Пандемияи коронавирус ҳолу ҳавои таҷлили Иди Қурбон - яке аз ду иди исломиро дар Тоҷикистон камрангтар кард. Сокинон мегӯянд, ба фарқ аз солҳои гузашта имсол барои таҷлил аз ин ид дастурхони хоксорона ороста, зиёд интизори меҳмонон ҳам нестанд.
Ситоди ҷумҳуриявии муқобила бо бемории COVID-19 дар Тоҷикистон баргузории ҳамагуна маърака дар рӯзи Иди Қурбон, аз ҷумла идгардакро расман манъ кард. Мақомот ҳадаф аз ин тасмимро пешгирӣ аз густариши бемории ҳамагир гуфтанд.
Бо Мағфират Шагнамова, сокини пойтахт ҳангоми харид дар бозори "Меҳргон" суҳбат кардем. Ӯ гуфт, агар солҳои пеш барои таҷлил аз ин ид, ки меҳмонҳои зиёде ба хонааш меомаданд то ҳазор сомонӣ харҷ мекард, ҳоло чунин нест. Тавре мо мушоҳида кардем, ин ҳамсуҳбати мо имсол хариди зиёд накардааст.
Вай дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "акнун бе ид ҳам намешавад. Ростӣ, ҳамсояҳо ҳам намеоянд, агар ҳоҳаронам оянд, мумкин, вале мисли солҳои пеш меҳмони зиёдро интизор нестем. Соли гузашта дастурхон ороста будем. Ҳоло фақат дар 300 сомонӣ харид кардаму тамом".
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Як рӯз пеш аз Иди Қурбон бозорҳои пойтахт серодам буданд, вале дида мешуд, ки чандон хариди зиёд намекунанд. Бархе ҳам гуфтанд, имсол шавҳарону писарони муҳоҷирашон дар Русия бекор мондаанд ва ин ба вазъи зиндагии онҳо таъсир гузоштааст.
Меҳринисо Раҷабова, сокини дигари пойтахт, ки дар растаи гӯштфурӯшӣ бо мо сӯҳбат мекард, гуфт, ҳайрон буд як килограм гӯшт харад ё бештар аз он. "Як килограм гӯшт дар баъзе ҷойҳо 55 сомонӣ аст. Бозори "Меҳргон" омадам, инҷо 50 сомонӣ, ба ҳар ҳол арзонтар аст. Фикр мекунам, дигар рафтуомад ҳам намешавад. Ба ҳар ҳол, ба хотири ид гӯшт мехарам, нахарем ҳам намешавад",-гуфт ӯ.
Фурӯшандаҳо ҳам коҳиш ёфтани савдои пеш аз идро рад намекунанд. Меваҳои хушк дар арафаи Иди Қурбон харидори бештар дорад. Одинамоҳ Орифова, яке аз фурӯшандаҳо гуфт, имсол сокинон дар хариди ҳамагуна маҳсулот эҳтиёткор шудаанд. "Агар пештар одамон пиставу бодом ё мавизро як ё ду килограм мехариданд, ҳоло 300 то 500 грам мехаранд. Албатта онҳо ҳам фикр мекунанд, ки шояд меҳмони зиёд намеояд ва беҳуда сарф намекунанд".
Нарху навои пеш аз ид дар бозорҳо мисли солҳои пеш ба ҳадди ҷашмгир боло нарафтааст. Масъулини бозорҳо гуфтанд, барои танзими нарх, комиссияи вижа таъсис шуда, ҳамчунин ярмаркаҳо роҳандозӣ кардаанд ва маводи ғизоиро бо нархи арзонтар аз дохили бозор ба фурӯш гузоштаанд.
Гарон шудани нархи хӯрокворӣ дар остонаи идҳои мусалмонӣ дар Тоҷикистон ҳарфи тоза нест. Мақомот солҳои қабл ҳам аз роҳҳои зиёде истифода мебурданд, то ҷилави нархро дар даст дошта бошанд. Вале онҳое ҳам, ки аз гарон будани нархи донагиву меваҷот дар арафаи ид нигаронӣ мекарданд, кам набуданд.
Саидакбар, сокини дигар пойтахт гуфт, "як кило шафтолу 5 сомонӣ буд, имрӯз бо 15 сомонӣ харидам. Як тарбузи калон то даҳ сомонӣ буд, ҳоло 18 сомонӣ аст".
Дар гузашта дар арафаи идҳои мазҳабӣ бештар нархи гӯшт ва меваҷот то як баробар боло мерафт. Ҳатто замоне, ки қимати як кило гӯшт 40 сомонӣ буд, фурушандаҳо онро то 70 сомонӣ мефурӯхтанд. Гаронии нарх боиси борҳо боиси хархашаи харидорону фурушандаҳо гардида, расонаӣ шуда буд.
Иди Қурбон яке аз ду иди мусалмонист, ки дар Тоҷикистон расман рӯзи таътил аст. Дар ин рӯз сокинони мусалмони Тоҷикистон барои адои намоз ба масҷидҳо рафта, сипас, онҳое, ки тавон доранд, қурбонӣ мекунанд. Чанд рӯз пеш масъулони Кумитаи дини Тоҷикистон дар нишасти хабарӣ гуфтанд, ки имсол Иди Қурбон бе намози дастҷамъӣ баргузор мешавад.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Дар Тоҷикистон аз моҳи март инҷониб дари масҷидҳо бастааст. Иди Қурбон дувумин иди мазҳабӣ дар замони хуруҷи пандемияи коронавирус аст, ки бе намози дастҷамъӣ баргузор мешавад. Бо як қарори Шӯрои уламо моҳи май дар рӯзи Иди Фитр ҳам намози дастҷамъӣ баргузор нашуд.
Мақомот он замон аз сокинон хостанд, ки идро дар хона бо аъзои оила ҷашн гиранд. Бархе аз сокинон бар ин боваранд, ки танзими маросими идгардак номумкин аст. Ба фарқ аз Душанбе дар минтақаҳои Тоҷикистон аз ҷумла Хатлон, идгардаки кӯдакон бештар мушоҳида мешавад. Дар аксу наворҳое, ки хабарнигорони Радиои Озодӣ аз чанд шаҳру ноҳия фиристоданд, дида мешавад, ки таҷлили Иди Қурбон назар ба пойтахт дар навоҳии дигар пуррангтар аст.
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон чанд сол пеш ҳангоми таҳияи беш аз 500 номгӯи фарҳанги ғайримоддӣ Иди Қурбонро ба қатори ҷашнҳои нимфаъол дар кишвар шомил карда буд. Муаллифон гуфтанд, "қаламрави таҷлили Иди Қурбон чандон густарда нест". Нуктае, ки бисёре аз сокинон бо он розӣ нестанд.
Корбарони азиз!
Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!