Раҷаби Мирзо,
рӯзноманигор ва таҳлилгар
Бознашр аз веблоги "Рӯзи нав"
Фазои сиёсии Тоҷикистон дар назари аввал интихоботӣ наменамояд. Оре, рақобати байни ҳам ва муаррифии барномаву шахсияту аҳзоби сиёсиро, ки хос ба як соли сиёсӣ аст, эҳсос намекунем.
Танҳо Саидҷаъфар Усмонзода, раиси Ҳизби демократ буд, ки пеш аз интихоботи парлумонӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ хеле фаъол гардид. Вале пас аз ин маърака ва вакил шуданаш, ӯ ҳам хомӯширо беҳтар донист. Инро мешавад то ҷое ба вазъи саломатии демократи №1 нисбат дод, ки гирифтори бемории коронавирус гардид. Ҳарчанд дар он давра ҳам чанд изҳори назарҳои пурихтилоф намуд, аз ҷумла вақте гуфт, дар бӯҳрони коронавирус “ҳолати низомӣ” эълон шавад. Ин гуна андешаро дар сатҳҳои гуногун ҳархела баҳо доданд ва ахиран маҷбур шуд дар саҳифаи худ нависад, ки ӯро нодуруст фаҳмидаанд.
Дар ҳамон давраи интихоботи парлумонӣ Усмонзода эълон кард, ки дар интихоботи президентӣ ҳатман ширкат меварзанд ва номзадашон ҳам як шахсияти таъсиргузор хоҳад буд. Аммо нахост, ки шахсияти номзадро муаррифӣ намояд.
Иддаоҳое, ки раиси ҲДТ дар он замон дошт, хеле ҷиддӣ буданд ва баъзан онҳоро умуман ҷиддӣ ҳисоб намекарданд. Масалан, вақте гуфт, ки ҳизбашон имкон дорад то 30 миллион ҷои кор фароҳам орад ва онро аз ҳисоби ташкили харитаи конҳои фоиданок ва корхонаҳои Тоҷикистон мешавад таъмин кард.
Вақте аз ӯ суол кардем, ки бо ин ҳама иқтидоре, ки даъво доред, чаро фаъолияти бештару ҷиддитарро роҳандозӣ намекунед, посухи аҷиб ва фикрзо дод: баъзе аз сохторҳои ҳукумат бештар аз як оппозитсияи сиёсӣ кор мекунанд!
Аз ҷумла, мавзӯи баланд бардоштани нархи интернет ва баҳси шиносномаро овард, ки ба гуфтаи ӯ Хадамоти алоқаи Тоҷикистонро бештар аз як ҳизби мухолифи ҳукумат муаррифӣ намуд.
“Мо ин мавзӯъҳоро баррасӣ кардем, масъала гузоштем ва ҳукумат дар шахси Президенти Тоҷикистон моро шунид – ку! Аммо чаро баъзе вазорату идораҳои масъул ин корро накарданд? Пас то куҷо гуфтан мумкин аст, ки онҳо ба ҳукумат хизмати хирсона намекунанд?” - гуфта буд зимни сӯҳбат бо инҷониб.
Аз Абдуҳалим Ғаффоров – раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон низ дар замони интихоботи парлумонӣ пурсидем, ки дар интихоботи президентӣ иштирок мекунанд ва агар ҳа, мисли маъракаҳои сиёсии солҳои 2006 ва 2013 номзадашон боз ҳам худи ӯ хоҳад буд?
Посух дод, ки ҳоло ду вариантро фикр доранд ва интихоби дуюм номзади дигарест. Вале он номзад кист, саволи беҷавоб буд.
Воқеан, ин ҳизбро дар замони худ шахсияти пуртаъсир Сафаралӣ Кенҷаев ташкил намуд, ки дертар кушта шуд. Аз соли 2004 онҳо ба ихтилофоти дохилӣ рӯ ба рӯ гардиданд. Ҷиноҳи дигари ин ҳизб, ки Мирҳусейн Назриев аз он намояндагӣ мекунаду худро аз вафодорони Кенҷаев муаррифӣ мекунад, ҳамоно дар сӯҳбатҳои матбуотиаш ва нишастҳо ҷиноҳи Ғаффорзодаро “ҳукуматӣ” ва худро “ғайриҳукуматӣ” меномад.
Раиси расман эътирофшудаи ҲСТ низ дар сӯҳбатҳои пеш аз интихоботии худ мегуфт, ки барномаи онҳо аз ҳизби ҳоким фарқи чандоне надорад. Бар илова, иқрор аст, ки танҳо дар минтақаҳои ҷудогона, аз ҷумла вилояти Суғд ва то ҷое дар Хатлон ҷонибдор дошта, “медонем, ки дар минтақаи Рашт, ВМКБ талош кардани мо таъсирнок нест”.
