Гурӯҳе аз муҳаққиқони Вазорати тандурустии Қирғизистон талош доранд, ки шумори воқеии гирифторони бемории COVID-19-ро муайян кунанд. Дар ҳамин ҳол, маълум шудааст, ки аллакай 17 ҳазор қирғизистонӣ аз ташхиси коронавирус гузаштаанд.
Дар нишасти хабарии рӯзи 11-уми август Қубатбек Боронов, сарвазири Қирғизистон гуфт, дар кишвар барои ошкор кардани шумори гирифторони коронавирус мушоҳидаи илмӣ шурӯъ шудааст. Ба гуфтаи ӯ, мутахассисон бар асоси алгоритмҳои муайян, афроди сироятёфта ва муолиҷашударо ҳисоб мекунанд. Айни замон мақомот гуфтанд, шумори тахминии гирифторони COVID-19 барояшон маълум аст.
Қубатбек Боронов, сарвазири Қирғизистон гуфт, "мувофиқи пешбинии Шӯрои коршиносони илмии машваратии Қирғизистон, дар байни кӯдакони то 9-сола ҳолатҳои беморӣ хеле кам аст, агар онҳоро ба ҳисоб нагирем, эҳтимол 4,2 миллион нафар мубталои коронавирус шудаанд. Ба иттилои манбаъҳои озод, дар аксари ҳолатҳо ин беморӣ бидуни ягон аломат пушти сар мешавад ва ҳар нафари сеюм аз миёни 1,4 миллион ё 466 ҳазор одам, бемориро хеле сабук ва бидуни муроҷиат ба пизишкон мегузаронанд".
Ин пешгӯиҳо дар асоси мушоҳидаи мизони паҳншавии беморӣ дар Амрикост, ки аз сӯйи маркази назорат ва пешгирии бемориҳо (Centers for Disease Control and Prevention) анҷом мешаванд. Қаблан гурӯҳе аз вирусологҳо ва вогиршиносон аз Донишгоҳи Оксфорд ҳамроҳ бо пизишкони Қирғизистон аз шиддат ёфтани гирифторӣ ба COVID-19 дар ин кишвар ҳушдор дода буданд.
Зуриддин Нурматов, муҳаққиқе, ки бо ҳадафи омӯзиши вазъи коронавирус ба тамоми минтақаҳои Қирғизистон сафар кардааст, мегӯяд, мувофиқи омори расмӣ дар ин кишвар 40 ҳазор нафар ба бемории коронавирус гирифтор шудаанд ва агар ин рақам 10 баробар бештар ҳисоб шавад, пас бемороне, ки бидуни ягон аломат онро аз сар гузаронидаанд, ба 466 ҳазор нафар мерасанд.
Ба ин тартиб, ба гуфтаи ӯ, бояд боз ҳудуди 666 ҳазор нафари дигар ба ин беморӣ гирифтор шаванд.
"Дар бархе аз иёлатҳои Амрико, бар як бемор 6 нафари солим рост меомад. Дар иёлатҳои дигар дар миёни 24 нафари солим 1 бемор мушоҳида шудааст. Бо таваҷҷӯҳ ба ин оморҳо, Маркази назорат ва пешгирии бемориҳо хулоса кард, ки ба 10 одами солим як нафари сироятшуда рост меояд. Мо ҳам ҳамин шеваи муайянсозии беморонро истифода мекунем, зеро бо истифода аз усулҳои Донишгоҳҳои Оксфорду Гарвард ва Бостон хулосаҳои нодуруст ба даст омадааст",-меафзояд, Нурматов.
Дар Қирғизистон аз 21-уми май гирифтани тест аз коронавирус оғоз шуд. Ба иттилои Вазорати тандурустии Қирғизистон, дар ду ҳафта қариб 16 ҳазору 688 нафар тест супурдаанд. Аз ин миён дар 44,8 дарсад антитело ошкор шудааст ва дар 16 дарсади дигар не, яъне аксарият бемориро аллакай гузаронидаанд.
Дар пайи хуруҷи коронавирус дар Қирғизистон аз охири моҳи март чораҳои карантинӣ ҷорӣ шуда, дар кори бозору корхонаҳо ва марказҳои савдо маҳдудият ворид шуд. Ин вазъ ба иқтисоди кишвар бетаъсир намонд ва сабаби камомад дар ҷамъоварии пардохтҳои андозу гумрукӣ шудааст.
