Хабарнигорони телевизиони "Настоящее Время", як бахши Радиои Озодӣ, ҳангоми таҳқиқ маълум кардаанд, ки дар шимоли Озарбойҷон ҳанӯз занонро хатна мекунанд.
"Хеле хурд будам, ки маро хатна карданд. Чизеро эҳсос накардам, ҳатто гиря накардам. Ҳоло он лаҳза мисли хобе ба ёдам меояд. Хоҳару хоҳарзодаҳо ва тамоми занони шиноси мо ва духтарҳояшонро ҳам хатна кардаанд. Дар ин ҷо ин одат аст, вале росташро бигӯям, ба ман маъқул нест", -- нақл кард яке аз занон дар шимоли Озарбойҷон.
Одат ҳамон, вале ном дигар аст
Аксар ҳомиёни ҳуқуқ ва мақомоти давлатӣ мегӯянд, дар бораи хатна шудани занон дар Озарбойҷон хабар надоранд. Фаъоли ҷамъиятӣ Нурлан Ҷалил ва хабарнигорони “Настоящее Время” тавонистанд, яке аз шаклҳои “хатнаи занон”-ро муайян ва ошкор кунанд.
Пизишкон ва ҳомиёни ҳуқуқ ҳанӯз дар солҳои 80-ум ба хотири пешгирӣ аз бардошти нодуруст аз истилоҳи "хатнаи занон" даст кашида, аз ин амал чун "зарар ё ҷарроҳии шармгоҳи занон" ном мебаранд.
Ба иттилои Созмони Милали Муттаҳид, ин таҷриба дар баъзе аз кишварҳои Африқо, Осиё ва Шарқи Наздик маъмул аст. Солҳои ахир "хатнаи занон" дар Қафқози Шимолӣ, Доғистону Ингушистон ва миёни халқи авартс дар ноҳияи Кварели Гурҷистон ҳам ошкор шудааст.
Таҳқиқи муштарак маълум кард, ки таҷрибаи "хатнаи занон" дар ноҳияҳои Загатал ва Балакен маъмул аст, дар ин ноҳияҳо авартсҳо ва ахвахтсҳо зиндагӣ мекунанд. Ин минтақаҳои ҳаммарз бо Гурҷистон дар 370-километрии шаҳри Боку, пойтахти Озарбойҷон, дар кӯҳҳо воқеъ аст.
Дар Озарбойҷон тақрибан 50 ҳазор авартс зиндагӣ мекунанд ва на ҳама занон дар ин минтақа хатна мешаванд. Таҳқиқ муайян кардааст, ки ин таҷриба бештар дар деҳоте, ки дар қисми шимол ҷойгиранд, истифода мешавад.
"Сирф сирри занона"
Сокинони маҳаллӣ нақл мекунанд, ки вақте духтар 2-3 сола шуд, модар ё модаркалон ӯро ба назди зани пиронсоле мебаранд, ки чунин амалҳоро анҷом медиҳад.
Аксаран духтарон пинҳонӣ аз мардони хона барои хатна бурда мешаванд. Ин кори сирф занона дониста мешавад. Хатнаи занон ҳамчунин пинҳонӣ аз мақомот ва ҷомеа анҷом мешавад. Сокинаи 60-сола, яке аз сокинони минтақа мегӯяд: "Бале, ман хатна шудаам ва духтарамро ҳам хатна кардем. Набера надорам, вале агар медоштам мумкин онҳоро ҳам хатна мекардем."
"Модари ман духтаронро хатна мекард. Худи маро ҳам кардаанд. Духтари ман 4-сола аст, ман ӯро хатна накардам, вале агар модарам зинда мебуд, ӯро ҳатман хатна мекард", -- мегӯяд Ҳурамани 34-сола.
Ба гуфтаи сокинони маҳаллӣ, ин одат дар даврони Шӯравӣ ҳам буд. Он замон ин кор ҳатто ҳатмӣ буд ва вақте барои духтаре хостгорӣ меомаданд, аввал пурсида мешуд, ки хатна шудааст, ё на. Ҳоло хатнаи занон ҳатмӣ нест. Бархе аз оилаҳои ҷавон ба калонсолон мегӯянд, ки духтарони худро хатна кардаанд, аммо дар асл онҳо ин корро намекунанд. Ҳарчанд гурӯҳи дигари ҷавонон то ҳанӯз ин анъанаро риоя мекунанд.