Як қартаи аслиии ҲСТ инро медонанд, ки дар ду иҷлосияи аввалини даъвати ахири Маҷлиси намояндагон то интихоби спикери нав маҳз Ғаффоров ба сифати вакили кӯҳансолтарин (дар иҷлосияи аввалини даъвати нав ин масъулиятро мебоист раиси коммунистҳо ба зимма мегирифт, аммо номаълум чаро сарфи назар шуд) кори иҷлосияро пеш бурд.
Раиси ҲСТ бо ин ифтихор мекунад, ки ду маротиба то интихоби спикер маҳз ӯ кори иҷлосияро пеш бурдааст
Раиси Ҳизби аграрии Тоҷикистон (ҲАТ) Рустам Латифзода - ҳизбе, ки танҳо соли 2005 ба майдони сиёсӣ омада бошад ҳам, якбора ба парлумон роҳ ёфту ҳатто дар ду даъвати Маҷлиси намояндагон соҳиби фраксия гардид, ҳамеша мавриди баҳсҳост. Вақте аз ӯ пурсидам, ки ҳизби онҳоро дар расонаву суханрониҳо “ҳизби кисагӣ” меноманд, ҷавоб дод, ки “ин як масъалаи нозук аст”. Ба саволи мо дар бораи иштирокашон дар интихоботи пешорӯи президентӣ гуфт, ки чунин тасмим доранд ва ҳатман бо барномаи хоси худ иштирок мекунанд.
"Мо ҳамоно давлати аграрием, агарчӣ кӯшишҳои бунёди давлати саноатӣ – аграриро дорем. 60 дарсади аҳолии қобилияти меҳнат дар деҳот зиндагӣ мекунанд ва ба соҳа алоқамандӣ доранд. Биниши мо дар бораи зиндагиву фаъолиятҳо дар деҳот комилан фарқкунанда аст. Дар маҷмӯъ, мо мехоҳем рушди соҳаи кишоварзӣ ва деҳот дар сиёсати давлатӣ авлавият дошта бошад. Ин паёми бисёр муҳим хоҳад буд дар маъракаву рақобатҳои сиёсӣ", - гуфта буд ӯ.
Ҳарчанд аз шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла Фейсбук истифода мебарад, ҳоло чандон фаъол нест. Дар ҳамин ҳол, шикояти Латифзода аз он буд, ки фаъолияти парлумонии онҳоро расонаҳо дуруст инъикос намекунанд. Ин ҳизб нашрияе бо номи “Меҳргон” дорад, аммо на ҳамеша нашр мешавад. Ҳоло номаълум, ки дар интихоботи пешорӯ “паёми бисёр муҳими” худро бо чӣ роҳе ба интихобкунанда хоҳанд расонд...
Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ ҳам баробари ҲАТ ба фаъолият сар кард. Ин дафъа дар интихоботи парлумонӣ соҳиби фраксияи ҳизбӣ ҳам гаштанд. Дар сафи онҳо бештар олимони бахши иқтисод ҷо доранд. Олим Бобоев, ки раиси аввалини ҳизбашон буд, вақтҳои охир сӯҳбатҳои ба истилоҳ сахт бо журналистон мекард, дар анҷумани ахир истеъфо дод. Рустам Қудратов, ки ба раисии ҳизб расид, зимни сӯҳбат бо мо худро ҳизби оппозитсионӣ муаррифӣ намуд.
Далелаш ин буд, ки “ҳадафи ҳар як ҳизб, аз нигоҳи назариявӣ, ба сари қудрат омадан аст. Аз ҷумла мо ҳам чунин мақсад дорем. Барои ҳамин барномаву платформаи худро дорем ва биниши мо аз ҳизби ҳоким комилан фарқ мекунад. Амалишавии ин барномаҳоро низ. Яъне мо худро ҳизби оппозитсионӣ меҳисобем”.
Дар ҳамин ҳол, дар маҳфилҳои сиёсии Тоҷикистон танҳо аз Ҳизби сотсиал – демократ ва роҳбари он Раҳматилло Зойиров ба гунаи як ҳизби воқеии мухолиф ном мебаранд. Ҳизбе, ки гуфтан мумкин нест, ки дар кишвар аз он шинохти зарурӣ доранд. Нашрия ҳам надоранд, аммо дар шабакаҳои иҷтимоӣ хеле фаъоланд. Дар ҳар маъракаи сиёсӣ мегӯянд фишор болои раису аъзояшон зиёд мешавад. Ҳамин чанд рӯз пеш ҳам дар ин бора сухан кушоданд.
