Путин ба Рамзан Қодиров рутбаи генералӣ дод

Президенти Русия Владимир Путин ба раҳбари Ҷумҳурии Чеченистон Рамзан Қодиров рутбаи генерал-майори неруҳои мусаллаҳи Федератсияи Русияро тақдим кард.

Рамзан Қодиров рӯзи 23-юми июл дар сафҳаи худ дар "Вконтакте" бо нашри акси фармони президент навишт, ки Владимир Путин бо ӯ телефонӣ сӯҳбат кард ва аз ин тасмимаш ӯро огаҳ намуд.

"Ҳангоми тамоси телефонӣ, худи президент фармонро қироат кард, маро табрик намуд ва орзуи муваффақият кард",-навишт Қодиров.

Дар соли 2009 президенти вақти Русия Дмитрий Медведев ба Рамзан Қодиров рутбаи генерал-майори милиса дода буд. Дар он замон Қодирови 33-сола ҷавонтарин генерал-майор дар Русия ба шумор мерафт.

Рамзан Қодиров дар паёми худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ рӯзи 23-юми июл эълон кард, ки ӯ аз Вазорати умури дохилӣ ба Горди миллӣ интиқол ёфтааст.

Қодиров аз соли 2007 ба ин тараф раҳбари Чеченистон мебошад. Ӯ ки дар ҷанги аввали Русия ва Чеченистон алайҳи нерӯҳои русӣ меҷангид, аз сӯи Русия ва дигар гурӯҳу созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи башар ба нақзи ҳуқуқи инсон, аз ҷумла шиканҷа, гаравгонгирӣ, муҳокимаҳои ғайриқонунӣ ва террори шахсиятҳо ва мухолифони сиёсӣ дар Русия ва берун аз он муттаҳам шудааст.

Вазорати умури хориҷии Амрико рӯзи 20-уми июли имсол Рамзан Қодировро барои нақзи ҳуқуқи башар, аз ҷумла шиканҷа, таҳрим намуд ва сафари ӯ ба Амрикоро манъ кард.

Майк Помпео, Вазири умури хориҷии Амрико дар баёнияе гуфт, Рамзан Қодиров, раҳбари Чеченистон ва аз муттаҳидони Владимир Путин, аз паҳншавии коронавирус ҳамчун баҳонае барои нақзи ҳуқуқи башар дар ин ҷумҳурии худмухтор истифода мекунад.

Тибқи ин таҳрим, ҳамсар ва духтарони Рамзан Қодиров низ иҷозаи сафар ба Амрико нахоҳанд дошт.

Ҳукумати Амрико дар гузашта низ оқои Қодировро тибқи қонуни "Магнитский" дар феҳристи сиёҳ қарор дода буд. Ин қонун, ки дар соли 2012 қабул шуд, сафари мақомоти Русияро, ки дар қатли Сергей Магнитский дахолат доштанд, мамнуъ кард.

24 июл дар посух ба ин Рамзан Қодиров зидди худи Майк Помпео таҳрим эълон кард ва гуфт, ҳамаи чораҳои нисбаташ эълоншударо ба вазири корҳои хориҷии ИМА раво медорад.

Рамзан Қодиров пас аз поёни ду ҷанги хунин байни нерӯҳои Русия ва ҷудоиталабон ва исломгароён, дар соли 2007 раҳбари Чеченистон шуд.

Ҳукумати Русия иддао мекунад, ки Рамзан Қодиров дар саркӯби исломгароёни мухолифи ҳукумат ва тундрав дар ин минтақа нақши муҳими ифо кардааст. Вале ҳомиёни ҳуқуқи башар ӯро масъули саркӯбҳои густурда ва нақзи шадиди ҳуқуқи башар медонанд.

"Ман ҳамеша гуфтаам ва ҳоло такрор мекунам, ки ман як сарбози бовафои президентамон ҳастам",-навишт Қодиров рӯзи 23-юми июл дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва афзуд, "ман омодаи иҷрои ҳама гуна дастурҳои душвор дар ҳар қора ҳастам".

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!