Баҳси интихоботи ояндаи Тоҷикистон дар "Озодӣ Онлайн"
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
То интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон панҷ моҳи дигар мондааст, аммо на ягон ҳизб ва на шахсони алоҳида расман барои иштирок дар корзори сиёсӣ ибрози омодагӣ накардаанд. Маълум нест, пайомадҳои пандемияи коронавирус ба ин маъракаи сиёсӣ ҳам таъсире хоҳад дошт, ё не, вале даҳҳо нафар дар зери матлабе дар сомонаи Радиои Озодӣ ҳолу ҳавои пеш аз интихоботро ба баҳс кашидаанд ва номзадҳои эҳтимолиро ҳам гуфтаанд.