Бобову бибӣ бо се набераи маъюб. Шӯрбахтие дар деҳаи Шӯриён.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ҳар рӯзи Майдагул Шарипова, сокини 66-солаи ҷамоати Эсанбойи ноҳияи Рӯдакӣ бо парастории се набераи маълул шом мешавад. Дар баробари парастории се набераи маъюб, анҷоми корҳои хона аз рӯбучин то пухтани нону хӯрок ва шӯстушӯи либос ҳама ба души ӯст.