Норозигии фаластиниҳо ва истиқболи Баҳрайну Миср аз созиши Иморот ва Исроил

Валиаҳди Имороти Муттаҳидаи Арабӣ (аз чап) бо нахуствазири Исроил.

Созиши Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ва Исроил барои оддисозии робитаҳои сиёсӣ бо якдигар, вокунишҳои густурдаи ҷаҳониро дар пай дошт ва дар ҳоле, ки фаластиниҳо норизоятии худро нисбат ба он нишон доданд, Баҳрайн, Миср ва дабири кулли СММ аз он истиқбол кардаанд.

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико рӯзи панҷшанбеи 13-уми август хабари тавофуқ миёни ин ду кишвари Ховари Миёнаро эълом кард ва онро "таърихӣ" хонд. Бар асоси ин созиш, ки бо миёнаравии Вашингтон ба даст омадааст, ду кишвар дар самти "оддисозии комили робитаҳо" қадам бармедоранд. Аз ҷумла, ду кишвар дар пойтахтҳои якдигар сафоратҳо боз карда, парвозҳои мустақим роҳандозӣ мекунанд.

Ба ин тартиб, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ пас аз Миср ва Урдуд савумин кишвар дар ҷаҳони араб ба шумор меравад, ки Исроилро ба расмият мешиносад.

Дар нахустин вокуниши кишварҳои арабии атрофи Халиҷи Форс ба ин созиш, Баҳрайн аз он истиқбол кард. Хабаргузории "Ассошиэйтед пресс" ба нақл аз расонаҳои давлатии Баҳрайн гузориш дод, ки ин кишвар ба Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ба хотири дастёбӣ ба ин созиш табрик гуфтааст.

Тибқи баёнияи Кохи Сафед, Исроил дар ивази ин тавофуқ бо Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, эълони ҳокимияти худ бар Каронаи Ғарбиро мутаваққиф хоҳад кард ва ба ҷои он ба густариши робитаҳо бо кишварҳои ҷаҳони араб талош мекунад.

Расонаҳои Исроил низ таъйид кардаанд, ки нахуствазири он кишвар Бенямин Нетаняҳу пазируфтааст, ки дар баробари созиши "таърихӣ" бо Иморот, ҳукумати ӯ аз пайваст кардани бахшҳое аз Каронаи ғарбии рӯди Урдун сарфи назар мекунад.

Бо ин ҳол, Ташкилоти худгардони Фаластин вокуниши сахт ба созиш миёни ду кишвар нишон дод ва сафири худро аз Имороти Муттаҳидаи Арабӣ фаро хонд. Бар асоси гузориши хабаргузории Олмон, Риёз Ал-Моликӣ, вазири умури хориҷии Фаластин ин иқдоми Имороти Муттаҳидаи Арабиро "хиёнат" хондааст.

Ҳаракати муқовимати исломӣ ё "Ҳамос" низ Имороти Муттаҳидаи Арабиро муттаҳам кард, ки бо ин созиш аз пушти фаластиниҳо ханҷар задааст. Фавзӣ Барҳум, сухангӯи "Ҳамос" изҳор дошт, "эъломи ин созиш ба маънои подоше ба Исроил барои ҷаримаҳое аст, бо ишғоли Фаластин муртакиб шудааст. Ин оддисозии робитаҳо, ханҷаре аст, ки аз пушт ба мардуми мо зада мешавад".

Аммо аз тарафи дигар, Миср чун Баҳрайн аз ин рухдод истиқбол кард ва ба ситоиш аз он пардохт. Ба гузориши хабаргузории "Ассошиэйтед пресс", Абдулфаттоҳ Сисӣ, раиси ҷумҳури Миср дар паёми твиттерӣ созиш миёни Исроил ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣро гоме дар роҳи "пирӯзӣ ва субот дар минтақа" хонд. Вай ҳамчунин гуфтааст, ки дар пайи ин созиш бо валиаҳди Абу Забӣ Муҳамммад бин Зоид тамоси телефонӣ доштааст.

Ба гузориши хабаргузории "Франс пресс", Антонио Гуттериш, дабири кулли СММ ибрози умедворӣ кардааст, ки созиш миёни Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ва Исроил битавонад ба роҳи ҳал ва ташкили ду кишвари исроилӣ ва фаластинӣ кӯмак кунад.

Ҷо Байден, номзади демократҳо дар интихоботи президентии имсоли Амрико ҳам аз ин созиш истиқбол кардааст. Вай ин тасмими Имороти Муттаҳидаи Арабиро "шуҷоъона" хонда, таъкид кардааст, ки Исроил ҷузъи ҷудонопазири Ховари Миёна аст.

Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил таъкид кардааст, ки Доналд Трамп аз ӯ хоста буд, ки ба хотири сулҳ бо Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, аз пайваст кардани бахшҳое аз Каронаи ғарбӣ сарфи назар кунад.

Исроил ва Иморот ҳудуди ду моҳ қабл низ созишномаҳое барои ҳамкориҳои дуҷониба барои мубориза бо коронавирус имзо карда буданд. То пеш аз пандемияи ҳамагир, чандин бор мулоқоти мақомоти Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ва Исроил сурат гирифта буд ва ҳатто Иморот ба Исроил иҷоза дод, то дар як намоишгоҳи байналмилалӣ дар ин кишвар иштирок кунад, аммо бинобар КОВИД-19, ин намоишгоҳ ба таъхир афтод.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!