Дар интихоботи парлумонии гузашта мавзӯи воридшавии Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиёро дар авлавият қарор дод ва омори расмиро дар бораи муҳоҷирони меҳнатӣ дар Русия ба шубҳа бурд. Гуфт, тибқи маълумоти онҳо дар ин кишвар ҳудуди 2. 3 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон қарор доранд. Аммо Комиссияи марказии интихобот гуфт, ки ба ҲСДТ ҳатто як фоиз ҳам раъй дода нашудааст. Дар интихоботи соли 2013 Зойиров аз мубтакирони “номзади ягона” -и мухолифон буд, ки баъдан боис ба ихтилоф дар байни худи онҳо гашт. Дар интихоботи пешорӯ ҲСДТ чӣ иқдомотро дар назар дорад ва номзади онҳо кӣ хоҳад буд, ҳоло маълум нест.
Дар бораи коммунистҳо мешавад кӯтоҳ гуфт. Акнун онҳо шинохте ҳатто дар сатҳи давраи роҳбарии Шодӣ Шабдолов ва Исмоил Талбаков ҳам надоранд. Воқеан, дар интихоботи президентии соли 2013 маҳз Талбаков бо мусоҳибаву сӯҳбатҳои то ҷое ҷасурона ва хотирмонаш онро ба як номзади аз дигарон фарқкунанда табдил дод. Роҳбарияти нав шояд ин “хато”-ро такрор карданӣ нестанд. Масалан, аз раиси ҳизбе, ки тибқи қонун бояд иҷлосияи аввалинро ҳамчун вакили кӯҳансолтарин оғоз мекарду ин ҳақ ба ӯ дода нашуд, чӣ метавон интизор дошт?
Гуфтем, ки бо ин вуҷуд, фазои сиёсии Тоҷикистонро намешавад ғайриинтихоботӣ номид. Чиро дар назар дорем?
Манзури мо фазои шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳои ҳукумативу ба истилоҳ мустақил аст, ки дар онҳо маъракаи “сиёҳнамоӣ”-и шахсиятҳои ҷудогона дар авҷ аст. Агар ин равандро дар як ҷумла ҷамъбаст намоем, ин хоҳад буд: Тоҷикистон номзаде ҷуз Эмомалӣ Раҳмон надорад!
Ҳарчанд давраи пас аз COVID – 19 махсусиятҳо дорад. Хеле аз ҳукуматҳо, аз ҷумла “дарозумр” -ро ҷиддан ба фикр бурд. Аммо мубаллиғони ҳукумат дар мо сахт мутмаинанд, ки дар давраи бӯҳрон ҳам Қасри Миллат ягон иштибоҳ надошт.
Аз ин ҷост, ки Эмомалӣ Раҳмон силсилаи сафарҳои худро пеш аз сафари Маскав ба вилояти Хатлон сар кард. Пас аз омаданаш ӯро дар вилояти Суғд интизоранд. Аллакай, тибқи хабарҳои расида кӯчаҳои Хуҷандро барои чанд соат баста, онҳоро рангубор доранд. Дертар бошад, интизор меравад Раҳмон ба Бадахшон сафар кунад.
Ягона муаммои интихоботи пешорӯ ин аст: кадоме аз онҳо номзад мешаванд?
Яъне ҳама тибқи қоидаҳои маъмул дар интихоботҳои гузашта. Ҳарчанд фарзияҳое ҳам ҷо дошт, ки дар интихоботи пешорӯ номзадии Рустами Эмомалӣ пешниҳод гардад. Мисле, ки бӯҳрони коронавирус ин имконро аз байн бурд. Ё шояд пешгӯии дигар, ки мегуфтанд Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи навбатӣ ҳам ғолиб меояду пас аз ҷашни 30 – солагии Истиқлолият истеъфо медиҳад ва иҷрокунандаи вазифаи президент ба таври қонунӣ ба зиммаи Рустами Эмомалӣ афтода, пас аз 3 моҳ дар интихоботи ғайринавбатӣ пирӯз мешавад, мавриди амал қарор мегирад?
Номаълум. Яъне номзади ҳукумат ҳам мешавад гуфт комилан рӯшан нест. “Мистер Х”.
Ин хуб аст, ё бад?
Намедонам...
Аз Идора. Матолибе, ки дар ин гӯша ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.