Толибон дар Дарвоз монеи ширкати духтарон дар имтиҳони дохилшавӣ ба донишгоҳҳо шуданд

Яке аз мактабҳои духтарона дар вилояти Бадахшони Афғонистон.

Мақомҳои маҳаллӣ дар вилояти Бадахшони Афғонистон мегӯянд, ки гурӯҳи Толибон монеи ширкати даҳҳо духтари донишомӯз дар озмун ё имтиҳони дохилшавӣ ба донишгоҳҳо шудаанд. Ба гуфтаи онҳо, духтарони довталаб дар ноҳияҳои Моймай ва Нусайи Дарвоз аз ҳаққи иштирок дар ин имтиҳон маҳрум шуданд.

Абдусамеъ Абадёр, раиси маорифи вилояти Бадахшон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки қарор буд рӯзи ҷумъа духтарони довталаб аз ноҳияҳои Нусай ва Моймай барои ширкат дар имтиҳон ба ноҳияи Шикай бираванд, вале Толибон монеи сафари ин духтарон шуданд.

Раиси маорифи вилояти Бадахшон афзуд, "духтароне, ки аз Моймай мехостанд дар имтиҳон иштирок кунад, Толибон ба онҳо иҷозаи иштирок надоданд. Дар вулусволии Нусай -- минтақае, ки таҳти назорати гурӯҳи Толибон аст, онҳо ҳам иштирок карда натавонистанд. Дар ҳудуди бештар аз 200 духтар аз иштирок дар озмун дар ин ноҳияҳо бозмонданд".

Шуморе аз сокинони ноҳияи Моймайи Дарвози Бадахшон мегӯянд, ки гурӯҳи Толибон мардумро таҳдид кардаанд, ки агар духтарон дар озмун ширкат кунанд, бояд ҷарима пардозанд. Назар Муҳаммад, раиси Шӯрои рушди ноҳияи Моймай мегӯяд, ки гурӯҳи Толибон барои ширкати ҳар духтар дар озмун 40 ҳазор афғонӣ (муодили 510 доллар) ҷарима таъйин кардаанд.

Аз сӯи дигар, духтароне, ки аз ширкат дар озмун маҳрум шудаанд, аз ҳукумати марказии Афғонистон хостаанд, ки заминаи иштирок дар ин имтиҳони сарнавиштсоз барои онҳоро фароҳам созад.

Нафиса -- яке аз онҳо аз ноҳияи Моймай гуфт, ҳама орзуҳояш вобаста ба ин имтиҳон аст. Ӯ афзуд, "ман ба намояндагӣ аз касоне, ки аз имтиҳон бозмонданд, аз раиси ҷумҳур мехоҳам, ки моро кӯмак кунад, то аз иштирок дар имтиҳон боз намонем ва заҳматҳои мо барҳадар наравад".

Комбиз Қурбонӣ, раиси ноҳияи Моймай дар сафҳаи "Фейсбук"-и худ навиштааст, ки танҳо 184 духтари довталаби ширкат дар озмун дар ин ноҳия дар пайи ҳушдори гурӯҳи Толибон аз иштирок дар он маҳрум шуданд.

Оқои Қурбонӣ ҳамчунин гуфтааст, ки қарор аст имтиҳони духтарони бозмонда аз озмун дар ноҳияи Шуғнон баргузор шавад.

Раиси маорифи вилояти Бадахшони Афғонистон мегӯяд, ки озмун дар дигар минтақаҳои ин вилояти ба таври оддӣ баргузор шудааст. Озмуни воридшавӣ ба донишгоҳҳо рӯзи панҷшанбеи гузашта дар вилояти Бадахшон оғоз шуд ва то рӯзи шанбе идома кард.

Гурӯҳи Толибон то ба ҳол дар ин робита изҳори назар накардааст.

Аҳолии Дарвози Афғонистон низ тоҷикон ҳастанд. Дар гузашта миёни сокинони ин минтақа гурӯҳи Толибон ва дигар созмонҳои ифротӣ нуфуз надоштанд, вале ахиран доманаи нооромиҳо то ба он ҷо расидааст.