Дар ҳамин ҳол, моҳи октябри соли 2020, Қирғизистон интихоботи парлумониро ба нақша гирифтааст. Ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар 5 сол як бор баргузор мешавад. Аммо то имрӯз ба далели хатари коронавирус дар кишвар ягон пурсиши сотсиологӣ дар мавриди чӣ гуна ҷараён гирифтани маъракаҳои интихоботӣ анҷом нашудааст.
Бархе аз таҳлилгарон бар ин боваранд, ки марказу ниҳодҳои пажуҳишии кишвар бо масъулини тандурустӣ ҳамкорӣ надоранд. Сиёсатмадор, Бакит Ҷумагулов, мегӯяд, маълум кардани фоизи беморон метавонист равандҳои сиёсӣ ва иқтисоди кишварро аз вазъияти ногувор наҷот диҳад.
"Мо ҳоло бо ин беморӣ танҳо аз нигоҳи тиббӣ мубориза мебарем. Вале марказҳои бузурги таҳқиқотӣ ҳастанд, ки дар сатҳи байналмилаллӣ пажуҳиш анҷом медод. Мумкин буд, бо ҷалби онҳо дар ҳар минтақа пурсиш анҷом дода, маълум кард, ки чӣ теъдод одамон гирифтори коронавирус шудаанду чӣ теъдоди дигар эҳтимол метавонад ба COVID-19 сироят ёбад. Баъдан натиҷаҳои ин таҳқиқот бояд ба ниҳодҳои давлатӣ ва расонаҳо пешниҳод шуда, дар асосӣ ин хулосаҳо, самтҳои рушди сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ муайян карда мешуд. Мутаассифона дар кишвар чунин пешбинӣ анҷом нашуд. Ба пешниҳодҳо дар бораи оғоз кардани чунин таҳқиқот ман то ҳол посухе нагирифтааст",-мегӯяд, сиёсатмадор Бакит Ҷумагулов.
Раҳбари ҳукумат Қубатбек Боронов дар нишасти хабарӣ ҳамчунин гуфт, вазъи коронавирус дар Қирғизистон ба эътидол омада, мизони гирифторшавӣ ба он ҳам коҳиш меёбад. Вале бо ин вуҷуд, ӯ аз сокинони кишвар даъват кард, ки қоидаҳои беҳдоштиро риоя кунанд.
Бино ба иттилои ситоди фаврӣ, рӯзи 13-уми август 3 нафар дар пайи ин беморӣ ҷон бохтаанд. Дар маҷмӯъ, дар Қирғизистон 1487 нафар аз COVID-19 фавтидааст. Ҳамчунин дар ин кишвар имрӯз 310 мавриди нави гирифторӣ сабт шудааст. Дар маҷмӯъ аз оғози хуруҷи пандемия 41 ҳазору 69 сокини Қирғизистон ба COVID 19 сироят ёфтаанд.
Ба гуфтаи мақомоти ин кишвар агар онҳое, ки аз ташхис нагузаштаанд ва ин бемориро сабук гузаронидаанд, ба ҳисоб гирифта шаванд, пас дар Қирғизистон 160 ҳазор нафар ба ин бемори сироят ёфтаанд.
Мадамин Каратаев, муовини вазири тандурустӣ, дар нишасти хабарӣ гуфт, "дар ҳоли ҳозир ҳолатҳои тасдиқшудаи сироятёбӣ ба коронавирус коҳиш ёфта истодааст. Дар айни замон омори репродуктивӣ мавҷуд аст. Мо метавонем, тахмин занем, ки як нафар метавонист чанд касро сироят кунад. Агар ба омори моҳи июл бингарем, имкони сирояти як бемор ба нафари дигар 0,5 дарсад аст. Дар 36,6 дарсади беморон, COVID-19 бе ягон аломат буд. Дар 29,7 дарсади дигар ин беморӣ бо шакли сабук гузашт".
Ба гуфтаи муовини вазири тандурустии Қирғизистон, "ин ба он маъно аст, ки 66 дарсади беморон бе ягон аломату нишонаҳои беморӣ онро пушти сар кардаанд ва аз 4 то 9 дарсади беморон ба шакли вазнини COVID-19 гирифтор шудаанд".
Корбарони азиз!
Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!