Дар ним соли гузашта дар Тоҷикистон 41 мавриди хешутаборбозиро дар идораҳои давлатӣ ошкор кардаанд. Бино ба рӯйхате, ки дастраси Радиои Озодӣ шуд, камаш ҳаждаҳ мавриди он ба мактабҳо ва боқӣ ба бемористону соҳаи замин ва обёрӣ рост меояд.
"Як қисми онҳо аз кор озод шуданд"
Сулаймон Султонзода, раиси Оҷонси зиддифасод, низ рӯзи 28-уми июл дар нишасти матбуотӣ аз фаъолияти якҷояи хешовандони наздик дар Раёсати беҳдошти замини вилояти Суғд мисол овард. Вақте хабарнигорон аз ӯ пурсиданд, ки оё дар ниҳодҳое чун Дастгоҳи иҷроияи президент ё Додситонии кул мавридҳои хешутаборбозӣ ё непотизмро ошкор кардаанд ё не, посух дод, ки "не".
Як корманди Оҷонси назорати давлатии молияӣ ва мубориза бо коррупсия, ки нахост номаш бурда шавад, гуфт, "аз 41 нафаре, ки ошкор шуданд, як қисмашон аз кор озод гардиданд ва масъалаи чанде дигар дар ҳоли баррасӣ аст."
Ҳарчанд масъулони Оҷонсӣ санҷишҳои худро "дар доираи қонун ва шаффоф" арзёбӣ мекунанд, бархе аз таҳлилгарон мегӯянд, ин ниҳод ҷасорати ошкор кардани ҳолатҳои хешутаборбозиро дар вазорату кумитаҳо ва идораҳои муҳим надорад.
"Иродаи сиёсӣ ва ҷасорат лозим аст"
Шокирҷон Ҳакимов, доктори илми ҳуқуқ ва муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, мегӯяд, "дар сатҳи мактабу мақомоти маҳаллӣ чунин корҳоро анҷом медиҳанд. Ҳарчанд дар вазорату кумитаҳо низ чунин ҳолатҳо аст, барои ошкор кардани онҳо меҳаросанд. Агар ошкор кунанд, ҳамон замон аз вазифа гирифта мешаванд. Барои ин иродаи сиёсӣ, ҷасорати касбӣ ва таъмини волоияти қонун лозим аст."
Ин ҳуқуқдон афзуд, "ҳоло аз донишгоҳҳо сар карда то вазорату идораҳои муҳими давлатӣ масъалаи таъини хешони наздик ба кор ҳамчун як зуҳуроти номатлуб зиёд шудааст ва ин ба рушди давлатдорӣ таъсир мерасонад".
Вале коршиносони тарафдори ҳукумат бовар доранд, ки назорат дар ниҳодҳои болоӣ сахттар аст ва "бинобар ин чунин зуҳурот кам ба назар мерасад". Сайфулло Сафаров, муовини пешини раиси Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон, гуфт, "мактабҳо аз назорат каме дур мондаанд ва масъулони мактабҳо аз чунин ҳолат сӯиистифода карда, наздикони худро ба кор гирифтаанд."
Ҷомеашинос Бобоҷони Шафеъ бар ин назар аст, ки дар ҷомеаи Тоҷикистон ҳоло як нафар вақте ба мақоме таъйин шуд, дар фикри ба кор гирифтани наздиконаш ваё афроди мавриди эътимодаш ба ниҳоди зери раҳбарияш мешавад.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Иқтисод дар Тоҷикистонро "ноозод" хонданд. Далели Бунёди Мерос ва посухи мақомот чист?Ҳарчанд интиқодҳо аз хешутаборбозӣ дар ниҳодҳои калидии ҳукумати Тоҷикистон борҳо садо додааст, дар гузашта Оҷонси хидмати давлатӣ ва Оҷонси мубориза бо коррупсия густариши чунин зуҳуротро рад кардаанд ё таъини пайвандони мансабдорони баландпояро дурусту қонунӣ шумурдаанд. Аз ҷумла, Ҷумъа Давлат, раиси Оҷонси хидмати давлатӣ моҳи майи соли 2017 ба суоли як хабарнигор дар бораи то куҷо қонунӣ будани таъйини Рустами Эмомалӣ ба мақоми раиси шаҳри Душанбе гуфта буд, "агар касе дар оилаи президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шуд, магар ҳуқуқи дар мансабҳо кор карданро надорад?"
Ба ин тартиб, солҳо боз намунаҳои барҷастаи непотизм дар ҳукумати Тоҷикистон расман номбар нашудаанд ва хеле кам иттифоқ афтодааст, ки нафари баландпояе танҳо ба хотири хеши мақомдор буданаш аз мансаб барканор шуда бошад. Барои мисол, Рамазон Раҳимзода соли 2012 ҳангоми таъин шудан ба мансаби вазири умури дохилӣ писару бародарашро аз сохтори зери раҳбарияш аз кор гирифта буд. Палатаи ҳисоб соли 2015 эълон кард, ки дар Бонки миллӣ 8 факти непотизм ва ё ҷо ба ҷогузории кадрҳо бар асоси хешу табориро ошкор кард.