То интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон панҷ моҳи дигар мондааст, аммо на ягон ҳизб ва на шахсони алоҳида расман барои иштирок дар корзори сиёсӣ ибрози омодагӣ накардаанд. Маълум нест, пайомадҳои пандемияи коронавирус ба ин маъракаи сиёсӣ ҳам таъсире хоҳад дошт, ё не, вале даҳҳо нафар дар зери матлабе дар сомонаи Радиои Озодӣ ҳолу ҳавои пеш аз интихоботро ба баҳс кашидаанд ва номзадҳои эҳтимолиро ҳам гуфтаанд.
Аз шарҳи Носир оғоз мекунем, ки бовар дорад, натиҷаи интихоботи имсола на аз коронавирусу нақшаи ҳукумат, балки "аз аҳволи сиёсии Афғонистон" вобаста хоҳад буд.
Вай навиштааст: "Барои давлатҳои таъсиргузор ба минтақа ҳаётан муҳим аст, ки Тоҷикистон осоишта бошад, новобаста аз вазъи аҳолии мазлумаш. Тағйироти ҷиддиро интизор набошем."
Ба қавли хонандаи дигаре, ки номашро нагуфтааст, "интихоботи Тоҷикистон аз худаш ва аз аҳолияш вобастагӣ надорад, инро Кремл ҳал хоҳад кард."
Корбаре дар шарҳҳо рӯйхатти 13 номзади эҳтимолиро дар интихоботи ояндаи президентӣ навиштааст, ки аз Озода Раҳмон, духтари раисиҷумҳур то Раҳматилло Зоиров, раҳбари ҳизби сотсиал-демократро дар бар мегирад.
Барномаи моро дар Ютюб бинед:
Саид ҳам менависад, "қариб синни навад дар сади аъзои ҳукумат аз 55 ё 58 боло аст. Чӣ, магар ҷавонон одам нестанд, то давлатро пеш баранд? Муҳтарам, ҳукуматдорон, ба худ оед."
Хонандаи дигар президенти ояндаро чунин тасвир кардааст: "Бояд шахси то 45-сола бошад. Забондону иқтисоддон ва нотарс, аз кадом вилояте набошад, фарқ надорад. Биёяд ва ислоҳоти иқтисодиву сиёсӣ гузаронад."
Дар миёни шарҳнависон ҷонибдорони дар қудрат мондани раҳбари ҳозираи Тоҷикистон ҳам кам нестанд. Яке аз онҳо гуфтааст, "Тоҷикистон номзаде ҷуз Эмомалӣ Раҳмон надорад. Бе гузаронидани интихобот, хароҷоти зиёдатӣ ва нофаҳмиҳои дигар, ки баъдан сар мезананд, беҳтар аст, муҳлати ҳукмрониаш ҳафт соли дигар дароз шавад."
Хонандае бо номи “Интихобшуда” бо ишора ба интихоботҳои гузаштаи Тоҷикистон, ки созмону кишварҳои ғарбӣ ҳеч вақт шаффофу демократӣ эътироф накардаанд, гуфтааст, "ин интихобот нест, мисли дафъаҳои пеш як намоишнома барои хок пошидан ба чашми ҷомеаи ҷаҳонист."
Корбари “Беном” мегӯяд, “барои эҳтиром ба пояҳои демократӣ ва мардумсолор гардидани давлату ҳукумати Тоҷикистон аввал мардуми шарафманди мо бояд миллат шаванд ва аз баҳри амбитсияҳои маҳал бароянд.”
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
“Беном”-и дигаре бовар дорад, ки Тоҷикистон ба сӯйи ҷомеаи боз ҳаракат дорад, вале "камаш 50 соли дигар лозим аст, ки ин гуна ҷомеаро сазовор шавем.” “Номдор” ин баҳсро бо ин ҷумла ба поён расондааст: “Ин сафсатаҳоро аз саратон дур кунед. Сингапур дар байни 20 сол аз як минтақаи шоликор ба сафи кишварҳои пешрафта дохил шуд.”
Баҳсу назарҳо зиёданд, вале фурсати барнома кам. Агар мехоҳед, шарҳи бештарро бихонед ё назари худро нависед, ба саҳифаи Радиои Озодӣ равед. Ё агар хабару видеои ҷолиб доред, ба мо фиристед. Вотсапу Вайбер ва Телеграму ИМО дорем. То барномаи дигар, Худо нигаҳдор!