Ба дасти Радиои Озодӣ рӯйхатте расид, ки бино бар он дар ду моҳи ахир 24 корманди соҳаи тиб дар вилояти Хатлон фавтидаанд. Дар санадҳои расмӣ иллати марги онҳо "илтиҳоби шуш" дарҷ шудааст. Мақомоти Раёсати тандурустии вилояти Хатлон тасдиқ карданд, ки омор дуруст аст.
Илёсиддин Саидов, муовини сардори Ситоди муқобила бо коронавируси нав дар Хатлон, 3-юми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, ин кормандони соҳаи тиб дар бештар аз ду моҳи ахир дар шифохонаҳои вилоят ба муолиҷа ва нигоҳубини беморон машғул буданд.
Наздикони бархе аз пизишкони фавтида гуфтанд, онҳо бештар гирифторони коронавируси навро табобат мекарданд ва зоҳиран бемории ҳамагир сироят кардааст.
Саидов мегӯяд, "дар маҷмуъ, 358 корманди соҳаи тиб дар вилояти Хатлон ба илтиҳоби шуш гирифтор шуданд." Аз ин шумора 162 нафар пизишк, 152 нафар ҳамшираи шафқат ва боқимонда кормандони техникии соҳаи тиб будаанд.
Мақомоти Раёсати тандурустӣ ва ҳукумати Хатлон мегӯянд, ба оилаҳои пизишкони фавтида ёрӣ мерасонанд, аммо наздикони бархе аз ҷонбохтагон гуфтанд, "ин ёриҳо бештар аз хӯрокворӣ иборат аст ва ба ҳадде нест, ки бояд ситоиш кунӣ. Муҳим саломатӣ ва будани онҳо буд, вале ҳангоми табобати гирифторони коронавирус фавтиданд."
Бархе аз пизишкон мегӯянд, дар рӯзҳои аввал онҳо дар бораи вуҷуди бемории ҳамагир чизе намедонистанд ва аксаран беморонро бе либосҳои муҳофизатӣ муоинаву муолиҷа мекарданд.
Акрам Шералиев, мутахассиси бемориҳои сироятӣ дар шифохонаи вилоятии ба номи Бӯри Воҳидови шаҳри Бохтар гуфт, ҳарчанд ҳоло либосу ниқобҳои махсус доранд, ҳанӯз хатари сирояти беморӣ таҳдид мекунад.
"Агарчӣ шароит хуб аст ва васоили тиббӣ ҳаст, ҳанӯз зери хатар ҳастем. Эҳтимоли сирояти беморӣ ҳамоно боқист. Мо бештар дар миёни беморон ҳастем ва маҷбурем кор кунем", -- афзуд ӯ.
Ба иттилои расмӣ, ҳоло дар Хатлон 44 гирифтори COVID-19 будааст. Масъулони соҳаи тандурустии вилоят мегӯянд, аз оғози эътирофи мавҷудияти коронавируси нав расман 337 нафар ба бемории ҳамагир гирифтор шуда, 10 нафар ҷони худро аз даст доданд. Омори ғайрирасмӣ ва навиштаи сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи марги пайвандонашон аз ин беморӣ ба маротиб зиёд аст.
Дар ин муддат, ба иттилои расмӣ, беш аз 190 сокини вилоят аз бемории илтиҳоби шуш фавтидаанд.
Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, рӯзи 3-юми июл шумори умумии гирифторони коронавируси нав дар ҷумҳурӣ ба 6108 нафар расид. Аз ин ҳисоб 4762 нафар ё тақрибан 78 дар сад шифо ёфтаанд.
Ба иттилои расмӣ, аз охири моҳи апрел, замони эътирофи мавҷудияти коронавируси нав дар Тоҷикистон, то ин дам 52 кас ҷон бохтаанд. Дар тақрибан ду ҳафтаи ахир фавти беморони COVID-19 сабт нашудааст. Дар феҳрасти ғайрирасмӣ то нимаи дувуми моҳ июн номи беш аз 430 қурбонии эҳтимолии коронавируси нав ва илтиҳоби шушро тартиб додаанд, вале дар бештар аз ду ҳафтаи ахир дар ин рӯйхат низ иттилое ворид нашудааст.
Дар ҳоле ки Тоҷикистон аз кам шудани омори беморон хабар медиҳад ва маҳдудиятҳоро бардоштааст, Узбекистону Қазоқистон маҳдудиятҳоро барои пешгирӣ аз густариши бемории ҳамагир дубора сахттар мекунанд.