Кишварҳои минтақа оғози гуфтугӯ бо Толибонро баҳс мекунанд

Парчами Афғонистон

Ҳукумати Афғонистон намояндагони 20 кишвар, аз ҷумла Тоҷикистонро гирди ҳам меорад, то масъалаи оғози гуфтугӯҳои сулҳ бо Толибонро баррасӣ кунанд. Мақомҳои афғон гуфтанд, ҳамкории содиқонаи кишварҳои ҳамсоя дар роҳи расидан ба сулҳ муҳим аст.

Ҷаласаи онлайнии намояндагони кишварҳои минтақа ва созмонҳои ҷаҳонӣ қарор аст имрӯз, душанбеи 6-уми июл баргузор шавад. Ҳукумати Афғонистон аз намояндагони Покистон, Эрон, Туркия, Тоҷикистон, Озарбойҷон, Чин, Миср, Ҳинд, Қазоқистон, Арабистон, Русия, Қатар, Имороти Муттаҳидаи Араб ва Узбекистон даъват кардааст дар ҷаласа ширкат кунанд.

Ҳамчунин намояндагони Созмони Миллати Муттаҳид, Созмони ҳамкории исломӣ ва дипломатҳои амрикоӣ дар ин ҷаласа ҳузур хоҳанд дошт

Мақомҳои афғон гуфтанд, ҷаласа бо ҳадафи тақвияти созиши минтақавӣ барои сулҳи Афғонистон аст, то бар асоси он музокироти байнулафғонӣ базудӣ оғоз шавад.

Тавофуқи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ дар мавриди сулҳи Афғонистон қабл аз ин низ эҷод шуда буд, вале ҳоло мақомҳои афғон талош доранд, ин созиш тақвият бахшида шуда, гуфтугӯ бо Толибон базудӣ оғоз шавад.

Гранд Ҳивод, сухангӯи Вазорати хориҷаи Афғонистон гуфт, ҷаласаи рӯзи душанбе бо суханронии видеоии Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳури Афғонистон оғоз мешавад ва вазири хориҷаи ин кишвар онро пеш мебарад.

"Ҳадаф аз он тақвияти созиши минтақавӣ ва ҷаҳонӣ аст, то музокирти сулҳ ба зудӣ оғоз шавад ва ба натиҷаи муносиба расад,"-афзуд сухангӯи Вазорати корҳои хориҷаи Афғонистон.

Мақомҳои афғон мегӯянд, ҳамкории давлатҳои минтақа барои омадани сулҳ муҳим аст.

Ноҷия Анварӣ, сухангӯи вазорати давлат дар умури сулҳ гуфт, "Афғонистон ва мардуми ин кишвар ҳамкории содиқонаи ҳамсоягон ва кишварҳои минтақа дар сулҳро муассир ва муҳим мехонанд ва тавофуқ дорад, онҳо дар ин роҳ ба давлат ва мардуми Афғонистон ҳамкорӣ кунанд. Зеро як Афғонистони босубот барои субот ва рифози минтақа муҳим аст."

Ҳанӯз маълум нест, ки нишасти рӯзи душанбе ба чӣ натиҷа мерасад. Мақомоти Тоҷикистон ҳанӯз нагуфтаанд, ки дар ин вохӯрӣ Душанберо кӣ намояндагӣ мекунад. Ҳукумати Тоҷикистон борҳо эълон кардааст, ки ҷонибдори ҳалли масъалаи Афғонистон аз роҳи гуфтугӯ аст.

Раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон моҳи феврали соли гузашта баъди оғози талошҳо барои гуфтугӯ бо Толибон гуфта буд, "Тоҷикистон талошҳои давлати Афғонистон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ барои музокироти сулҳро дастгирӣ мекунад."

Охири моҳи феврал ИМА ва Толибон созиши таърихии хатми ҷанг дар Афғонистонро имзо карданд. Ин таъхир берун шудани нирӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон ва иҷрои тааҳҳудот аз ҷониби Толибонро тақозо мекунад. Дар паи ин қарор аст музокироти миёни ҳукумати Кобул ва Толибон шурӯъ шавад.

Аммо то ҳол замони дақиқи оғози гуфтугуҳои байнулафғонӣ маълум нест. Мақомҳои афғон гуфтанд, ки ин гуфтугуҳо дар Давҳа -- пойтахти Қатар оғоз хоҳад шуд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!