Дар ин барномаи Озодӣ Онлайн роҷеъ ба назари корбарон дар бораи тавсияи президент марбут ба захираи дусолаи хӯрок дар Тоҷикистон суҳбат мекунем. Ҳамчунин ду навори ҷолиб -- яке аз деҳае дар Вахш, ки дар селроҳа қарор дораду сокинонаш аз таҳдиди сел дар амон нестанд ва низ ихтирои дастгоҳи нав аз сӯи ду ҷавон аз Конибодом барои истеҳсоли хишти гилинро ба баррасӣ мегирем.
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 9-уми июн гуфт, ки "ҳар як оила бояд барои ду сол маводи хӯрока захира кунад". Гузориши Радиои Озодӣ дар ин бора дар вебсайт ва саҳифаи мо дар "Инстаграмм", баҳси зиёдеро ба бор овард. Тавсияи мазкур чанд суолеро дар зеҳни корбаре бо номи Ардашер ба вуҷуд овардааст, ки мепурсад, "аввал, ин ки маблағи хӯроквории дусола аз куҷо пайдо мешуда бошад? Дуюм, дусола маҳсулоти хӯроквориро дар куҷо захира кунем, дар балкон?
Корбаре бо номи "Бозтоб" гуфтааст, агар тавсия дуруст ҳам бошад, мардум ба ҳадде пул надорад, ки маҳсулоти дусола захира кунад. Ӯ навиштааст, "маблағи қисмати зиёди аҳолӣ барои 1 моҳ намерасад, пас чӣ гуна метавон барои 2 сол захира кард ва ё шояд ин сухан барои онҳое ҳаст, ки даромади хубе доранд. То давраи пеш аз вирус 30 дар сади аҳолӣ камбизоат буд ва шояд имрӯз ин рақам то ба 50%-60% расида бошад. Инҳо табақае ҳастанд, ки барои пагоҳ шояд нони хӯрдан надошта бошанд, пас чӣ гуна захира карда метавонанд?"
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Дар "Инстаграмм" ҳам суол дар бораи иҷрои тавсияҳои раиси ҷумҳур зиёд аст, ки аксаран мепурсанд, аз чӣ роҳе метавон маҳсулоти хӯроквории дусоларо захира кунанд. Муҳаёҷони Асал дар саҳифаи мо дар "Инстаграм" навиштааст: "Бо 500 сомонӣ, ки медиҳанд, дусола захира мегӯянд. Гӯё намедонанд, ки кӯдакони баъзеи онҳо умуман шакару гӯштро намебинанд. Инҳо захира мегӯянд".
Суоле, ки Рахманова2953 дар "Инстаграмм" гузоштааст, суоли мубраме аст, ки бисёриҳо мепурсанд. "Барои маводи хӯрока захира кардан пул лозим, барои пулро захира кардан, кор кардан лозим аст. Барои кор кардан, ҷои кор лозим. Ҷойи кор аз куҷо?"
Навори дигари фиристодаи корбарони Радиои Озодӣ, аз мушкили сокинони яке аз деҳаҳои ноҳияи Вахш нақл мекунад. Абдумалик Наимов, сокини ноҳияи Вахш дар ин навор дида мешавад, ки мехоҳад, санадҳои фарзандонашро аз дохили хонааш дар ҳудуди ҷамоати Рӯдакӣ бигирад, вале наздик буд, ғарқ шавад.
"Ҳамин селе, ки мебинед, ҳамин заминҳоро ҳукумати ноҳияи Вахш ба сокинони ноҳияи Вахш тақсим кардааст. Баъд аз онки мо дар инҷо хона кардем, сокинони қишлоқи боло омада гуфтанд, ки дар инҷо хона накунед, роҳи селгузар аст. Хулоса, Кумитаи замин, Кумитаи меъморӣ дидаву дониста сокинони ноҳияи Вахшро дар роҳи селгузар замини наздиҳавлигӣ тақсим карданд. Аз мобайни мардум аввалин нафар ман будам, ки хона сохтам. Як кулбае, ки аз борону бод худамро паноҳ кунам. Хулоса ,хонаро сохтам, рӯзи якуми апрел дар натиҷаи борони пай дар пай селро мебинед, ба даруни хонаи ман мегузарад. Бовар мекунед, ба андозаи як дарё аст. Аз якуми апрел то инҷониб ҳукумати ноҳияи Вахш барои ман хона шудааст, ҳар рӯз муроҷиат мекунам, муроҷиати маро касе қабул намекунад",-нақл мекунад Абдулмалик Наимов.
Дар навори дигаре, ки ба Радиои Озодӣ фиристода шуд, дида мешавад, ки Муқимҷону Алиҷон, сокинони маҳаллаи Сайҳуни Конибодом мошини истеҳсоли хишти гилинро сохтаанд. Муқимҷон, ки видеоро ба Радиои Озодӣ фиристод, гуфт, бо ин мошини истеҳсоли хишти гилин, ки нусхабардорӣ аз таҷҳизоти чинӣ аст, чаҳор нафар метавонанд, дар як рӯз аз 20000 то 30000 то хишти гилин тавлид кунанд.
Истифодаи мошин ҳам соддаву осон аст ва маҳсулот ҳам хок ва об. Муқимҷон гуфт, хишти гилине, ки мошини онҳо месозад, бисёр мустаҳкам аст ва ба осонӣ намешиканад. Айни замон бояд гуфт, ки мақомоти Кумитаи меъморӣ тавсия медиҳанд, ки хонаҳо бояд аз гил ва ё лой сохта нашавад, чун дар баробари заминаларза осебпазир ҳастанд.
Шумо ҳам метавонед ба ин баҳсҳо ҳамроҳ шавед, чӣ дар вебсайти озодӣ нуқта орг ва ё чӣ саҳифаи мо дар Инстаграмм.
Корбарони азиз!
Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!