Ҳафт нафар барои ҳамла ба "Ишқобод" аз 2 то 27 соли зиндон маҳкум шуданд

Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳафт нафар аз муттаҳамони ҳамла ба дидбонгоҳи марзии "Ишқобод" дар наздикиҳои марзи Тоҷикистону Узбекистонро аз 2 то 27 сол равонаи зиндон кардааст. Ҳамаи ин афрод дар пайи ин ҳамла боздошт шуда буданд.​

Икром Зоирзода, сарпрокурори ҳарбӣ рӯзи 14-уми июл зимни нишасти хабарӣ дар посух ба суоли Радиои Озодӣ гуфт, ҳамаи маҳкумшудаҳо шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд. Оқои Зоирзода замони дақиқи эълони ин ҳукмро нагуфт.

Шермуҳаммад Шоҳиён, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон дар моҳи феврал гуфта буд, ки таҳқиқи қазияи ҳамла ба дидбонгоҳи "Ишқобод" ба анҷом расида, Додситонии кулл парвандаро ба Додгоҳи олӣ ирсол кардааст. Раиси Додгоҳи олӣ он замон гуфт, ки дар ин робита нисбати 9 нафар парванда боз шуда, баррасии он пушти дарҳои баста сурат мегирад.

Ҳамла ба дидбонгоҳи "Ишқобод" дар марзи Тоҷикистону Узбекистон дар соати 03:23-и субҳи 6-уми ноябри соли ба амал омада, дар он як марзбон ва як афсари пулис ва 15 ҳамлавар кушта шудаанд. Дертар ба Радиои Озодӣ маълум шуд, ки дар ин ҳодиса панҷ марзбон ва як корманди Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ҷон бохтаанд. Мақомот ин иттилоъро тасдиқ ё рад накарданд.

КДАМ эълон дошт, ҳамлаварон 20 нафар ва марбути гуруҳи "Давлати исломӣ" ё ДОИШ будаанд, ки "бо дастури вижа аз ноҳияи Қалъаи Золи Афғонистон ба ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон гузашта, сипас, ба дидбонгоҳ ҳамла кардаанд".

ДОИШ низ масъулияти ҳамларо ба дӯш гирифт, вале ҳамчунон фарзия ва гумонзаниҳои дигаре дар ҷомеа ва расонаҳо вуҷуд дорад. Мақомоти Афғонистон ва чандин манбаи боварбахш дар мақомоти Тоҷикистон убури ҳаросафканонро аз марз рад кардаанд.