Рӯзи интихоботро COVID-19 пеш овард ё ин ҷо барномаи дигаре ҳаст?

Акс аз бойгонӣ

Абдуқаюми Қаюмзод, рӯзноманигор

Бознашр аз блоги муаллиф

Вируси корона замон барои баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Тоҷикистонро як моҳ пеш овард. Ва ҳамин тавр муҳлати корзор барои ин маъракаи сиёсиро аз се ба ду моҳ кам кард. Муовини аввали раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон як далели аз 6-уми ноябр ба 11-уми октябр овардани рӯзи интихоботи мазкурро ҳамин тавр тафсир кард: Коронавирус ва эҳтимоли таҳдиди “мавҷи дувум”-и он.

Аз ин бармеояд, ки вазъи беҳдоштии мардум ояндаи бисёр баде дар пеш дорад ва давлат қасд дорад қабл аз рӯ ба вахомат гароидани авзои беҳдоштӣ ва саломати ҷомеа хотири худро ҷамъ кунад. Бо таваҷҷуҳ ба адами рақобат ва набуди нерӯи сиёсии мухолиф дар саҳнаи сиёсӣ, ҳамчунон ки гуфта шуд, кадом аҳамияте ҳам надорад, ки ин маърака як моҳ пеш ва ё пас иттифоқ меуфтад.

Аммо агар ба ин масъала аз манзари дигар, аз ин зовия, ки ин бор коронавирус далел ва иллат барои тағйири замони баргузории як чунин маъракаи тақдирсози кишвар мешавад, назар афканем, мешавад чанд мулоҳизаеро матраҳ кард.

Мо медонем, ки бархӯрд бо коронавирус дар Тоҷикистон сарусадоҳои зиёдеро ба бор овард, то ҳадде ки ҳукумат ногузир шуд дар қонунгузорӣ дигаргунӣ ворид карда, барои инъикоси он як навъ сензура ҷорӣ кунад.

Дар оғози паҳншавии вирус даъватҳои фаъолон ва ниҳодҳои ҷомеаи маданӣ, хабарнигорони мустақил ва бархе аз коршиносон ҷиҳати вокуниши сареъ ва муносиб аз сӯи давлат пазируфта нашуд. Баръакс, то охирин лаҳзаҳо, то як ё ду рӯз қабл аз омадани пизишкони Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт ба кишвар иттилоъ дар бораи мавҷудияти он пинҳон дошта шуд. Вале оқибат давлат ноилоҷ монду эътироф кард. Аллакай дер шуда буд. Чунки дар ин миён байни давлат ва ниҳодҳову фаъолони ҷомеаи маданӣ баҳсу баррасиҳо то ба ҳадде пеш рафт, ки мардуми одӣ дарк кард ва итминон ҳосил намуд, ки давлат ва ниҳодҳои марбутаи он қодир ба рафъ ва ё муқовамат дар шароити изтирории ҳатто иҷтимоӣ нест.

Давлат бо он ки пинҳон медошт, ҳамзамон дасту забону чашмаш баста ва кӯтоҳ ба назар мерасид. Аммо ҷомеаи шаҳрвандӣ якҷо бо мусибатзадагону бемордорон қурбониҳоро мегӯронд, ғизо мебурд, менавишт, интиқод мекард ва бепарвоиву лоқайдиву саҳлангории масъулин ва ниҳодро ошкор менамуд. Сомонаву маъхазҳои дастраси алтернативӣ ташкил шуд. Албатта, агар масъала ба саломати мардум ва дарди иҷтимоӣ марбут набуд, хеле барвақт забону даҳонҳо дӯхта мешуд. Вале дандон рӯи ҷигар гузоштанду таҳаммул карданд. Хулоса, коронавирус ҳам ба ҷони давлат зад ва ҳам заъфу аҷз ва корногарии онро нишон дод. Агар мардуми одӣ аз вируси корона зарару хисорот дид, қурбонӣ дод ва башиддат бадаш омад, вале давлат ва ҳукумат сахт мутанаффир шуд ва илоҷи ҳукми ихроҷу зиндонӣ кардани онро намеёфт.

Коре кард корона, ки оппозитсияи ҳукумат натавонист анҷом диҳад. Ҳукуматро музтар ва даступохӯрда кард. Ба мардум ин нуктаро яқин кард, ки ба умеди ҳукумат нашаванд, худро худ саришта кунанд. Худ дар ғаму қиссаи худ бошанд.

