Хонаводаи як донишманди тоҷикро баъд аз ду моҳи фавташ аз коронавируси нав тақрибан 6 ҳазор сомонӣ, муодили 600 доллари амрикоӣ, ҷарима бастаанд. Мақомот онҳоро ба баргузории маросими "чил" айбдор мекунанд, вале пайвандон беасос мешуморанд.
Ҳоким Абдулов, донишманди физикаю математика, аввали моҳи майи имсол аз бемории коронавируси нав фавтид ва ӯро табибон зери чораҳои сахти беҳдоштӣ дафн карданд. Тоҷигул Гадоева, ҳамсари ӯ, гуфт, ҳанӯз ғами аз даст додани падари фарзандон кам нашуда, фикри аз куҷо ёфтани пули ҷарима зам шудааст.
"Панҷ кило биринҷро ош кардем. Гуфтем, ҳар нафаре ба фотеҳахонӣ омад, мехӯрад ва мондаашро ба ҳамсояҳо тақсим мекунем. Барои ин маро ба додгоҳ кашиданд. Ман гуфтам, ба 150 нафар нон надодаам, ҳамагӣ се нафар омада буд",- нақл ӯ рӯзи 26-уми август дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.
Гадоева мегӯяд, ин тасмимро ҳам барои он гирифт, ки баъд аз марги шавҳараш аъзои дигари оила бемор шуда, зери назорати пизишкон қарор доштанд ва "аз тарс касе барои таъзия наомад". "Ягон маъракае ҳам баргузор нашуда буд", - афзуд ӯ.
Кормандони бахши танзими ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар санаде навиштаанд, "Тоҷигул Гадоева маросими азодориро бо додани таом дар ҳаҷми 10 кило биринҷ баргузор кард ва бо ин қонуни танзимро вайрон намуд".
Маҳмадсаиди Шарофиддин, роҳбари бахши танзим дар ин ноҳия, рӯзи 26-уми август гуфт, дар замони, ба қавли ӯ, карантин ҳамагуна баргузории маросим манъ буд: "Мо ҳар рӯз санҷиш мегузарондем. Мушоҳида кардем, ки дар як бино ду дег монда, таом мепазанд, ҳар ду ҳам барои баргузории маросими чил. Ҳардуро ҷарима кардем."
Бар асоси қонун дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросими миллӣ баргузории маъракаи азодорӣ, аз ҷумла "чил" дар асоси тавсияномаи мақоми ваколатдор ва бидуни додани таому забҳи чорво бояд баргузор шавад. Ин қонунро ҳанӯз соли 2007 қабул кардаанд.
Гузориши видеоиро дар ин ҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Тоҷигул Гадоева мегӯяд, барои таҳияи хӯрок аз мақомоти маҳаллӣ иҷоза гирифта буд ва "онҳо нагуфта буданд, ки ин кор хилофи қонун аст". Ҳамсуҳбати мо афзуд, дар замони пандемияи коронавирус таъмингари хонаводаро аз даст дод, барои табобати худу фарзандон пули зиёд сарф кард ва ҳоло имкони пардохти ҷаримаро надорад.
"Намедонам, ин миқдор пулро аз куҷо ёбам. Ягон кас мадад накардаст, дар мақомоти маҳаллӣ ҳам гуфтанд, кумак мекунем, вале хомӯш ҳастанд. Мегӯянд, соли дигар ёрӣ мерасонанд", -- афзуд ӯ.
Тибқи омори расмӣ дар шаш моҳи аввали имсол мақомоти Тоҷикистон барои поймол кардани қонуни танзими анъана ва ҷашну маросим нисбат ба 322 кас парвандаи маъмурӣ кушодаанд. Дар Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллии Тоҷикистон, гуфтанд, омори ҷудогонаи қонуншиканиҳоро дар давраи пандемияи коронавирус дар даст надоранд.
Вазорати тандурустӣ мегӯяд, аз рӯзи 30-юми апрел то 26-уми август коронавируси нав дар саросари кишвар ба 8413 нафар сироят кардааст, вале тақрибан 86 дар сади онҳо ё 7214 кас аз чанги ин беморӣ раҳо шудаанд.
Талафот аз COVID-19 ба гуфтаи мақомот 67 нафарро ташкил медиҳад. Бисёре аз мутахассисон, мегӯянд, ки омори расмии мақомот, миқёси воқеии сирояти беморӣ ва талафот дар Тоҷикистонро нишон намедиҳад ва теъдоди беморону фавтидагон бештар аз он аст, ки вазорати тандурустӣ мегӯяд. Муассисаҳои байналмилалӣ мегӯянд, заъфи мақомоти тандурустӣ дар озмоиши васеъ аз беморӣ метавонад, як сабаби кам будани омори гирифторону талафот бошад.