Тоҷикистон парвоз анҷом хоҳад шуд. Дар бораи роҳандозии парвозҳои доимӣ ва боз шудани марзҳо ҳанӯз хабаре нест.

Бо сабаби пандемияи коронавирус рӯзи 27-уми март парвозҳои байналмилаливу чартерӣ аз Русия ба хориҷ қатъ шуд. Русия рӯзи 1-уми август парвозҳои маҳдудро бо Бритониё, Туркия ва Танзания аз сар гирифт ва 15-уми август иҷозаи парвоз ба Швейтсарияро дод.

Феълан ҳеч хабаре дар бораи эҳтимоли ба роҳ мондани парвозҳо ба самти кишварҳои дигаре ба монанди Тоҷикистон нашр намешавад. Мақомоти Тоҷикистон рӯзи 15-уми август хабар дод, ки то охири ин моҳ байни ду кишвар 55 парвози чартерӣ ё ғайринақшавии ҳавопаймоҳо ба нақша гирифта шудааст.