Шарҳҳои гуногун
Вале ҳамаи заноне, ки аз ин марҳила гузаштаанд, дар суҳбат бо ҳомии занон Нурлан Ҷалил гуфтанд, ин амал ба эҳсоси занонаи онҳо таъсире надоштааст. Ба Лолаи 55-сола дар хурдсолӣ гуфтаанд, зани хатнашуда ба иҷрои корҳои мардона ҳам ҳуқуқ пайдо мекунад ва рамзан ин гурӯҳи занон бо мардон баробар мешаванд.
Шарҳи занон дар бораи сабаби хатна шудан яксон нест. Бархе ин амалро ба дин рабт медиҳанд, гурӯҳи дигар онро як анъанаи фарҳангӣ меноманд, вале дар маҷмӯъ аксарият бар ин боваранд, ки зани хатнашуда эҳсоси зиёди шаҳват надорад ва ба шавҳараш хиёнат намекунад.
Ҷонибдорони хатнаи занон мегӯянд, ин як талаби дини ислом аст, ҳарчанд ба қавли рӯҳониён дар китоби Қуръон дар ин бора чизе нест ва хатнаи занон ба дини ислом рабт надорад. Онҳо мухолифи ин амаланд ва ҳатто онро гуноҳ медонанд.
Аҳмад Ярликапов, корманди илмии Маркази мушкилоти Қафқоз ва амнияти минтақавӣ, мегӯяд, “дар баъзе аз қабилаҳо дандонҳоро мекӯбанд. Ин мисли як санҷиш аст, то фаҳмида шавад, ки дардро таҳаммул карда метавонад, ё не. Хатнаи занон ҳам чунин аст. Ба ислом ягон рабт надорад. Ин зоҳиран аз анъанаҳои то замони ислом аст. Барои мисол, дар Миср беш аз 90 дар сади духтарон хатна карда мешуданд. Ва на танҳо духтарони мусалмон, балки насрониҳо ҳам ин амалро он ҷо раво мебинанд."
Ба гуфтаи Аҳмад Ярликапов, "ҳатто хатнаи мардон ҳам дар Қуръон оварда нашудааст ва он суннат дониста мешавад. Вале дар бораи хатнаи занон дар ҳадисҳои пайғамбар ҳам чизе гуфта нашудааст. Бинобар ин, аксари намояндагони дини ислом духтаронро хатна намекунанд."
Пайомадҳояш чӣ хоҳад буд?
Духтури занона Загаталов (хост, номашро нагӯем) дар таҷрибаи кории худ бо занони хатнашуда вохӯрдааст. 20 соли пеш ӯ бо сокинони деҳаҳои авартснишин кор мекард. Ӯ аз мушоҳидаҳои худ чунин қисса мекунад: "Ман дар чандин бемор як захми ҳамсонро мушоҳида кардам. Ҳайрон шудам ва пурсидам, ин чӣ аст. Онҳо гуфтанд замони хурдсолӣ хатна шудаанд. Баъдан дар бораи ин амал ё одат огоҳ шудам. Зоҳиран ин барои занон ягон нороҳатӣ эҷод намекунад ва касе ҳам аз ин шикоят надошт, вале солҳои ахир ман бо чунин ҳолатҳо рӯ ба рӯ нашудаам. Ба фикрам, ин дар гузашта монд."
Лола Алиева, пизишки дигари занона, дар 31 соли таҷрибаи кории худ чунин амалро мушоҳида накардааст. Вай мегӯяд, "бинобар ин, танҳо аз нигоҳи назариявӣ метавонам дар бораи оқибатҳои эҳтимолии ин амал назарамро бигӯям. Агар ин буриш ё амал дар шароити антисанитарӣ анҷом шавад, метавонад бо заҳролудшавии хун сабаб шавад. Ҳамин тавр дар ҷое, ки бурида шудааст, метавонад захм пайдо шавад, ки зимни робитаи ҷинсӣ барои зан нороҳатиҳо эҷод мекунад."
"Сокинон ҳақиқатро намегӯянд"
Созмони ҷамъиятии "Ҷаҳони пок", ки ба занон мадад мерасонад, чанд соли пеш аз хатна шудани занон огоҳ шуд. Меҳрубон Зейналова, раҳбари созмон, мегӯяд, намояндаҳои онҳо барои дақиқ кардани ин маълумот ба Загатал рафта, бо занон суҳбат карданд, аммо натавонистанд чизеро муайян кунанд.
Нисо Ҳоҷиева, яке аз занони фаъол дар ин бора мегӯяд: "Ман ҳам сару садоҳоро дар бораи хатна шудани занон дар шимоли Озарбойҷон мешунидам, вале зодаҳои он минтақа дар суҳбат бо мо ҳамеша инро рад мекарданд. Бинобар ин, то чанд вақти пеш ягон иттилои боварбахш дар ин бора надоштам.”
