Чаро фармонҳои Путин дар бораи муҳоҷирон иҷро намешаванд? ВИДЕО

Владимир Путин

Русия ба муҳоҷирони корӣ ниёз дорад ва барои ҷалби бештари онҳо ҳавасманд аст. Дар ин ин бора Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия дар ҳошияи як ҷаласаи онлайнӣ изҳори назар кард, ки тағйиротҳои охир дар Конститутсия матраҳ мешуд.

Ангезаи чунин изҳорот суоли яке аз ширкаткунадагон буд, ки аз Путин пурсид чаро фармонҳои содиркардааш дар бораи муҳоҷирон иҷро намешаванд.

Богдан Бепалко, роҳбари созмони ҷамъиятии "Украинитаборони Русия" дар бораи иҷро нашудани фармонҳои Путин ва тамаъҷӯии мақомдорон ҳангоми додани шаҳрвандии Русия шикоят кард.

Ӯ аз ҷумла гуфт, ки фармони апрелии Путин дар бораи озод шудани аз пардохти путин патент, сабти ном ва суғуртаи тиббӣ дар асл иҷро намешавад.

Владимир Путин ба ин шикояти Бепалко мустақиман посух нагуфт, аммо афзуд Русия ба муҳоҷирон- нерӯи кории бештар ниёз дорад. Ба гуфтаи Путин, бо рушди иқтисоди кишвараш, Руси ба нерӯи кори бештар ниёз пайдо мекунад.

"Ин масъала яке аз омилҳои боздорандаи рушди кишвар хоҳад шуд. Ин як мушкили ҷиддӣ аст. Инро ман ҳоло ба Шумо мегӯям ва умедворам ин вохурии мо дар ВАО нашр мешавад ва ҳамкорони мо низ онро шунаванд. Ин сиёсати давлатӣ бояд бошад. Русия ба ҷалби муҳоҷирон ҳавасманд аст, ба онҳое ки кишвар эҳтиёҷ дорад. Мефаҳмед?,"-пурсид раиси ҷумҳури Русия.

Зимнан танҳо роҳбари созмони ҷамъиятии "Украинитаборони Русия" нест, ки аз иҷро нашудани фармонҳои Путин барои муҳоҷирон шикоят дорад. Чандин муҳоҷирони тоҷик низ айни ҳамин шикоятро доранд ва мегӯянд, кордеҳон аз онҳо талаб доранд пули патентро пардозанд. Дар ҳоле, ки аз моҳи март то июн онҳо аз пардохти пули патент озод буданд. Патенти бархе муҳоҷирон умуман бекор шудааст ва маҷбуранд аз нав патент бигиранд.

Муҳаммад Ориф, муҳоҷири кории тоҷик бо ирсоли як навор ба Радиои Озодӣ гуфт, баъди фармони раиси ҷумҳури Русия 90 рӯз пули патентро надоданд, аммо акнун ширкате, ки ӯ ва даҳҳо тоҷикони дигар кор мекунанд аз онҳо талаб дорад, ки гӯё патент бекор шудааст ва онҳо аз нав патент бигиранд.

"Дар шаҳри Санкт- Петербург нархи моҳонаи патент 4 ҳазор рубл аст. Барои аз нав патент гирифтан бошад 30 ҳазор рубл харҷ мешавад. Намедонем чӣ кор кунем, касе ба додамон намерасад",-мегӯяд ӯ.

Гузориши видеоиро дар инҷо бубинед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Путин: "Русия ба нерӯи кории муҳоҷирон ниёз дорад"

Коршиносон мегӯянд, бо бозшудани марзҳо ва одӣ шудани равуо мавҷи муҳоҷирон аз Тоҷикистон ва дигар кишварҳо ба Русия сарозер мешавад. Чун дар давраи пандемияи коронавирус аксарият аз кору даромад маҳурум шуда, ташнаи коранд. Аммо ба гумон аст, ки бо изҳори назари Путин вазъи муҳоҷирон ва шароити онҳо беҳбуд ёбад.

Хайрулло Мирсаидов хабарнигори тоҷик, ки борҳо дар бораи вазъи муҳоҷирон гузориш додааст бар ин бовар аст, ки вазъи муҳоҷирон беҳ нахоҳад шуд.

Ба таъкиди Мирсаидов, кордиҳандагон барои қонунан ба кор гирифтани муҳоҷирон манфиатдор нестанд ва аз ин рӯ "муҳоҷирати корӣ ҳоло дар Русия як шакли ғуломдории муосир ҳамроҳ бо ришватхории саросарӣ аст."

"Ин вазъият ба суди мақомоти Русия, чунки онҳо аз нерӯи кори кишварҳои хориҷӣ сӯистифода карда, аз муҳоҷирон тамаъҷӯӣ мекунанд. Бинобар ин, набояд мунтазир шуд, ки пас аз ин гуна изҳорот вазъи муҳоҷирон дар Русия беҳ мешавад. Баракс тавре таҷриба нишон медиҳад вазъи муҳоҷирон дар Русия сол ба сол бадтар шуда истодааст",-гуфт Мирсаидов.

Бо ин вуҷуд ба пешбинии Мирсаидов пас аз анҷоми пандемия боз ҳам шумори муҳоҷирони тоҷик дар Русия меафзояд, чунки аксарият интихоби дигаре надорад, дар дохил бошад ҷойи кор бо маоши шоиста хеле кам аст.

Мақомоти тоҷик мегӯянд, дар Русия ҳудуди ним миллион муҳоҷирони тоҷик кор мекунанд. Аммо мақомоти Русия ин рақамро беш аз як миллион мегӯянд.

Бо вуҷуди сахтиҳо ва музди кори ночиз муҳоҷирони кории Тоҷикистон ноновари хонаводаҳои худ дар Тоҷикистонанд ва даромади ҳар чорумин хонавода дар кишвар аз ҳисоби муҳоҷирати корӣ аст.

Тибқи иттилои Бонки марказии Русия, муҳоҷирони корӣ дар се моҳаи аввали соли 2020 ба Тоҷикистон 359 миллион доллар фиристодаанд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 22,3 дарсад кам аст. Дар се моҳи аввали соли гузашта муҳоҷирон ба Тоҷикистон 462 миллион доллар фиристода буданд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!