Бозиҳои дӯстонаи мунтахаби Тоҷикистон бо Узбекистон ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон.

Дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба бозиҳои марҳилаи дувуми мусобиқаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи «F» моҳи сентябр дар меҳмонӣ ду бозии санҷишӣ анҷом медиҳад.

Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, мунтахаби кишвар 3-юми сентябр дар Варзишгоҳи миллии Тошканд бо мунтахаби Узбекистон ва 6-уми сентябр дар Дубай бо мунтахаби Имороти Муттаҳидаи Арабӣ бозиҳои дӯстона баргузор мекунад.

Ёдовар мешавем, барои мунтахаби Тоҷикистон дар марҳилаи дувуми мусобиқаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи «F» се бозии дигар мондааст. Футболбозони тоҷик 8-уми октябр дар майдони худ бо мунтаби Муғулистон, 12-уми ноябр дар меҳмонӣ бо мунтахаби Ҷопон ва 17-уми ноябр дар хона бо мунтахаби Мянмар рақобат хоҳанд кард.

Бозиҳои дӯстона

3-юми сентябр (панҷшанбе)

Узбекистон – Тоҷикистон

Тошканд, варзишгоҳи «Миллӣ»

6-уми сентябр (якшанбе)

Иморот – Тоҷикистон

Дубай, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!