Масъулини Кумитаи кор бо оила, занон ва кӯдакон мегӯянд, дар ин бора ягон муроҷиату шикоят дастрас накардаанд. Элгун Сафаров, раҳбари бахши иттилоъ ва таҳлили кумита мегӯяд, дар Озарбойҷон чунин далелҳо ҳеч вақт тасдиқ нашудаанд. "Барои таҳқиқи мавзуъ бояд ҷабрдидаҳо бо далел ба Кумита муроҷиат кунанд", -- афзуд Элгун.
Пешниҳоди манъи хатнаи занон
Нурлан Ҷалил, коршиноси масоили гендерӣ, натиҷаи таҳқиқи худро чун далел ба Кумитаи занон пешниҳод кард ва ҳоло посухашро интизор аст. Ба гуфтаи ӯ, дар ин кишвар бояд қонуни манъи хатнаи занон қабул шавад. "Ҳамчунин, ба фикри ман, миёни занону духтарон корҳои фаҳмондадиҳӣ бояд ба роҳ монда шаванд. Хуб мебуд, агар ба ин кор рӯҳониён ҳам ҷалб мешуданд. Дар маҷмуъ, ба ин масъала бояд мутахассисони зиёд, аз ҷумла пизишкони занонаро ҷалб кард”, -- меафзояд Нурлан Ҷалил.
Ҳомии ҳуқуқ Элдар Зейналов мегӯяд, “аз нигоҳи қонун хатнаи занон қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ аст ва тибқи модаи 126-и кодекси ҷиноӣ барои ин амал аз 3 то 8 сол ва дар ҳолатҳои дигар то 12 соли зиндон пешбинӣ шудааст. Вале дар сурати зарар нарасондан ба саломатӣ ба ҷавобгарӣ кашидани касе барои хатнаи занон кори душвор хоҳад буд. Мақомот бояд ин амалро ғайриқонунӣ эълон кунанд.”
Дар Қафқоз, маъмулан мардуми авартс занонро хатна мекунанд. Ба Гурҷистон ҳам ин анъанаро муҳоҷирони авартс бо худ бурдаанд. Дар ҳудуди Озарбойҷон ҳам зодаҳои минтақаҳои авартснишини Доғистон зиндагӣ доранд.
"Кӣ мехоҳад зидди оилаи худ шикоят кунад?"
Бори аввал дар бораи хатнаи занон дар миёни сокинони Доғистони ғарбӣ, этнограф Юрий Карпов навиштааст. Соли 2001 китоби ӯ бо номи “Фазои занон дар фарҳанги халқҳои Қафқоз" нашр шуд. Саида Сироҷиддинова, муҳаққиқи бунёди “Ташаббуси ҳуқуқӣ”, муаллифи ду пажӯҳиш дар бораи ҷарроҳии олати таносулии занон дар Қафқоз аст. Матлаби нахустин соли 2016 нашр шуд. Маҳз он замон ҷомеа аз хатнаи занон дар Қафқози шимолӣ огоҳ шуд. Бинобар натиҷаҳои таҳқиқи Сироҷиддинова, ин одат дар минтақаҳои кӯҳдомани ҷанубу ғарби Доғистон роиҷ аст.
Баъд аз ин Додситонии Русия дар Қафқози Шимолӣ тафтишро шуруъ кард, вале мақомот эълон карданд, ки чунин мушкил ҷой надорад. Саида Сироҷиддинова мегӯяд: "Мақомот гӯиё тафтиш кард, вале гуфтанд, муроҷиате ба додситонӣ ва мақомоти интизомӣ ворид нашудааст ва онҳо чунин мушкилеро мушоҳида накардаанд. Вале кӣ мехоҳад зидди оилаи худ шикоят кунад?”
Дар айни замон дар Гурҷистон, пас аз таҳиқи Пажӯҳишгоҳи инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар бораи мавридҳои хатнаи занон дар миёни мардуми авартс дар соли 2016 мақомот ба вуҷуди ин мушкил иқрор карданд. Соли 2017 дар Кодекси ҷиноии Гурҷистон барои ҷарроҳии олати таносулии занон ҷазо пешбинӣ гардид. Тибқи ин тағйирот акнун барои ин амал аз 2 то 4 соли маҳрумӣ аз озодӣ пешбинӣ шуд.
Бино ба иттилои Бунёди атфоли СММ (ЮНИСЕФ) ҳадди ақал 200 миллион зан дар 30 кишвари ҷаҳон хатна шудаанд. Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ ин оморро ба 130 миллион нафар баробар медонад. Соли 2012 Маҷмаи Умумии СММ аҳдномаеро тасвиб кард, ки тибқи он хатнаи занон манъ аст.