Агар ки дар кишварҳои дигар ба хотири ҷилавгирӣ аз густариши вируси корона ҷамъомаду чорабиниҳои оммавӣ ба таъхир гузошта шуд, дар мо баръакс ҳамаи барномаҳои оммавӣ аз Наврӯз гирифта, то интихоботи порлумону раиси Маҷлиси миллӣ саривақт доир гардид. Инҷо дар бораи чандин нафар аз ширкатдорони он ҷаласа ба шумули раиси Маҷлиси намояндагон ба корона гирифтор шуданро қасдан фаромӯш мекунем ва чизе намеафзоем. Вале ҳоло ба фарқ аз тамоми дунё ва аҷобаташ ҳам дар ин аст, ки ин бор ба хотири ҷилавгирӣ аз коронавирус, замони баргузории интихоботи раёсати ҷумҳуриамонро пеш меоварем.

Ин як навъ ниқорситонӣ ва вокуниш ба ҷомеаи шаҳрвандӣ аст, ки ана, бубинед, ин қадар коронавирусу коронавирус гуфтеду COVID-19 чӣ натиҷа ба даст овардед? Маъракаеро, ки се моҳ тӯл мекашид, мухтасар кардем.

Инро ҳам метавон ишора кард, ки пеш овардани замони интихобот бо баҳонаи хатари эҳтимолии коронавирус як навъ эътирофи зимнии он ҳам ҳаст, ки “ҳамааш кайҳо ҳал шудааст” ва сахт муҳим нест, ки онро то се моҳ кашол диҳем. Ҳамин эътирофи зимнӣ, ки ду моҳ кофист, то маърака доир шавад, аз он шаҳодат медиҳад, ки ҳама тибқи барнома пеш меравад. Аммо ҳам барнома ва ҳам ин интихобот аз ҳар интихоботи раёсати ҷумҳурии гузаштаи Тоҷикистон фарқи ҷиддӣ доранд.

Эмомалӣ Раҳмон вориди марҳалаи ҳафтсолаи аввали модомулумрии худ дар қудрат мешавад, агар номзади ин корзор шуд. Агар ки Рустами Эмомалӣ номзад шуд, барномаи меросӣ кардани ҳокимият ба иҷро гузошта шуда, дар Тоҷикистон як институти нав дар сохтори давлат: “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ва Пешвои миллат” ба фаъолият шуруъ мекунад. Институти нав, ки танҳо ва хоси раиси ҷумҳурии феълӣ мебошад, то пиёлаву чойнаки худро аз ҳисоби буҷаи мамлакат масраф мекунад ва як ниҳоде фавқулраёсатиҷумҳурӣ хоҳад шуд. Ва ин институт танҳо ва танҳо барои як шахс аст ва бо Эмомалӣ Раҳмон оғозу анҷом меёбад.

Аммо на дар амалия ва на дар назарияи давлатҳои демократӣ ин гузинаҳои раҳбарӣ қобили қабул буда наметавонанд ва майдатарин ҳамхонӣ бо низоми мардумсолорӣ нахоҳанд дошт. Инро бо ному зоти худаш, усули идории монархӣ ва ё бар фарзе шарқӣ ном мениҳем, ки ҳарфест дигар.

Азбаски дар Қонуни Асосии Тоҷикистон, бо вуҷуди чанд навбат дасткорӣ шудан, ҳамоно халқ ифода ва манбаи ҳокимият эътироф ва таъкид шудааст, ин ҳама барномаҳои ғайридемократӣ барои танзими тамдиди бақо дар ҳокимият бояд таҷассум, тасаввур ва манзари демократӣ дошта бошанд. Ҳаройина сиккаву суроби онҳоро ба навъе ҳам бошад, боястӣ демократӣ ҷилва дод. Дар ҳамон дастгоҳу дар ҳамон парлумону дар миёни мардуми одӣ ҳам маълум аст, ки ин бор ҳатто иродаи гурӯҳӣ ва ё ҳизбӣ ҳам не, иродаи хонаводагӣ бар болои таҳаммул ва тоқати манбаъ ва сарчашмаи ифодаи ҳокимият паҳлу мезанад. Аммо коронавирус ва бахусус суҳбатҳо аз таҳдиди эҳтимолии “мавҷи дувум”-и он ба сарвақти ин барнома расидааст.

Ногуфта пайдост, ки ҳар ҳарфу калом ва ҳар гапу калоча як дардисар ва як мушкиле дар маҷрои ин корзор пеш меоварад ва беҳтар ин аст, ки замон барои интихобот ҳарчи кӯтоҳтар ва мухтасартар бошад. На танҳо гӯшҳо ором мегиранд, аз изтиробу ҳаяҷони интихоботии мардум ва аз безобитагиву нороҳатиҳои онҳо, ки ба таври табиӣ таборуз мекунад, низ метавон дар чунин фурсати мухтасар осонтар ва муҳкамтар ҷилавгирӣ кард. То кор ба ҳадди Белорус накашад. Вале қудрати тӯлонӣ ва беҳадду марз дар баробари иқтидору тавоноӣ, ҳаросу нигарониҳо ҳам дорад.

