Русия қонуни нави тақдими шаҳрвандиашро ба хориҷиҳо тасдиқ кард. Мувофиқи он муҳлати баррасии ариза барои қабули шаҳрвандии Русия аз шаш моҳи пешина то ба се моҳ кӯтоҳ карда шуд. Ҳамчунин, минбаъд аз онҳое, ки шаҳрванди ин кишвар шуданӣ ҳастанд, маълумотнома дар бораи даромад ва ё гузоштани амонат дар бонк талаб карда намешавад.
Эълони сабукӣ бархе аз сокинони Тоҷикистонро ба дарёфти шиносномаи Русия умедвор кардааст. Онҳо мегӯянд, шаҳрвандии Русия имкон медиҳад, ки натанҳо аз ҷиҳати ҳуқуқӣ дар он кишвар эмин бошанд, балки аз имтиёзҳову ёриҳои ҳукумат баҳравар гарданд. Аммо коршиносон аз он нигаронанд, ки сабукиҳои навбатӣ мавҷи дигари мутахассисонро ба Русия хоҳад кӯчонд.
Дар бораи содда кардани тақдими шаҳрвандии Русия ба хориҷиён амри раисиҷумҳури он кишвар Владимир Путин содир шуд ва матни онро 27-уми июн дар пойгоҳи иттилооти ҳуқуқии ҳукумати Русия гузоштанд. Амр баъд аз 90 рӯз ба иҷро медарояд.
Бар асоси он шаҳрвандони Шӯравии собиқ ва ё кишварҳои пасошӯравӣ минбаъд барои гирифтани шаҳрвандии Русия 5 сол мунтазир намешаванд, тавре ки қонун то ба ҳол талаб мекард. Аммо муҳлати тақдими шаҳрвандӣ ба онҳое, ки дар донишҳгоҳҳои Русия хондаанд, бо шаҳрванди Русия издивоҷ кардаанд ва ё ҳеч пайванде бо Русия надоранд, фарқ мекунад.
Раисиҷумҳури Русия дар ҳоле амри содда кардани тақдими шаҳрвандии кишварашро содир кард, ки барои ислоҳи Конститутсия райъпурсӣ баргузор хоҳад шуд.
Бар замми ин Русия бо ҷалби шаҳрвандони нав мехоҳад, шумори аҳолиашро афзоиш диҳад ва худро аз он чи ки "чоҳи демографӣ" гуфта мешавад, берун кашад. Русия аз нигоҳи ҳудуд калонтарин кишвари дунёст, вале ҳамагӣ 140 миллион аҳолӣ дорад, ки аз назари амниятӣ барояш хавфнок аст.
Ҳамчунон бо пазруфтани шаҳрвандони нав Русия талош дорад камбуди нерӯи кории арзонро ҳал кунад ва иқтисодашро рушд диҳад. Ҳоло Русия дар рӯ ба рӯи рукуди иқтисод ва афзоиши бекорӣ қарор дорад.
Қисме аз шаҳрвандони Русия аз ҷалби бештари хориҷиён хушнуд нестанд, чун омадани нерӯи кори изофӣ рақобатро дар бозори кор бештар мекунад ва онҳо бар инанд, ки шаҳрвандони нав метавонанд ҷойи кори онҳоро бигиранд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Имсол пешбинӣ мешавад, ки иқтисоди Русия бо рукуди 6 дарсади зери сифр дучор мешавад. Ҳукумати Русия иддао дорад, ки аз соли оянда иқтисодашро ба ҳолати рушд бармегардонад.
Аҳлиддин Бобоев, унвонҷӯ ва пажӯҳишгари риштаи демография, 29-уми июн гуфт, Русия дар баробари ҷалби нерӯи кории арзон ва камтахассус аз кишварҳои пасошӯравӣ, аз ҷумла Тоҷикистон мутахассионро низ мебарад.
"Осон додани шаҳрвандии Русия раванди “фирори мағзҳо”-ро аз Тоҷикистон метезонад. Борҳо шоҳид будем, ки чӣ гуна мардум паси дари идораи муҳорҷирати Русия дар Душанбе навбат мепоянд, то ки шомили барномаи “Переселение” шаванд. Тавре мушоҳида кардем, аксарияти ин нафарон одамони таҳсилкарда, духтур, омӯзгорон ва муҳандисони сохтмон ҳастанд", -- гуфт ӯ.
Бобоев афзуд, омода кардани як мутахассис харҷи ҳангуфте дорад ва Русия ҳоло ин мутахассисонро муфт мегирад ва Тоҷикистон аз ин сармояи инсонӣ маҳрум мешавад: "Дар ин шароит Тоҷикистон бояд талош варзад, барои мутахассисон шароити беҳтаре фароҳам оварад, то пеши роҳи “фирори мағҳо”-ро бигирад."
Бино ба нуфусшумории соли 2010 дар Русия 250 ҳазор тоҷикистонӣ шаҳрвандии ин кишварро пазируфтаанд. Дар даҳсолаи охир ин раванд ба шиддат авҷ гирифт ва танҳо соли 2020 беш аз 44 ҳазор нафар тоҷикистонӣ шаҳрванди ин кишвар шуданд.
Миёни Тоҷикистону Русия аз соли 1995 ба ин сӯ шартномаи шаҳрвандии дутарафа вуҷуд дорад. Соли 2017 дар Тоҷикистон ба қонун “Дар бораи хидмати давлатӣ” ислоҳ ворид карда шуд, ки мувофиқи он афроди соҳиби душаҳрвандӣ наметавонанд дар мақомҳои хидмати давлатӣ кор кунанд. Пештар шахсони соҳиби душаҳрвандӣ наметавонистанд дар ниҳодҳои амниятӣ ва мақомоти дигари ҳифзи ҳуқуқ кор кунанд.