Раиси бозори Шаҳритусро ба сар задани сӯхтор муттаҳам карданд, ӯ розӣ нест. ВИДЕО

Сӯхтор дар бозори марказии ноҳияи Шаҳритус. Моҳи майи соли 2020

Баъд аз ду моҳи сӯхтор дар бозори марказии ноҳияи Шаҳритус, ки ба моликони даҳҳо дӯкон зарари молӣ расонд, ба зидди раиси он Насим Каримов парвандаи ҷиноӣ кушодаанд. Каримовро ба он муттаҳам мекунанд, ки аз сӯхтор пешгирӣ накард. Раиси бозор мегӯяд, бо иттиҳоми мақомот розӣ нест ва дар ин ҳодиса худро гунаҳкор намешуморад.

Насриддинхон Султонзода, сардори идораи оташнишонии вилояти Хатлон, рӯзи 29-уми июл дар нишасти матбуотӣ гуфт, раиси бозори марказии Шаҳритус бар асоси моддаи 192-и Кодекси ҷиноӣ (риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ аз сухтор) парванда кушодаанд. Ин модда ҷарима ва ё маҳрумӣ аз озодиро пешбинӣ мекунад.

Султонзода гуфт, ба зидди нозири барқ бозор низ бо айни иттиҳом парванда боз шудааст. Вай афзуд, “раис ва барқчии бозор медонистаанд, ки яхдонҳо дар ҳолати бад ба барқ пайваст шудаанд, вале ба оташнишонҳо хабар надодаанд, то аз ҳодиса пешгирӣ шавад.”

“Савдогарон баёнот доданд, ки даҳ рӯз пеш аз сӯхтор дар бозори марказии ноҳияи Шаҳритус дар масоҳати хурде як сӯхтор сар зада будааст ва онро хомӯш кардаанд. Он вақт раиси бозор гуфтааст, ба мақомот хабар надиҳед, ки ҷарима мекунанд. Баъд аз даҳ рӯз ин сӯхтори калон рух дод ва зиёни зиёд расонд”, -- шарҳ дод ӯ.

Сардори идораи оташнишонии виляоти Хатлон сабаби расмии сӯхторро “расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқ” номид.

Насим Каримов, раиси бозори марказии ноҳияи Шаҳритус рӯзи 29-уми июл дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, бо муҳтавои парванда розӣ нест. Вай афзуд: “Павранда дар дасти муфаттишон аст ва ҳар дафъа маро барои пурсиш даъват мекунанд. Бо иттиҳоми эълоншуда розӣ нестам, чун дар гузашта дар бозор ҳеч мушкил набуд ва камубдеро низ пинҳон накардаем.”

Парванда аз тарафи идораи умури дохилии ноҳияи Шаҳритус кушода шуда, таҳқиқи онро муфаттишони додситонии ноҳия ба уҳда доранд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Сӯхтор дар бозори марказии Шаҳритус

Маcъулони ҳукумати Шаҳритус мегӯянд, зиёни сӯхтор дар бозори марказии ноҳия беш аз 4 миллион сомонӣ (400 ҳазор доллар) ҳисоб шудааст. Ҳодиса 28-уми майи имсол рух дод. Тоҷирон мегӯянд, мақомот ба онҳо ваъдаи сабукӣ дар пардохти андозу баҳраҳои бонкӣ доданд, аммо нагуфтанд, ҷуброни зарарро кӣ ва чӣ гуна мепардозад.

Ҷаббори Ғаффор, раиси ноҳияи Шаҳритус, низ гуфт, азнавсозии бозор то як моҳи дигар анҷом шуда, ба соҳибкорон дар пардохти андоз ва қарзҳои бонкияшон сабукӣ медиҳанд.

Дар ноҳияи Шаҳритус ду бозор фаъол аст, бозори марказӣ ва бозори “Ином”. Чанд сол пеш моликони бозори "Ином" бар сари тақсими бозор бо Муҳибулло Саъдуллоев, додарарӯси раиси ҷумҳурии Тоҷикистон баҳс доштанд. Мақомот мегӯянд, бозори марказии ноҳия зери назорати идораи "Тоҷикматлубот" аст.

Оташ гирифтани бозорҳо дар гӯшаҳои гуногуни Тоҷикистон солҳои ахир зиёд иттифоқ меуфтад. Мақомот дар чанд ҳолат гуфтанд, ки риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ сабаби оташ гирифтани бозорҳо шудааст, аммо дар ҳама ҳолат ҷуброни зиёни расида ба соҳибкорон ва барқарор кардани тиҷорати онҳо аз масъалаҳои баҳсбарангез мондааст.

Тоҷирон дар баъзе маврид ҳолатҳои барқасдона оташ зада шудани бозорҳоро аз эҳтимол дур намедонанд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!