Зеро ин бор як интихоботи ғайримеъёрӣ, ғайримаъмулӣ ва ғайримуқаррарӣ доир мешавад. Ҳарчи камтар дар бораи он гуфта ва навишта шавад бар фоидаи номзадҳо мебошад. Муҳокима ва арзёбии оммавии номзадҳо бояд ҳарчи камтар иттифоқ афтад. Вале даргумон аст ва ҳатман хоҳанд пурсид,ки чаро номзади ҲХДТ ба мулоқоти мардум намеравад? Чаро саволу ҷавоб намекунад, чаро дар дебати рӯбарӯ бо ҳарифонаш (ҳатто бигзор боз Абдуҳалими Ғаффору Рустам Латифзода ва афроде амсоли онҳо бошанд) ширкат намеварзад, чаро бо журналистон нишаст доир намекунад, хулоса саду як айбу иттиҳоми будаи ногуфтаро фошофош ва бидуни раъйу риоя мегӯянд.

Агар илоҷ ва имкон буд, интихоботро пушти дарҳои баста ва зери мӯҳри комилан сиррӣ доир мекарданд, вале феълан шароит нест. Шояд ин дар интихоботи баъдӣ сурат бигирад, вале ҳоло бояд тазоҳур кард, саҳна орост, нақш офарид. Аз ин ҷиҳат ин бор коронавирус бар суди барнома ва иродаи ҳоким дар кишвар шудааст, ки бисёр мехоҳад, бидуни сару садо ба иҷро бирасонанд.

Вале асари коронавирус на танҳо ба интихобот ба унвони як маъракаи муҳимми сиёсӣ, ки дастандаркори он ҳукумат мебошад, расидааст. Инро ҳам дар омади гап, арзатон бирасонам, ки коронавирус дар татбиқи бархе аз қонунҳои булаҷаб, аз ҷумла қонуни танзими расму анъана он қадар барои ҳукумат ёвару дастёр шуд, ки ниҳодҳои маошхӯру марбутаи ҳукумат тӯли ин беш аз 10 соли амали он натавонистанд, онро ба иҷро дарбиёранд. Ҳоло на маросими мотам ба он шакли пешина доир мешавад ва на тӯю хурсандӣ. Корона ва таъсири он дар тамоми рустову шаҳру маҳаллу хиёбонҳо расидааст.

Тӯю мотам хонаводаӣ ва ҳадди аксар авлодӣ мешавад. Мардум аз рафтан ба фотиҳа парҳез мекунанд, ҷанозаҳои камодам, тӯйҳои бидуни овозхон ва рақсу бозӣ ва бо садои магнитофон. Дар ҳоле ки ин ду институти иҷтимоӣ як навъ мактаб ва омӯзишгоҳ буда ва анъана ва таомули халқӣ ва урфу расмро аз насл ба насл мунтақил мекарданд, тақрибан фаромӯш шуда истодаанд. Урфу одат ва анъанаи мардумӣ институтҳои иҷтимоианд. Рамзу маънову моҳияту мазмун доранд. Нишастан дар маърака, одоби муошират, тановули ғизо, шикастани нон, дароз кардани пиёлаи чой, даст шустану пок кардан дар ҳузури ом… ҳамаи инҳо як мактабе ҳастанд, ки яку якбора аз байн мераванд.

Вале гуфтам ин ҳарфҳо дар омади гап буд. Асли гап ин аст, ки ин бор коронавирус бар суди манфиатбардорони интихоботи раёсати ҷуимҳурии феълӣ кор кард. Ҳарчи сокиту зудтар доир бишавад, ҳамон қадар обрӯ ва эътибор коста намешавад. Чун дар воқеъ, ҳеч интихоботе нест. Гули коғазиро тӯлонитар дар намоишгоҳ гузорӣ, камбудиҳояш бештар ошкор мешавад.

Дар ҳар сурат ба назар мерасад саломат ва сиҳҳати мардум барои иштирок дар интихоби раиси ҷумҳурӣ муҳим будааст ва дар ҳеч ҳолат саломати мардумро қурбони курсӣ карданӣ нестанд ва баргузории ҷашни Наврӯз дар Хуҷанд таҷриба ва сабақи омӯзанда шудааст. Аммо агар мавҷи дуюм дар роҳ аст президенти нав аввалин мушкилие, ки бо он даступанҷа нарм мекунад ҳамон аст: Коронавирус.

Аз Идора. Матолибе, ки дар ин гӯша ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!