Афзоиши маошу нафақа чиро тағйир хоҳад дод? Назари мардум ва мақомот
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Бар асоси фармони раиси ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи сентябр маоши кормандони буҷавӣ, нафақа ва стипендия 15 дарсад боло хоҳад рафт. Ин дар ҳолест, ки мақомот бинобар таъсири манфии пандемияи короновирус аз камбуди пул дар буҷаи кишвар мегӯянд. Хабарнигорони Радиои Озодӣ аз мақомот ва мардум пурсиданд, ки ин тасмим чиро тағйир хоҳад дод?