Бо талаби Вазорати адлия фаъолияти "Зеркало"-ро барои ду моҳ манъ карданд

Қаҳрамон Бақозода, роҳбари "Зеркало".

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ фаъолияти ташкилоти "Зеркало", яке аз фаъолтарин марказҳои назарпурсии мустақилро ба муддати ду моҳ манъ кардааст. Вазорати адлия ташкилоти "Зеркало"-ро ба риоя накардани қонунгузорӣ муттаҳам мекунад. Аммо масъулини ин ташкилоти ҷамъиятӣ на ҳама эродҳои мақомотро дуруст меҳисобанд.

Асадулло Ҳакимзода, муовини вазири адлия рӯзи 13-уми июл зимни нишасти хабарӣ гуфт, санҷиши ин ниҳод муайн кардааст, ки ташкилоти "Зеркало" ба чанд қонуншиканӣ роҳ додааст.

Аз ҷумла, ба гуфтаи Ҳакимзода, қарорҳои ташкилот на ба шакли коллектив ё шӯро, балки танҳо аз ҷониби роҳбари он қабул карда мешаванд. Инчунин ба гуфтаи муовини вазири адлия, ташкилоти "Зеркало" кормандонашро бе анҷоми расмиёт ба кор қабул кардааст.

"Вазорати адлия ба тариқи хаттӣ ба ташкилот огоҳинома ирсол кард. Дар муҳлати як моҳ камбудиҳо, ки бартараф нашуд, мо муроҷиат кардем ба Суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ",-гуфт муовини вазири адлия.

Фаъолияти ташкилоти ҷамъиятии "Зеркало" бо қарори додгоҳ аз моҳи июн ба муддати ду моҳ манъ шудааст. Мақомот мегӯянд, дар сурати ислоҳи камбудиҳо мумкин аст фаъолияти он аз сар гирифта шавад.

Масъулини ташкилоти “Зеркало” ба тасмими Вазорати адлия барои манъи думоҳаи фаъолияти ин маркази назарпурсӣ розӣ нестанд.

Қаҳрамон Бақозода, роҳбари ташкилоти "Зеркало" дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, санҷиши Вазорати адлия ҳанӯз охири соли гузашта анҷом шуд ва мақомот барои ислоҳи эродҳо як моҳ муҳлат доданд.

Бақозода афзуд, бо сабаби онки дар ташкилоти онҳо ҳуқуқшинос фаъолият намекунад, онҳо натавонистанд ба ҳама эродҳои Вазорати адлия давоми як моҳ посух диҳанд.

"Моҳи март эродҳоро аз рӯи огоҳинома ислоҳ карда, ҳуҷҷатҳоро ба Вазорати адлия пешниҳод кардем. Вазорат гуфт, ки мо аллакай ба додгоҳ равон кардем. Мо қисмати асосии эродҳои вазоратро ислоҳ кардем",-гуфт роҳбари "Зеркало".

Як баҳси асосӣ миёни Вазорати адлия ва ташкилоти "Зеркало" ин қабул кардани кормандон мебошад.

Асадулло Ҳакимзода, муовини вазири адлия гуфт, роҳбарияти "Зеркало" кормандони худро бе анҷоми расмиёти зарурӣ ва тартиби парвандаи шахсӣ ба кор гирифтаанд.

"Набудани дафтарчаҳои меҳнатӣ, ин ҳолатҳое ҳастанд, ки Вазорати адлия бояд ба он вокуниш нишон диҳад. Чун ҳуқуқҳои шаҳрвандон дар инҷо халалдор шудаанд",-гуфт Ҳакимзода.

Аммо роҳбари ташкилоти "Зеркало" мегӯяд, ин интиқоди Вазорат дуруст набуд ва инҷо нофаҳмӣ ба миён омад.

Ба гуфтаи Қаҳрамон Бақозода, "дар масъалаи онки мо коргаронро бе дафтарчаи меҳнатӣ ва бе қарордод ба кор гирифтем, асос надорад. Аз соли 2010 Вазорати меҳнат тафтиш мекунад ва ин ниҳод ягон эрод надорад. Дар ин масъала нофаҳмӣ шуд. Ҳатто бо кормандоне, ки ба таври муваққат барои гузарондани пурсишҳо ҷалб карда мешаванд, шартномаи меҳнатӣ мебандем".

Бақозода гуфт, дар ин масъала норозигии худро ба Вазорати адлия пешниҳод кард ва дар додгоҳ низ баён доштанд.

Бо вуҷуди муваққатан қатъ кардани фаъолият ҳам масъулини Вазорати адлия ва ҳам роҳбарони "Зеркало" ба фаъолияти дубораи он таъкид карданд.

Асадулло Ҳакимзода, муовини вазири адлия гуфт, ҳафтаи гузашта ташкилоти "Зеркало" мактуб карда, аз ислоҳи камбудҳо хабар додааст. Ҳакимзода гуфт, дар сурати ислоҳи камбудиҳои ошкоршуда бо ҳалномаи додгоҳ фаъолияти ташкилоти "Зеркало" барқарор карда мешавад.

Ташкилоти "Зеркало" яке аз марказҳои фаъоли пурсиши омма дар Тоҷикистон буда, дар мавзуъҳои муҳими иҷтимоӣ ва озодии баён назарпурсӣ мегузаронад. Натиҷаи баъзе аз пурсишҳои ин ниҳод манзараи алтернативӣ ва ба воқеият наздикро ба намоиш мегузоранд.

Аз ҷумла, назарпурсии "Медиа консалтинг" ва "Зеркало" дар соли гузашта нишон дода буд, ки сайтбандиҳо дар Тоҷикистон натиҷаи баръакс додааст ва мардум ҳамоно аз сомонаҳое истифода мебаранд, ки дастрасӣ ба онҳо пайваста маҳдуд карда мешавад. Баъзе аз созмонҳои байналмилалӣ дар гузоришҳои худ вобаста ба Тоҷикистон ба пурсишҳои "Зеркало" такя мекунанд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!