Додситонии ҳарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба таҳқиқи марги як марзбони ҷавон дар ноҳияи Мурғоб оғоз кард. Ба иттилои манобеи тафтишотӣ, Нозимҷон Гулиеви 20-сола ҳангоми хидмат дар қисми низомӣ аз тири силоҳ ҷон бохтааст.
Наздиконаш мегӯянд, то кунун ду фарзияи мақомотро дар бораи марги Гулиев шуниданд: Якум, ҳангоми тоза кардани силоҳ тир ба ӯ задааст ва дувум, яке аз ҳамхидматон ӯро паррондааст.
Ба гуфтаи як намояндаи Додситонии ҳарбии ВМКБ, санҷиши ҳодиса аз рӯйи моддаи 387-и Кодекси ҷиноӣ (вайронкунии қоидаҳои муносибат бо яроқ ва бо предметҳое, ки барои атрофиён хавфи зиёд дорад) оғоз шуда, як шахси гумонбар дар ҳоли ҳозир дар ҳабс қарор дорад. Дар сурати собит шудани иттиҳом, ба вай аз 2 то 10 соли зиндон таҳдид мекунад.
Як манбаи дигар, ки аз ҷузъиёти парванда огоҳ аст, гуфт, ҳодиса 17-уми июн рух додааст. Ба қавли ӯ, "сержанти хурд Акмалҷон Тӯрабоев дар вақти навбатдорӣ ба ҳуҷраи нигоҳдории силоҳ рафта, аз дохили ҷевон туфангчаи сардори дидбонгоҳро мегирад. Ҳамон замон Нозимҷон Гулиев меояд ва тир дар тирдони туфангча буда, дар ҳолати ҷангӣ қарор доштааст. Аз беэҳтиётӣ тир холӣ мекунад, ки тир дар чашми чапи сарбоз Низомҷон Гулиев мезанад ва ӯ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад".
Ин ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ дар идома гуфт, ҳодиса на барқасдона, балки аз беэҳтиётӣ сар задааст.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Нозимҷон Гулиев, сокини деҳаи Берлаши ҷамоати Холматови ноҳияи Шаҳритус, тирамоҳи соли 2019 ба хидмат даъват шуда, дар қисми низомии 0412-и нерӯҳои марзбонии КДАМ дар Мурғоб хидмат мекард.
Фаррух Гулиев, бародари сарбози фавтида, рӯзи 23-юми июн дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, бародараш 5-уми октябри соли 2019 ихтиёрӣ ба хизмат рафта буд. Вай афзуд, пеш аз ҳодиса Нозимҷон бо модараш суҳбат доштааст, аммо хабари маргаш як рӯз пас ба онҳо расид. Ба қавли ӯ ҷасадро шоми 18-уми июн гирифта, рӯзи дигар ба хок супурданд.
"Гуфтанд, ки замони тоза кардани автомат худаш тир задааст. Баъд, ба Комиссариати ҳарбӣ рафтем. Дар он ҷо гуфтанд, ки сарбозҳо бо якдигар бо туфангча бозӣ карда, тир холӣ кардаанд. Ҳоло дар ин масъала ду фарзия ҳаст. Гуфтанд, хулосаи тиббиву додгоҳӣ мебарояд, ҳаминро интизорем. Ростӣ, намедонем, ки чӣ гузаштааст. Тир аз чашми чап даромада, аз пушт баромадааст", - нақл кард ӯ.
Назари ҷониби муттаҳам, Акмалҷон Тӯраев, дар робита ба ин ҳодиса ҳанӯз маълум нест, ки оё ӯ худро дар ин рӯйдод гунаҳкор медонад, ё на. Наздикони ӯ ҳам то кунун дар робита ба ин ҳодиса ибрози назар накардаанд.
Ин бори аввал нест, ки хабари ҳалокати як сарбоз дар қисми ҳарбӣ расонаӣ мешавад. Дар гузашта низ дар баъзе аз қисмҳои низомӣ тирпаронӣ боис ба марги сарбозону афсарон шуда буд. Аммо мақомот аксари ин ҳодисаро тасодуфӣ гуфтанд.