Лукашенко -- 81%. Задухӯрди норозиён ва пулиси Беларус. АКС, ВИДЕО

Интихоботи президентии Беларус рӯзи 9-уми август бо навбатпойии зиёди мардум, ҳузури низомиён дар хиёбонҳо ва маҳдудияти дастрасӣ ба Интернет баргузор шуд. Ҳоло шумориши оро шуруъ шудааст.

Аммо эълони натиҷаҳои Exit poll ё назарсанҷии расмӣ, ки дар пасманзари нигарониҳо аз вуҷуди тақаллуб дар интихобот ба президенти кунунӣ Александр Лукашенко бартарӣ додааст, норозиёнро ба кӯчаҳо баровард. Нирӯҳои амниятии Беларус бо онҳо вориди даргирӣ шуданд ва чанд нафар боздошт гардид.

Телевизиони давлатии Беларус рӯзи 9-уми август гузориш дод, ки бино ба назарсанҷӣ ё exit poll-и расмӣ ба ҷонибдорӣ аз Александр Лукашенко, раиси ҷумҳури феълӣ, зиёда аз 81 дарсад ва ба пуштибонӣ аз номзади мухолифин Светлана Тихановская ҳудуди 7 дарсад рой додаанд. Назарсанҷиҳои мустақил дар марказҳои интихоботӣ баръакси ин рақамҳоро нишон додаанд.​

Тихановская низ дар нишасти хабарӣ гуфт, ки натиҷаҳои назарсанҷии расмиро намепазирад. "Ман ба чашмони худам бовар мекунам ва мебинам, ки бисёриҳо бо мо ҳастанд", -- гуфт ӯ.

Эътирозҳо дар пойтахти Беларус пас аз бастани марказҳои ройдиҳӣ оғоз шуд.

Аз соли 1994 ин интихоботи шашуми президентӣ дар Беларус аст. Александр Лукашенкои 65-сола, ки 26 сол боз ҷилави қудратро дар Беларус дар даст дорад, бори шашум номзад шудааст.

Рақибони ӯ дар ин давр Светлана Тихановская, Анна Конопатская, Андрей Дмитриев ва Сергей Черечен ҳастанд. Рақибони асосиаш -- Виктор Бабарико ва Сергей Тихановский -- боздошт шуданд ва Валерий Сепкало кишварро тарк кард.

Марказҳои ройдиҳӣ дар Беларус соати ҳашти субҳи якшанбе ба вақти маҳаллӣ кушода ва соати ҳашти шом баста шуданд ва, қарор аст, натиҷаҳои ибтидоиро рӯзи душанбе эълон кунанд. Дар Беларус тақрибан ҳафт миллион кас ҳаққи овоздиҳӣ дорад.

Кумисюни марказии интихобот мегӯяд, дар овоздиҳии пеш аз вақт, ки рӯзи 4-уми август оғоз шуд, 40 дарсад иштирок кардаанд, вале нозирони мустақил ба дурустии ин рақам шак доранд. Ҳамчунин мухолифон аз он нигаронанд, ки мақомот барои дасткории ин миқдор овоз фурсату имкони кофӣ доштанд.

Дар чанд шаҳри Беларус маъмурони милиса монеи таҷаммӯи сокинон дар назди марказҳои ройдиҳӣ ва эътирози онҳо ба ташкили овоздиҳӣ ва натиҷаҳои эҳтимолии интихобот шудаанд. Бахши беларусии Радиои Озодӣ мегӯяд, дар маркази Минск гуруҳе аз эътирозгарон бо нирӯҳои ОМОН рӯбарӯ шуданд ва боздоштҳо сурат гирифтааст.

