Хушбинӣ, орзу ва яъси ҷавонони тоҷик дар Рӯзи байналмилалии ҷавонон

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

“Орзуву мақсаде надорам. То ҳол бе мақсаду орзу зиндагӣ кардам, шуд, баъдаш ҳам мешавад.” Ин посухи як ҷавоне ба суоли хабарнигори Радиои Озодӣ буд, ки рӯзи 12-уми август аз чанд ҷавони раҳгузар дар Душанбе пурсид, бузургтарин мақсадашон чист? Суол ҳам дар Рӯзи байналмилалии ҷавонон дода шуд, ки ҳар сол 12-уми август таҷлил мешавад. Ҷавобҳои дигари ҷавононро дар ин видео бинед.