Бахши беларусии Радиои Озодӣ гузориш дод, ки рӯзи якшанбе мардум дар пеши марказҳои ройдиҳӣ дар навбат истоданд ва бархе барои ибрози пуштибонӣ аз Светлана Тихановская, номзади мухолифин дастбандҳои сафед пӯшиданд. Раиси Кумисюни марказии интихоботи Беларус ҳам навбтпойии зиёди мардум ва нарасидани варақаҳо дар баъзе аз марказҳои ройдиҳиро тасдиқ кард, вале онро як навъ амали созмонёфтаи мухолифон номид. ​

Минск дар "иҳота"-и низомиён

Мақомҳои Беларус пеш аз интихоботи раёсати ҷумҳурӣ фишори худро ба мухолифону нозирони мустақили интихобот афзоиш доданд ва дастрасӣ ба Инетернетро маҳдуд карданд. Нигарониҳо вуҷуд дорад, ки раиси ҷумҳури феълӣ Александр Лукашенко, ҳукуматдории 26-солаи худро бо истифода аз тақаллубу саркӯб дар баробари мухолифон дароз кунад.

Вай чанде пеш дар як суханрониаш гуфт, "дахолат накунед, бигзоред, кишварро наҷот диҳем. Баъд аз як ё ду сол ин вазъиятро ҳаллу фасл ва ҳамон тавре мекунем, ки ба мардуми Беларус зарур аст".

Мутахассиси соҳаи фанновариҳои нав Константин Конопко дар муроҷиати онлайниаш хитоб ба Лукашенко мегӯяд, "26 сол аст, ки суханҳои Шуморо мешунавем, ба назар мерасад, вақти он расидааст, ки ба ҳарфи шаҳрвандони одӣ гӯш диҳем. 26 сол барои ҳар кадом аз ҳукуматдорон комилан тӯлонӣ аст."

Интихоботи Беларус: Мошинҳои ҳарбӣ ва навбатпойӣ барои овоз додан

Ҳунарпеша Анастасия Шпаковская мегӯяд, "моро фақат барои он ки мехоҳем интихоби худро кунем, мезананд, таҳдиду таъқиб ва зиндонӣ мекунанд. Номзадҳои мо дар маҳбас ҳастанд. Мо тақозо дорем, ки зиндониҳои сиёсиро раҳо кунанд. Ҷанг намехоҳем, оромӣ ва интихоботҳои озоду ҳақиқӣ мехоҳем."

Светлана Тихановская, ҳамсари Сергей Тихановский, ки ҳамчун номзад вориди рақобат шуд, ваъда додааст, дар сурати пирӯз шудан зиндониҳои сиёсиро озод мекунад ва бо иштироки ҳамаи номзадҳо интихоботи наву шаффофро баргузор мекунад.

Дар ҳафтае, ки гузашт, ҳазорон кас дар Беларус ба ҳимоят аз вай роҳпаймоӣ карданд.

Тихоновская, ки баъд аз боздошти шавҳараш ба муборизаҳои сиёсӣ пайваст, ҳафтуми август дар мусоҳибаи ихтисосӣ бо хабаргузории "Франс Пресс" гуфт: "Мо ба пешгирӣ аз тақаллуб қодир нахоҳем буд. Мо тайи чанд рӯзи гузашта шоҳид будем, ки аз оғози ройгирии пешакӣ чӣ қадар бераҳмона дар интихобот тақаллуб шудааст. Ҳеч умеде нест, ки онҳо шумориши ройро содиқона анҷом диҳанд. Хуб, ҳамеша заррае умед вуҷуд дорад, ки набояд бимирад, аммо бояд воқеъбин бошем."

Мақомҳои Беларус чанд узви тими интихоботии Светлана Тихоновская ва шуморе аз пуштибонҳои ӯро дастгир ва ба ташкили тазоҳуроти ғайриқонунӣ муттаҳам кардаанд.

Сиёсатмадор Сергей Возняк мегӯяд, "фикр мекунам, ин интихоботи аввалине хоҳад буд, ки дар ҳақиқат, на бар асоси санадҳои расмӣ, Лукашенко панҷоҳ дарсади ройи мардумро ба даст нахоҳад овард."

Ҳоло чашмҳо ба натиҷаҳои интихобот дар Беларус дӯхта шудаанд, ки нидоҳои "Бирав, бирав" аз як сӯ ва аз тарафи дигар пойфишории Лукашенко барои мондан дар қудрат то куҷо хоҳанд расид.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!